arzon replenishment
Куштаи тири дуо (ҚИСМИ 1)
1092

Дар урфият мегӯянд, ки “модара бину духтараша гир”, вале холаи Моҳинав хонаву дарам ба хеши худам монад гӯён, духтари хоҳарашро келин кард, ҳарчанд медонист, ки хоҳараш зани хонақапу порсо нест.

Холаи Моҳинав пас аз марги нобаҳангоми шавҳараш ду писару чор духтарро танҳо ба воя расонида, ба зиндагии мустақил гусел кард. Келини аввалӣ духтари ҳамдеҳаашон буд. Самира духтараки хоксору меҳнатӣ ва покизарӯзгоре буду ба неку бади касе кор надошт. Аммо Шаҳло ба ин хона келин шуда омаду фазои тинҷу осудаи онро ноором сохт, аз чашмони бозингар ва бидиррос зада ба касе сухан надоданаш маълум буд, ки балокелин ба сари аҳли ин оила чӣ рӯзҳоеро меорад…

Шаҳло аз рӯзҳои аввали ба хонадони холааш чун келин қадам ниҳодан, додаршӯяшро бо зану фарзандонаш бад дида монд. Зеро ӯ дар муҳите ба воя расида буд, ки ҳамеша он ҷо ҷангу ҷанҷолу моҷаро буд. Модараш амакҳояшро душман эълон карда буду онҳоро ба хонаи падарияшон даромадан намемонд, ӯ низ «тартиб»-ро дар хонаи шавҳар аз ҳамин оғоз карданӣ буд.

Пас аз як моҳи тӯйи арӯсияш Шаҳло ба хонаи модараш рафт ва он ҷо худро бемор вонамуд карда, ба модараш гуфт:

- Оча, медонӣ, холаам ба ман хеле меҳрубон аст, вале ҳар гаҳе фарёдам мекунад, дар назарам мисли аҷузкампир менамояд. Ӯро бо тамоми аҳли оилааш бад мебинам, гумон мекунам, ки зани ҳеварам маро ҷоду мекунад.

Тӯтинисо, ки ба ҷодугарон ихлоси зиёде дошт, дарав аз пайи «даво»-и духтараш шуд ва тумору таштоби зиёде гирифта ба ӯ дод, то дар хонаи шавҳар истифода барад.

Пас аз чанде ӯ барои хабаргирии духтараш ба хонаи апааш рафт, ки он ҷо духтарони апааш низ омада буданд. Тӯтинисо ба ҷиянҳояш дар бораи ҷодугар будани зани додари калонияшон нақл кард, вале онҳо ғайричашмдошти хола пуштии янгаашонро гирифта, гуфтанд:

- Се сол боз Самира дар хонаи мо зиндагӣ мекунад ва мо кори бадашро надидаем ва ягон бор сири хонаамонро ҷое набаровардааст, ин тавр нагӯед хола!

Шаҳлою модараш аз вокуниши хоҳаршӯҳо ба хулосае омаданд, ки корро ба тарзи дигар ба роҳ монанд. Шаҳло аз он ки духтарони холааш пуштии Самираро гирифтаанд, ба онҳо хашм гирифт ва дар дил қасам хӯрд, ки ба онҳо кӣ буданашро нишон медиҳад. Модараш ба ҷои насиҳат намудани духтараш баръакс ӯро тарафдорӣ менамуд.

Бо гузашти солҳову моҳҳо хислатҳои дигари Шаҳло рӯи об баромаданд, ӯ даст ба ҷайби шавҳару ҳевараш бурда, дуздӣ мекард ва барои худаш молҳои гуногун харида, мегуфт, ки модарам харидааст. Аввалҳо ба ҷуз Самира касе дуздии Шаҳлоро пай намебурд, вале беҳуда нагуфтаанд, ки ҳақиқатро бо доман пӯшонида намешавад ва дуздии Шаҳло рӯзе рӯи об баромад, ки ӯ на каму на ғам, балки сесад доллари хушдоманашро аз сандуқ дуздид. Хушдоман ин даъфа зиёд оташин шуда, ҳарду келинашро ҷеғ зада гуфт:

- Медонам, ки пулҳоро яке аз шумоён гирифтааст, агар то бегоҳ онро ба ҷояш намонед, писаронамро мефармоям ҳар дуятонро талоқ медиҳанд.

Бечора Самира ҷойи нишастан намеёфт, вале ӯ бо ду чашмонаш дид, ки чӣ гуна Шаҳло пулро ба сандуқи хушдоманаш гузошт ва инро ба хушдоманаш гуфт.

Акнун холаи Моҳинав медонист, ки дуздаки хона кист, вале аз Самира хоҳиш кард, ки ин розро берун набарорад. Самира ба гапи хушдоман гӯш кард. Байни тоҷикон масалест, ки агар одам моли хонаи худро дуздад, дар он хона касофту наҳсӣ меояд ва ин наҳсият ба сари писарони холаи Моҳинав, ки ҷавонони меҳнатию кордон буданд, ба «шарофат»-и балокелин омад.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД