Варзишгари тоҷик Мустафо Аҳмадов дар мусобиқаи гӯштини озод ва юнониву румӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гашт, комёбӣ ба даст оварда, бо сари баланд ба Ватан баргашт.
Мусобиқаи Oil Capital Cup дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гашта, ин варзишгари тоҷик дар риштаи гӯштини озод ва юнониву румӣ ҷойи дуюмро ба даст овардааст.
Мустафо Аҳмадов дар вазни 70 кг варзишгарони Арманистон ва Қазоқистонро шикаст додаву ба финал баромада, аммо дар даври финалӣ, ки ҳалкунанда маҳсуб меёфт, аз паҳлавони Озарбойҷон шикаст хўрдааст.
Ҳамин тавр, ин варзишгари тоҷик сазовори медали нуқра гашт.