arzon replenishment
Хусурам бо айби зани зуқоқаш моро пеш кард
3763

 

Ману хушдоманам мисли очаю духтар бо ҳамдигар меҳрубон будем. Ҳама кору бори хонаро якҷоя карда, ба куҷое, ки наравем, ҳамроҳ мерафтем. Ҳаққу ҳамсояҳо ба мо ҳасад мебурданд.

Намедонам чашми бад расид ё тақдир чунин буд, ки баъди соҳиби ду фарзанд шудани ман модаршӯи меҳрубонам ҳамагӣ як ҳафта бемор шуда, аз олам чашм пӯшид. Рӯзи ҷанозаи хушдоманам чунон рӯю мӯямро канда гиряву нола кардам, ки одамони ба ҷаноза омада ҳайрон шуда “ин қадар бо алам гиря мекунад, гӯё модараш мурда бошад” гуфтанд. Модаршӯям дар ҳақиқат барои мо, келинҳо мисли модар буд ва ҷигари ҳамаамон барои ин зани меҳрубону хоксор месӯхт.

Хулоса, хушдоманамро бо дили хунчакон ба хок супурдему аз байн шаш моҳ нагузашта хусурам ба хона як зани сип-сиёҳи маймунбашараро овард. Писару духтарҳояш норозигӣ карданд, ки монед, ақаллан сари соли модарамро диҳем, вале мӯйсафед: “ хоҳад-нахоҳед, ин занак бо ман мемонад, маъқул набошад, кӯчу бандатонро гирифта баромада равед” гӯён, ҳамаро лол гардонд. Зани нави хусурам бар замми хунукбашара буданаш боз танбали гузаро аст. Вай аз худ ҳокими мутлақ тарошида ҳар рӯз ба мо, келинҳо фармонфармоӣ мекард. Худаш то нисфирӯзӣ хук барин мехобиду баъд чашмонашро молида- молида аз дар мебаромад ва нону оши тайёрро хӯрда, ба ҷойи раҳмат гуфтан ба ҳар як кори мо айбу эрод мегирифт. Оқибат ҷонам ба лабам расид ва хостам ин зани бефаросатро дар ҷояш шинонда монам, то ҳадди худро донад. Баҳсамон ба кашмакаш ва рӯканию мӯканӣ табдил ёфт. Авсунҳоям моро базӯр аз ҳамдигар ҷудо карданд. Бегоҳ аҷинаи бадрӯй ҳамаашро ба хусурам гуфта, шикоят кардааст. Мӯйсафед шавҳари маро як шаппотӣ зада, амр кард, ки дар нимаи шаб кӯчу бандамонро гирифта аз назараш дафъ шавем. Шабро дар хонаи як ҷӯраи шавҳарам рӯз карда, аз сари субҳ ба кофтукоби иҷорахона даромадем. Шукри Худо хонаеро иҷора гирифта, аз ғурбат халос шудем, вале дилам ба ҳоли авсунҳоям месӯзад. Бечораҳо аз дасти зани золими хусурам рӯз надоранд. Мақсади банда аз нақли қиссаи зиндагиамон он аст, ки мӯйсафедон ба васвасаи зани ҷавон гирифтан афтида, ҳар касофати пешомадаро ба хонаи худ наоранд ва рӯзи фарзандону наберагонашонро сиёҳ накунанд.

Фазолат, ноҳияи Ёвон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД