Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия муноқишаи лафзии ду муҳоҷири меҳнатӣ бо фоҷиаи хунин анҷом ёфт. Тавре ки журналистони рус хабар медиҳанд, ду муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Миёна дар хонаи иҷоравиашон байни худ баҳсу мунозира намудаанд ва ин моҷарои лафзӣ бо кордкашӣ анҷом ёфта, боиси марги яке аз онҳо гаштааст.
Бино ба иттилои Риа-Новости ин ҳодисаи хунин дар кӯчаи Федченко миёни ду муҳоҷир, ки яке зодаи Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Узбекистон мебошад, ба вуқуъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни ин муноқиша муҳоҷири тоҷик муҳоҷири узбекро корд задааст.
ПАНҶ: НУР ОШИҚИ ДУХТАРАШРО ГОВКУШ КАРД
Ҷабрдидаро бо захмҳои хуншор фавран ба яке аз беморхонаҳои марказии шаҳри Санкт-Петербург бурда бошанд ҳам, табибони рус натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бубахшанд. Духтурони беморхонаи Петербург ба хабарнигорон гуфтаанд, ки муҳоҷири ӯзбек, ки аз захми корди муҳоҷири тоҷикистонӣ сахт маҷрӯҳ гардида буд, баъди ҷарроҳии дуюм вафот кард. Кормандони пулиси шаҳри Санкт- Петербург дар бадали ҳамагӣ як соат муҳоҷири тоҷикро, ки баъди бо корд захмӣ намудани муҳоҷири ӯзбек рӯ ба гурез ниҳода буд, дастгир намуданд. Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишот идома дорад.