Сокини Ҳиндустон Раҷо Деви Лоҳан дар ҷавонӣ хушбахтии модариро эҳсос карда натавонист. Аммо таваллуд намудани кӯдак орзуи ҳамешагияш буд.
Ӯ баъди издивоҷ барои ҳомиладор шудан аз ҳама усулҳо истифода намуд, вале ҳамааш бенатиҷа анҷом меёфт. Баъдтар, вақте ки ҳамсарон дар бораи бордоркунии сунъӣ маълумот пайдо карданд, Раҷо ба онҳо муроҷиат намуда, фаҳмид, ки имкони таваллуди фарзандро дорад.
Зану шавҳар ба клиника рафтанд, то ин амалиётро гузаронанд. Дере нагузашта, Раҷои 70-сола духтарча таваллуд намуда, куҳансолтарин модар дар таърих шуд. Имрӯз духтарча, аллакай, 14-сола аст.