arzon replenishment
Кордзании ду авлод аз рӯйи талоқ
5461

Дар шаҳри Тюмен ҷанги ду авлод тамоми маҳҳалаи Гиригоровро нигарон намуд. Мӯсозода Расул, як шаҳрванди тоҷиктабори Русия ба хабарнигори сомонаи OIla.tj иттилоъ дод, ки ҷанги ду авлод ба амал омадааст.


Писарони Шарифбой ном марди ваҳдатӣ ду писари Акрамдовудро лату кӯб намуда, ба Русия фирор кардаанд. Сабаби моҷарои ду авлод талоқи Шоҳинаи 22- сола будааст. Писарони Акрамдовуд Маҷидов лату кӯби бародарашонро бе ҷавоб нагузошта, майдонталабона ба бародарони Шоҳина занг мезананд.


КОРДЗАНИИ МАКТАББАЧАҲО ДАР ШАҲРИ ХӮҶАНД


Ҳамин тавр моҷарои талоқ бо кордзанӣ дар байни ду авлод анҷом ёфта, дар натиҷа се тан аз авлоди Шарифбой Маҳкамов бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона афтидаанд. Табибон дар ҷисми зарардидагон захмҳои зиёди кордро пайдо намуда дар ин бора ба мақомот хабар додаанд. Намояндагони Маҳкамов иддао доранд, ки ин корро ҳамин хел намонда, қасди талоқи духтари 22-солаашонро аз собиқ домодашон Саидбек меситонанд. Ду авлод ҳатто баъди кордзанӣ ва хунрезӣ низ ором нагирифта, ба ҳамдигар таҳдид карда истодаанд, вале мо аминем, ки мақомот таноби ҳарду тарафро кашида, гунаҳкоронро ҷазои сазовор медиҳад.
Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД