goodwell
Кирми ҳасад (ҚИСМИ 2)
53

Гуласал ҳамеша кӯшиш мекард, ки худро берашку бепарво нишон диҳад. Аммо дилашро сӯхтадард фаро мегирифт.

Бемеҳрии шавҳараш ӯро дилшикаста карда буд. Аммо баъди ҳомила шудан рӯҳафтодагиаш хеле рафт. Зани бародари шавҳараш акнун нақшаҳои нав мекашид бо хоҳараш, то зиндагии Рустаму Гуласал вайрон шавад.

Ҳавлии онҳо хеле калон буду назди дарё қарор дошт. Зани нотарс буд янгаи Рустам. Ӯ аз соҳили дарё мори безаҳреро пайдо карда ба хона оварду даруни банка андохт ва оҳиста онро шабе, ки Рустам набуд, дар хонаи арӯси нав таги курпаҳо гузошт.

Гуласал бехабар дар хоби ширин буд. Ногаҳон эҳсоси сардии ношиносе пилки чашмонашро ларзонд, гӯё порае аз ях ба рӯяш лағжид. Ӯ бо нимхобӣ чашм кушода, беихтиёр даст ба сӯйи рухсораҳояш бурд. Ангуштонаш ба чизи нарм, печон ва яхбастае расиданд, ки дар миёни мушташ печутоб мехӯрд.

​Дил дар синааш тапид сахт. Бо дастонаш телефони канори болинро гирифта, рӯшноиашро ба он самт равона кард. Нур пардаи зулматро шикуфт ва симои ваҳшатро аён сохт: мори дарози сиёҳу зинда дар бари роҳаш ҷунбиш дошт.

​На метавонист фарёд занад ва на метавонист биҷунбад. Ваҳшат вуҷудашро фаро гирифт ва ӯ дар ҷояш карахт гашта, фақат зери лаб гуфт: “Оё ин хоб аст?”.

Ваҳшату тарс чунон вуҷуди Гуласалро фаро гирифта буд, ки садояш дар гулӯяш гиреҳ хӯрд. Ӯ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш кард, ки ҷунбон нашавад. Кӯдаки батнаш гӯё ин тарси модарро ҳис карда, якбора ба ҷунбиш омад. Гуласал дар дил ашкрезон мегуфт: “Худоҷон, кӯдакамро ба ту супоридам”.

​Бо сад азоб оҳиста-оҳиста аз зери кӯрпа берун шуд ва аз хона парида баромад. Сардии шабона ва ҳавои тоза ӯро каме ба ҳуш овард. Ба хонаи хушдоманаш давид. Хушдоманаш холаи Соро ва хусураш амаки Сафар аз фарёду гиряи арӯс ҳаросон аз хоб хестанд.

- Чӣ шуд, духтарам? Ба ту чӣ шуд?,- гӯён, холаи Соро ӯро ба оғӯш гирифт.

- Холаҷон, дар таҳи кӯрпаам мор аст!,- ашкрезон гуфт Гуласал.

​Амаки Сафар ҷорӯбро гирифта, ҳамроҳи хамсараш ба хона даромад. Дар роҳ янгаи Рустам - Таҳмина низ худро хоболуд нишон диҳад ҳам, бо як табассуми пинҳонӣ аз паси онҳо меомад. Ӯ дар дил хурсандӣ мекард, ки арӯс аз тарс дилкаф шуда, кӯдакаш меафтад ва ин хонаро тарк мекунад.

​Амаки Сафар кӯрпаро кашид ва дид, ки мори сиёҳ оҳиста меҷунбад. Ӯ бо ҷорӯб морро берун кашида, ҳайрон шуда, гуфт:

- Ин мори безаҳр аст. Аммо дар ин фасли сол, дар дохили хона ин чӣ тавр пайдо шуд? Охир, дару тирезаҳо баста буданд-ку!

​Гуласал, ки аз асли воқеа ва банкаи зери кат тамоман бехабар буд (Таҳмина шаб оҳиста банкаро гирифта бурда пинҳон карда буд), танҳо ашк мерехт.

​Таҳмина зуд ба гап даромад:

- Оҳ, арӯсҷон, ин хона назди дарё аст-ку, шояд аз кадом шикофи тиреза даромада бошад. Субҳгоҳон тирезаҳо кушодагӣ ку.

​Холаи Соро ба Таҳмина нигоҳе карду гуфт:

- Бас кун, Таҳмина. Арӯс сахт тарсидагӣ аст.

​Субҳ Рустам ба хона баргашт. Вақте хабари ба хона даромадани морро шунид, якбора дилаш таҳ кашид. Ранги Гуласал чун дока сафед афтода, пайкараш меларзид. Ҳарчанд Рустам ба Гуласал меҳр надошт, аммо дилаш ба ӯ сӯхт.

- Ту куҷо будӣ, писарам?,- бо қаҳру ғазаб пурсид падараш.- Зани ҳомилаатро танҳо гузошта, шабҳо куҷоҳо мегардӣ? Агар ба занат ё кӯдаки батнаш чизе мешуд, чӣ мекардӣ?

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД