Formula novemver 2024
Кундош
1863

 

Дар зиндагӣ баъзан чунон ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки ба ақли кас рост намеояд. Дар ҳаёти ман ҳам коре шуд, ки аслан бовар карданаш душвор аст.

Одатан занҳо ҳамеша гӯш ба қимор меистанд, ки мабодо шавҳарашон маъшуқа наёбад ё зани дигар нагирад, вале ман ба шавҳарам аз худам бештар бовар доштам. Ягон бор ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки ҳамин мард метавонад ба ман хиёнат карда, ба зани дигар бо чашми харидорӣ нигоҳ кунад, чунки ману шавҳарам мисли Лайливу Маҷнун ба ҳамдигар ошиқи шайдо шуда, пас аз талошу муборизаҳои зиёд ба васли ҳам расида будем.

Азбаски шавҳарам мудом дар гирди ман парвона буд, мани сода боварии комил доштам, ки барои шавҳарам яккаву ягона ҳастам ва ӯ ҳаргиз маъшуқабозӣ карда, ба ман хиёнат намекунад, аммо баъди 18 соли зиндагии муштаракамон фаҳмидам, ки шавҳарам кайҳо дар болоям зани дигар гирифта, аз зани дуюмаш ду писар ҳам доштааст.

Шавҳари ошиқи зорам баъди 18 сол ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфт, ки чандин сол қабл котибаашро аз ман пинҳонӣ никоҳ карда гирифта буд ва солҳост, ки бо ин зан зиндагӣ дораду дар ин миён онҳо соҳиби ду писар ҳам шудаанд. Ба гуфти шавҳарам муносибаташ бо ин зан тасодуфан оғоз шудааст.

Котибааш ба вай гуфтааст, ки барои худаш кӯдакро таввалуд мекунад, аммо баъди тавлиди писарча гӯё виҷдони шавҳарам нагузоштааст, ки фарзандашро партояд. Ҳамсарам, ки ягон шаб аз хона гум намешуд, рӯзҳо бо зани дуюмаш айшу ишрат карда, бегоҳ гӯё ягон гап набошад, мисли мусичаи бегуноҳ бо вақти хуш ба хона бармегаштааст.

Вақте ин гапро шунидам, фишори хунам якбора баланд шуда, аз ҳуш рафтам. Хиёнати шавҳарам маро бе корд кушта, дигар ба худ омада наметавонистам. Аламам мекард, ки мани аҳмақ 18 соли умрамро ба ин мард бахшида, ӯро аз ҷонам бештар дӯст медошам ва танҳо дар фикри ӯ будам, вале вай ба ҳоли ман хандида, солҳои дароз бо зани дуюмаш кайфу сафо карда мегаштааст.

Азбаски мо 4 фарзанд дорем, хотири бачаҳоям наметавонам аз баҳри падарашон гузашта, талоқамро талаб кунам, вале дилам аз шавҳарам ях барин хунук шудааст.

Ба мардони мисли шавҳари ман бевафою хиёнаткор гуфтаниям, ки бародарони гиромӣ, илтимос, занатонро ҳаргиз фиреб накунед. Фаромӯш накунед, ки зан ҳам дил дорад ва вақте шавҳараш дар болояш зан мегирад, шишаи дилаш мешиканад.

Зиндагиро бо марди хиёнаткор идома диҳад ҳам, зани фиребхӯрда баъди фаҳмидани хиёнати ҳамсараш дигар ҳаргиз шавҳарашро бахшида наметавонад.

Оростамоҳ, сокини шаҳри Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД