Ҳикмати ҳаёт бо инъикоси воқеоти рӯзгори мардум тавъам аст ва маҳз ҳамин мардумӣ будану самимӣ навиштан осори эҷодкорро дар дилу дида ҷой медиҳад. Хосса барои эҷодкоре, ки хотири завқи худ қаламкашӣ мекунаду аз гузаштааш шарм намедорад.
Дар ин миён Зиёвиддини Нурзод, ки ҳамчун шоир, базлагӯ, таронанавис, ҳаҷвнигор, овозхон, рӯзноманигор, блогнавис, коргардон, ҳунарпеша, қиссагӯ ... (ва ин феҳрист метавонад тӯлонитар идома кунад) маъруф шудааст, ин навбат истеъдоди носирии худро пешниҳоди хонандаи хушзавқ намуд. Ин шаҳодати кони ҳунар будан асту ҳар ҳунараш андар дигар нуҳуфта.
Маҳз рӯзноманигор буданаш боис ба ҳунарварӣ шуд ва акнун ин ҳунарҳо ӯро амсоли инсони фарҳехтаву пӯё ҷилва медиҳад. Ин ки бештар аламӣ мехонаду мегирёнад, ҳунари нотакрор аст ва хилофи оне, ки бо қиссаҳояш механдонаду обро аз чашм берун мекунад, маҳорати дигар. Яъне, Зиёвиддин онест, ки ҳам ашк мебарораду ҳам ғунчаи хандаро гирди лаб мешукуфонад.
Фарди воқеънигор
Шоёни таъкид аст, ки инсон ҳангоми инъикос намудани олами объективӣ, на танҳо ангезаҳои айни замон таъсирбахшанда ё худ пеш даркшударо мефаҳмад, балки образҳои навро низ меофарад. Ў метавонад дар асоси тасвири дигар одамон тасаввури он ҷойеро кунад, ки хонанда пештар онро надида буд ва ё тасаввури симои пеш бо онҳо вонахўрдаро намояд.
Масалан, барои хонандаи тоҷик муҳити радио шояд ҷолиб бошад, чун ин маконро қисмати андаке аз онҳо дидаанд. Ва ё садои ровиёни булбуловои ин даргоҳро зиёд шунидаву симояшонро ҳеҷ куҷо вонахӯрдаанд, чун Ҷонибек Асрориён, Сафаргул Олимӣ, Абдувалӣ Сабурӣ, Фирӯз Каримзода, Сайфуллои Бозор, Матлуба Холова, Неъмати Муҳиб, Анзурат Назарзода, Сангиной Тиллозода ва коргардони радиои “Садои Душанбе” Зафари Абдурауф. Зиёвиддин бо маҳорати чеҳраороии худ намоди ин шахсиятҳоро барои хонанда бо тасвирҳои ҷолиби худ ошно сохт.
Маслан, бо овардани ҷумлаи “Неъмат, ки дар ҷойи кор аз заҳри забонаш касе эмин набуд хӯришҳоро назди мо гузошта лутф дошт, - Гиред, азизонам. Нӯши ҷонатон. Ин лаҳзаи гуворо дар ҳаёти мо ҳар руз нест. Зинда бод Матлуба ва акои туйдор! Ман бояд барои ин лаҳзаи ҷовидон бинушам - ва даҳони шишаеро боз намуду ба пиёлае арақ рехт ва онро ба сар кашид” дар матлаби “Тӯй дар ВДНХ” носир симои Неъмати Муҳибро чун нафари шӯх тасвир кардааст, ки воқеан ҷолиб аст.
Ё ӯ хашми Сафаргул Олимӣ, сардабири вақти ин шабакаи сартосариро дар матлаби “Кис-кис” чунон зебо офаридааст, ки хонанда бо мутолиаи ҳамагӣ чанд ҷумла қаҳри Олимиро тасаввур мекунад. ӯ навиштааст, “- Биё, биё бачаи хушовози марсияхонуме. И созмони миллал бебало намегардад. Бо ягон каса куштанд? Э, хок кашад ма ворӣ роҳбарае. Ин заводи Кис кисут кай ҳуй шуд? - Ленташа ту буридииииӣ? Ин чи тарзи ахборхонӣ? О ахбора ҳами хел мехонанд? Э манаҳта аз ҳафт ҷо бандаме...”
Дар ин пора муаллиф аз реалият истифода карда, ғазаби роҳбарро таббиӣ офарида, дар ин баробар авзои худро низ дар ҳамон лаҳза тасвир кардааст, ки ҷолиб аст: “Ростӣ, ҳайратзада, шафақи девор шуда будам. Намедонистам ӯ ба чӣ ишора мекунад... Олимӣ чашмони даври обашро аз ман намеканд. Хостам лаб во кунам, чунон ба сарам дод зад, ки заҳрадарид шудам”. Яъне, ин ҷо муаллиф лаҳзаи мутаҳаййир шудани худро низ пинҳон накардааст.
Мавқеи муносиби лаҳҷа
Тасвири малоика дар қиссаи “Оча, ҷи-ҷи” ҷолибтар аз ҳамаи инҳост, ки дар асоси боварҳои мардуми мо падид омадааст. Ин матлаб собити он аст, ки имрӯз чанде аз афроди бекор худро муллову табиб вонамуд карда, афроди муҳтоҷро бо фиреб ба доми худ ворид мекунад ва аз онҳо пул меситонад.
“Унҷа не. Унҷам дард намекунад. Дилам соз. Поёнтара бинед. Мана ҷигарам дард мекунад. Парии хира ба ҳарфаш эътиборе намедиҳад. Кор то ҳаде мерасад, ки мехоҳад пистони ӯро ба даҳон гирад. Дасту пойи зан меларзад. - Ё наузанбиллоҳ, и хелӣ парии бешарма нав дидаме. Сари номус нимхез мешавад: - Э дар падарат наълат ту вори парира. Ма як зани шавҳардор. Изо намекашӣ? Дар қиёми торикӣ садои нолишомези духтарчааш Сангинмоҳ ба гушаш мерасад: - Оча, ҷӣ- ҷӣ! - Э ҳафтат кунаме, ҷигарсӯхта. Дар тухмат алов куштима, талхакафам кардӣ. Ту будӣ? Э ҷӣҷит ай сарат монад. Бо мани сода хаёл кардам париҳо омаданд - ва ҷониби хонаи дарун дод мезанад”.
Дар ин пора зани деҳотии сода кӯдаки худро парӣ мепиндораду бо ӯ ҳарф мезанад ва ҷолиб аст, ки каломи зан бо лаҳҷа тасвир ёфтаву ҷозиб ва мутаассир аст. воқеан, ин маҳорати нигорандагист, ки эҷодкор ҳатто метавонад чизеро тасаввур намояд, ки дар ҳақиқат вуҷуд надорад, монанди ионе, ки мусиқашинос оҳанги нави меофаридаашро тасаввур мекунад.
Хаёл ва омол
Фикран тасаввур намудани он чизе, ки дар гузашта дарк нашуда буданд, офаридани образи ашёву ҳодисаҳое, ки акнун офарида мешаванд, ҳамаи ин шакли махсуси фаъолияти психикӣ – хаёлро ифода мекунад. Хаёл – ин офаридани чизи нав дар шакли образ, тасаввурот ва идея мебошад, ки сипас дар чизи моддӣ ё дар фаъолияти амалӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Одам пеш аз он ки чизеро офарад, аввал идеяи онро ва сипас роҳи сохтанашро тасаввур мекунад.
Хаёл то андозае мавҷудияти душвориҳоро дар ҳақиқат ифода мекунад. Одам баъзан чизеро меофарад, ки он дар ҳақиқат мавҷуд нест ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, манбаи хаёл ҳамеша дар реалияти объективӣ аст ва яке аз шаклҳои инъикоси ҳақиқат ба шумор меравад. Шаҳодати ин иддаоро мо дар чандин матолиби насрии Зиёвиддини Нурзода мебинем.
Зиёвиддин чун муҷрии радиову қаламфарсои матбуот бештар "Ёди рӯзгори ширин" мекунаду ёддошташро дар шакли асл тимсоли ҳаҷвия мунташир. Шеър ҳам мегӯяду тарона ҳам ва онҳоро дар қолабе мавзун ворид кардаву форам месарояд.
Маҳорати шоу-мен буданро низ дорад ва оне, ки дар сегменти тоҷикии ютюб ҳузури фаъол пайдо кардааст, шоистаи истиқбол аст, зеро имрӯз ин фазо ҳам сиёсатзадаву ҳам ҷангандоз ва ҳам зиёд аз доираи маънӣ берун рафтааст ва ҳузури афроде чун Зиёвиддини Нурзод, Орзу Исо онро гарм кардаву василаи мурури хелеҳл ба он мегардад, ки иқдоми хубест.
Муждаи нек
Ҳамин гуна, дар рӯзи матбуоти тоҷик китоби сеюми ин арбоби эҷоду ҳунар, ки моломоли хандаву омехтаи гиря ва дар маҷмӯъ, рӯзгори пасипардагии як ҳунарманд аст, бо унвони зебои “Миёни гиряву ханда” мунташир шуд. Ин асари насрӣ гувоҳи он аст, ки рӯзгори ҳар як ҳунарманд чун афроди одии мулкӣ мегузарад ва агар махсусиятҳое ҳам дорад, ҷузъӣ аст. дар ин шароит, ки қисмати ками ҳунарварзон рози пасипардагии худро ифшо месозанд ва ҷомеа ҳам ба зиндагии онҳо чун ашхоси ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ дорад, нашри чунин маҷмӯа сутуданист.