Ҷошуа Кайзер, донишҷӯ аз иёлати Пенсилванияи ИМА, тавонист орзуи деринаашро амалӣ кунад: ӯ кулоҳе сохт, ки баландии он ба 5 метру 48 сантиметр мерасад!
Ин дастоварди ғайриодӣ расман ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуда, ҳамчун баландтарин кулоҳи ҷаҳон эътироф шудааст. Албатта, роҳ ба сӯи ин рекорд осон набуд. Кӯшиши аввалини ӯ бо истифода аз картон ва часпакҳо ноком шуд. Санҷиш бо сим, чӯбдаста ва ҳатто мурватҳо низ натиҷаи дилхоҳ надод. Танҳо баъди чанд соли таҷриба, ӯ тавонист бо истифода аз новадони сабуки обгузар, сатили партов ва матои сурх кулоҳе созад, ки ҳам зебо ва ҳам устувор бошад.
Қаблан низ хабар дода шуда буд, ки як навраси дигар аз ИМА - аз иёлати Дакотаи Ҷанубӣ бо мӯйҳои дарози беш аз 1,6 метр рекорд гузошта буд.