Чуноне ба ҳамагон маълум аст, одамон ҷойҳои зисти худро иваз мекунанд ва шаҳрвандии дигар кишварҳоро қабул менамоянд.
Мехостам фаҳмам, ки барои шаҳрвандии моро ба даст овардан хориҷиҳо кадом қадамҳоро мегузоранд?
Л.Р.
Ҷавоб:
Тибқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ба даст оварда мешавад:
- аз рӯзи таваллуд;
- дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ;
- дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ;
- бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи талаботи моддаи 14-и Қонуни мазкур шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро дар асоси дархости онҳо мутобиқи Қонуни конститутсионии мазкур ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудан мумкин аст.
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва (ё) моддӣ, ҳуқуқ доранд дар бораи қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд.
Тибқи талаботи моддаи 15-и Қонуни мазкур шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат то муроҷиат намудан бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар берун баромадани якдафъаинаи ӯ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол на зиёда аз се моҳро ташкил намояд, ба истиснои таҳсил, муолиҷа ва сафари хизматӣ;
- - донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан.