35 years of independency
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026
462

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои муошират ва шиносоӣ рӯзи хуб аст. Эҳтимол муносибати дӯстона ба муҳаббат табдил ёбад. Дар муносибатҳои ошиқона нисбат ба шахси дӯстдоштаатон аз ҳад зиёд талабгор набошед ва барои ҳар масъала баҳс накунед. Дар кору зиндагӣ ба ақлу мантиқ такя карда, чизҳои нолозимро канор гузоред. Ҳодисаҳои рӯзро аз ҳад зиёд ҷиддӣ нагиред ва ба мушкилоти хурд аҳаммияти зиёд надиҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз шахси дӯстдоштаатон нисбат ба шумо меҳрубонтару бодиққаттар мешавад. Агар муносибататон ҷиддӣ бошад, шояд вақти фикр кардан дар бораи қадами муҳим фаро расидааст. Эҳсоси хастагӣ ва асабоният метавонад зиёд шавад, бинобар ин ба ташвишҳои зиёдатӣ роҳ надиҳед. Дар рӯзҳои душвор аз дастгирии дӯсти боэътимод истифода баред. Дар масъалаҳои корӣ эҳтиёткор бошед ва ба эҳсосоти худ ҳамеша ба дигарон такя накунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз дар ҳаёти шахсии шумо муҳаббат ва меҳрубонӣ бештар мешавад. Барои гузаронидани вақти орому романтикӣ бо шахси дӯстдошта рӯзи мувофиқ аст. Дар кор агар ба андешаи худ бовар дошта бошед, метавонед ба натиҷаи хуб бирасед, вале кӯшиш накунед ҳамеша худро ҳақ шуморед. Дар масъалаҳои молиявӣ таваккал кардан хуб нест, зеро пешниҳоди ба назар фоидаовар метавонад зарар оварад. Аз хастагии зиёд низ худдорӣ кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон мушкилоти гузашта дубора ба миён оянд, оромии худро нигоҳ доред. Имрӯз имкониятҳои хуби корӣ ва шахсӣ зиёданд, аммо барои расидан ба ҳадафҳо заҳмат лозим мешавад. Вохӯриҳои корӣ ва пешниҳоди ғояҳои нав метавонанд натиҷаи хуб диҳанд ва ҳатто боиси мукофоти молиявӣ шаванд. Агар мушкилоти пулӣ дошта бошед, эҳтимоли беҳтар шудани вазъи молиявӣ дар ояндаи наздик вуҷуд дорад.

Асад (23 июл-23 август)

Агар танҳо бошед, имрӯз барои шиносоӣ бо одамони нав рӯзи муносиб аст. Эҳтимол тавассути дӯстҳо ё чорабиниҳои иҷтимоӣ бо шахси ҷолиб вохӯред. Аммо дар муошират бо наздикон эҳтиёткор бошед, зеро рашк метавонад сабаби нофаҳмӣ гардад. Барои ҳалли масъалаҳои душвор рӯзи хубе доред, вале худро бо корҳои аз ҳад зиёд хаста накунед. Барои нигоҳ доштани нерӯ ба варзиши сабук, мисли давидан ё шиноварӣ машғул шавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ҳаёти шахсӣ эҳтимол шиносоии ҷолибе ба амал ояд, ки диққататонро ба худ ҷалб мекунад. Дар муносибат бо ҳамкорон эҳтиёткор бошед ва сирру нақшаҳои шахсии худро ба ҳар кас нагӯед. Имрӯз барои пайдо кардани дӯстону шиносҳои нав ва барқарор кардани робитаҳои кӯҳна вақти хуб аст. Муошират метавонад барои расидан ба мақсадҳоятон кумак кунад. Аз одамони манфӣ дурӣ ҷӯед ва нерӯи худро ба корҳои муҳим равона созед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар чанде пеш аз шахси дӯстдоштаатон ҷудо шуда бошед, кӯшиш кунед худро ба корҳои писандида машғул созед. Барои қабули қарорҳои муҳим аз мустақилият натарсед, вале маслиҳати наздиконро низ ба назар гиред. Дар муҳити корӣ эҳтиёткор бошед, зеро нофаҳмӣ бо ҳамкорон ё талафот имкон дорад. Агар чизе гум карда бошед, эҳтимол ба зудӣ пайдо мешавад. Барои беҳтар шудани рӯҳия бо шахсоне, ки бо онҳо қаҳрӣ ҳастед, оштӣ кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шахси дӯстдошта метавонад шуморо бо туҳфаи хурде хурсанд кунад. Ба оила ва муносибатҳои наздик бештар таваҷҷуҳ диҳед ва барои мустаҳкам кардани муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ кӯшиш кунед. Дар фаъолияти касбӣ ва масъалаҳои молиявӣ имкониятҳои хуб ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, тамоми вақти худро танҳо барои пул кор кардан сарф накунед ва баъзан истироҳат ҳам кунед. Дар ғизо, махсусан таомҳои серравған, эҳтиёткор бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз намояндагони ин мучал, махсусан занон, метавонанд диққати зиёди дигаронро ба худ ҷалб кунанд. Дар оила эҳтимоли баҳсҳо вобаста ба пул ё муносибат бо хешовандон вуҷуд дорад. Барои пешрафти фаврии мансабӣ ҳоло вақти беҳтарин нест, бинобар ин дар муносибат бо роҳбарон эҳтиёткор бошед. Вазъи молиявӣ устувор мемонад ва дар ояндаи наздик имкони даромади бештар ҳаст, аммо барои он бояд заҳмат кашид. Ба саломатӣ ва нерӯи бадан низ аҳаммият диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар муносибатҳои ошиқона сабр ва таҳаммул муҳим аст. Барои хатоҳои хурди шахси дӯстдошта асабонӣ нашавед. Имрӯз ҳолатҳои ғайричашмдошт метавонанд ба нақшаҳоятон таъсир расонанд, аммо шумо нерӯи кофӣ барои бартараф кардани онҳоро доред. Дар кор боинтизомӣ, ростқавлӣ ва муносибати навоварона ба вазифаҳо ба муваффақият мерасонанд. Дар масъалаҳои пулӣ ба ҳисси дарунии худ гӯш диҳед. Агар сафар бо ҳавопаймо дошта бошед, беҳтар аст онро чанд рӯз ба таъхир гузоред.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар муносибати шумо якранг шуда бошад, онро бо сайругашт, кино ё дигар вақтгузаронии якҷоя рангинтар кунед. Дар корҳои хона аз аъзои оила кӯмак гиред, то вақт ва нерӯи бештар барои истироҳат боқӣ монад. Дар кор эҳтимоли пешрафт ё гирифтани вазифаи беҳтар вуҷуд дорад, бинобар ин имкониятҳоро аз даст надиҳед. Имрӯз сарфакорӣ ва дуруст истифода бурдани маблағ муҳим аст. Ба ғизои вазнин ва нӯшокиҳои зараровар низ зиёд рӯ наоред.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз барои изҳори муҳаббат ва баён кардани эҳсосот рӯзи муносиб аст. Эҳтимол пешниҳоди шумо бо ҷавоби хуб қабул шавад. Ба дигарон иҷозат надиҳед, ки ба масъалаҳои оилавии шумо дахолат кунанд. Баъзе нақшаҳоятон метавонанд тағйир ёбанд ва аз як қисми онҳо даст кашидан лозим шавад, аммо ин маънои нокомии комилро надорад. Маблағро эҳтиёткорона истифода баред, зеро эҳтимоли таъхири маош ё мукофот вуҷуд дорад. Ба саломатии худ низ ғамхорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД