goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026
704

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи 8-уми сентябр барои ҳамалҳо дар масъалаҳои муҳаббат тағйироти нав ба миён меояд. Эҳтимол занон бо як шиносоии кӯтоҳмуддати ошиқона рӯ ба рӯ шаванд, ки ба зиндагии шахсии онҳо таъсир мерасонад. Мардон бошанд, бояд аз ақида ва принсипҳои худ ҳимоят кунанд. Ба саломатӣ диққати бештар диҳед ва худро аз кори вазнин дур нигоҳ доред. Дар корҳои душвор дӯсти наздик ба шумо ёрӣ мерасонад. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед ва хароҷоти беҳуда накунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Саврҳо имрӯз бояд ба зиндагӣ ва мақсадҳои худ аз зовияи дигар назар кунанд. Баъзан тағйир додани чанд афзалият метавонад вазъиятро ба куллӣ беҳтар созад. Дар муносибатҳо кӯшиш кунед бештар якдигарро гӯш кунед ва ба созиш биёед. Кор зиёд мешавад, аммо заҳмати иловагӣ метавонад вазъи молиявиро беҳтар кунад. Муошират бо одамони нав ва фаъолияти гурӯҳӣ бароятон фоидаовар аст. Барои тағйир додани намуди зоҳирӣ низ рӯзи муносиб аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ҷавзоҳо рӯзи 8-уми сентябр шоми хушеро дар доираи дӯстдоштагон интизор шуда метавонанд. Эҳтимол дар ҷамъомад диққати дигаронро ба худ ҷалб карда, таърифҳои зиёд шунавед. Бо вуҷуди ин, кӯшиш кунед хатогиҳои худро низ эътироф кунед ва дар муносибат бо наздикон гузаштпазир бошед. Дар кор ҳама вазифаҳоро зуд ва осон иҷро мекунед, вале муваффақиятҳои худро ба ҳама нақл накунед. Барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ китобҳои марбут ба пул ва рушди иқтисодиро мутолиа кунед. Ғизои тезу бирёнро камтар истеъмол намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратонҳо имрӯз метавонанд диққати зиёди дигаронро ба худ ҷалб кунанд. Ҷавондухтарон, махсусан, аз ҷаззобият ва меҳрубонии худ баҳра хоҳанд бурд. Барои ҳалли масъалаҳои оилавӣ вақти муносиб пайдо кунед ва ҳангоми суҳбат бо наздикон фазои оромро нигоҳ доред. Дар кор мақсадҳои воқеӣ гузоред ва аз ҳамкорон кумак пурсиданро шарм надоред. Вазъи молиявӣ дар рӯзҳои наздик тадриҷан беҳтар мешавад, бинобар ин каме сабр кунед. Имрӯз аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Асадҳо метавонанд ба зудӣ ихтилофҳои худро бо шахси наздик паси сар кунанд. Муносибатҳо тадриҷан гармтар ва меҳрубонтар мешаванд. Имрӯз эҳтимол яке аз наздикон ё дӯстони шумо бо як сюрпризи хуш шуморо ба ҳайрат оварад. Дар ҳолатҳои душвор оромии худро нигоҳ доред, зеро сабру таҳаммул ба ҳалли мушкилот кӯмак мекунад. Барои тиҷорат ва оғоз намудани корҳои нав имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Агар рӯҳияатон гоҳ-гоҳ паст шавад, нагузоред, ки ғам ба нақшаҳои шумо халал расонад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Сунбулаҳо набояд аз гузоштани қадами аввал дар муносибатҳо тарсанд. Таҷрибаи нав метавонад ба шумо эътимоди бештар бахшад. Барои он ки рӯзгор якранг нашавад, ба корҳои зеҳнӣ ва омӯзиш низ вақт ҷудо кунед. Аз баҳсҳо ва ҳолатҳои асабоникунанда дурӣ ҷӯед ва агар хаста бошед, кори зиёдатиро қабул накунед. Дар муносибатҳои корӣ эҳтиёткор бошед ва мушкилотро оромона ҳал кунед. Рӯзи пуркор аст, бинобар ин ҳатман барои истироҳат низ вақт ҷудо намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Эҳтимол мизонҳо муддате аз шахси дӯстдошта дур шаванд, аммо ин маънои аз байн рафтани муҳаббатро надорад. Дар муносибат бо наздикон аз худбоварии аз ҳад зиёд ва рафтори фармонфармоёна худдорӣ кунед. Бо вуҷуди мушкилот роҳи худро идома диҳед ва оромиро нигоҳ доред. Эҳтимол муносибатҳои шумо бо ҳамсояҳо ё баъзе занҳо бо нофаҳмӣ рӯ ба рӯ шавад. Аз харидҳои гаронбаҳо даст кашед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва аз машқҳои хатарнок худдорӣ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақрабҳо имрӯз имкони хуб доранд, ки бо шахси дӯстдоштаашон бештар вақт гузаронанд ва эҳсосоти худро баён кунанд. Муҳаббатро дар дил пинҳон накунед, меҳрубонӣ муносибатро мустаҳкам мекунад. Агар кори душвор доред, онро ба таъхир нагузоред. Эҳтимол шахси наздик ба шумо дар иҷрои вазифаҳо кумак расонад. Агар аз шароити коратон норозӣ бошед, пеш аз ҷустуҷӯи кори дигар бо роҳбар суҳбат кунед. Барои баъзеҳо хариди манзил, хона, мошин ё замин низ имконпазир аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳо метавонанд худро миёни муносибатҳои ошиқона ва кори муҳим дар ҳолати интихоб бубинанд. Маслиҳати шахси наздикро бишнавед, вале дар ниҳоят ба ҳисси дили худ такя кунед. Барои нафарони танҳо шиносоии ногаҳонӣ метавонад ба муносибати ҷиддӣ табдил ёбад. Эҳсосоти худро назорат кунед ва бо наздикон суханони сахт нагӯед. Имрӯз зеҳни шумо фаъол аст ва метавонед масъалаҳои мураккабро хуб ҳал кунед. Барои пешниҳод кардани идеяҳои нав ба роҳбар низ рӯзи муносиб аст. Фаъолияти ҷисмонӣ ба саломатӣ фоида мерасонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳо имрӯз метавонанд дар як ҷамъомади хуш қарор гирифта, таърифу таваҷҷуҳи дигаронро эҳсос кунанд. Аммо хирагии шахси наздик метавонад шуморо нороҳат кунад. Барои оиладорҳо суҳбати ҷиддӣ бо наздикон зарур мешавад ва вақти он расидааст, ки мавқеи худро равшан баён кунанд. Дар масъалаҳои корӣ мулоқот бо масъулон, имзои ҳуҷҷатҳо ва корҳои расмӣ муваффақона мешаванд. Ҳангоми муошират бо одамони ношинос эҳтиёткор бошед ва аз ҷойҳои хатарнок, махсусан шабона, дурӣ ҷӯед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Далвҳо метавонанд ниҳоят таваҷҷуҳи шахсеро ба даст оранд, ки муддати дароз ба ӯ таваҷҷуҳ доштанд. Аммо эҳтиёт кунед, то ба хаёлҳои хуш фирефта нашавед. Ба овозаҳо ва маслиҳатҳои дигарон бовар накарда, ба ақлу дили худ такя кунед. Эҳсосоти гуногун имрӯз танҳо муваққатӣ мебошанд. Аз хароҷоти калон ва беандеша худдорӣ кунед. Ин рӯз барои фаъолияти зеҳнӣ мусоид аст. Зеҳни шумо фаъол шуда, ҳисси дарунӣ низ метавонад роҳҳои дурустро нишон диҳад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Ҳутҳо бояд дар муносибатҳои ошиқона воқеъбин бошанд. Агар муносибат дигар пеш наравад, беҳтараш вазъиятро қабул карда, ба марҳилаи нав гузаред. Барои оиладорҳо имрӯз мувозинати байни кору хона муҳим мешавад. Дар маҳфили корӣ масъалаи зиёд кардани маошро матраҳ накунед, зеро метавонад ба ёд овардани хатои пешина сабаб шавад. Қобилиятҳои худро пурра истифода баред ва аз бекорӣ дурӣ ҷӯед. Эҳтимол идеяҳои бузург ба саратон оянд. Субҳ барвақт хеста, каме давидан ё машқи ҷисмонӣ кардан ба шумо фоида дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД