Sebiston new 2024 october
Хушунат ва зӯроварӣ ба зан аз назари ислом
03.02.2023
ОИЛА
1184


Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Эмомалӣ Раҳмон

                   Оилаи солим ҷомеаи солим
Оила дар ҳаёти инсон волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост, зеро шахсияти кӯдак маҳз дар оила ташаккул ва рушд ёфта, бо аз худ намудани нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тадриҷан бе мушкилот вориди ҷомеа мегардад. Вобаста ба обрӯю эътибори волидайн ва таъсири онҳо ба насли наврасу ҷавон дар оила сифатҳои шахсият ташаккул меёбад, яъне маҳз оила дар инкишофи ҷисмонию маънавии шахс нақши муҳим мебозад. Аз ин сабаб, намунаи олитарини ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта оила мебошад.

Оила дар натиҷаи никоҳи байни зану мард ба вуҷуд меояд. Асоси ташкили оила никоҳ буда, он ба шинохти расмии муносибатҳои оиладорӣ асос мегузорад. Мутаассифона, оила имрӯзҳо дар як қатор мамолики Аврупо маънии худро гум кардааст. Яъне никоҳ ҳамчун рукни муҳимми ташкили оила моҳият ва зарурати худро тадриҷан аз даст дода, аз зумраи муқаддасоти оиладорӣ маҳсуб намешавад.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон дар баробари қонунҳои ҷории мамлакат дар муносибати оиладорӣ арзишҳои дини Ислом низ муҳим ҳастанд. Аз сабаби надонистани ин арзишҳо хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо пайдо мешаванд. Бинобар ин, мебинем, ки Ислом дар ин маврид чӣ мефармояд.

                         Баробарӣ дар Ислом
Қайд кардан зарураст, ки аз нигоҳи дини мубини Ислом зану шавҳар дар хонавода дорои ҳуқуқу таклифоте нисбат ба ҳамдигар мебошанд ва ин ҳуқуқи тарафайн аз замони ақди никоҳ оғоз мешавад.

                     Ҳуқуқи зан бар мард
1. Аввалин ва муҳимтарин вазифаҳои мардон ҳангоми издивоҷ бо занон пардохт намудани маҳр мебошад. Пардохти маҳрия фармудаи мустақими Худованд аст: «Ва ба занон маҳрашонро ба хушдилӣ бидиҳед».

2. Вазифаи мард таъмини нафақаи оила ва фарзандон аст, ки он иборат мебошад аз: таъмини хӯрок, либос, макони зиндагӣ, шароити муносиби зист, ҳимояту амнияти зарурӣ, асбоби рӯзгор ва ғайра.
Қуръони карим дар ин масъала чунин амр намудааст:
«Дар он ҷое, ки шумо сукунат доред, ба қадри тоқататон занони муталлақаро сокин кунед. Ва онҳоро зарар марасонед, то бар онҳо танг гиред. Ва агар соҳиби ҳамл бошанд, пас, барояшон нафақа диҳед. Ва агар ба фармони шумо шир диҳанд, пас ба онҳо муздашонро бидиҳед. Ва ба ваҷҳи писандида бо якдигар мушоварат кунед. Ва агар бо якдигар (корро) душвор кунед, пас ба фармудаи ӯ (яъне: падар) зани дигар шир хоҳад дод. (Сураи Талоқ – 6).

3. Ҳаққи дигаре, ки зан бар мард дорад баробарӣ ва инсоф аст, агар мард чанд ҳамсар дошта бошад. Бисёре аз хонавайрониҳо аз риоя накардани ҳамин ҳақ сарчашма мегирад.

4. Дигар ҳақи зан болои мард, муъомилаи нек бо ҳамсар мебошад.

Муъомилаи нек ба маънои риоя намудани эҳтироми ҳамсар, озор надодани ӯ хушзабонию хушахлоқӣ дар гуфтору муомила ва ғайра. Қуръон ин нуқтаро таъкид мекунад: “...Ва бо занон ба ваҷҳи хуб зиндагонӣ кунед, зеро агар онҳоро нописанд кунед, пас шояд шумо чизеро нописанд кунед, ки Худо дар он чиз хайри бисёрро пайдо кунад”.(Сураи Нисо -19).

Муомилаи нек бо ҳамсар дар таълимоти ислом аз аломамтҳои имондорӣ ба ҳисоб меравад: Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Беҳтарини шумо касе аст, ки бо хонаводааш хушрафтор аст, ман беҳтарини шумо нисбат ба хонаводаам ҳастам”.
Инчунин, ҳазрати Оиша (р) дар дигар ҳадис мефармояд: “Зан (ҳамсар) ва хидматгорашро ҳеҷ гоҳ Паёмбар (с) намезад”.

5. Ҳаққи дигаре, ки зан бар шавҳари худ дорад таъмини эҳтиёҷоти ҷинсии зан мебошад: Паёмбар (с) рӯзе ба Абдуллоҳ писари Амр муроҷиат карда гуфтаанд: “Эй Абдулло! шунидаам ҳамаи рӯзҳоро руза мегирӣ ва бисёри аз вақти шабро ба намоз мегузаронӣ оё дуруст аст? Абдулло мегӯяд гуфтам: Бале, дуруст аст ё Расулаллоҳ. Паёмбар (с) фармуданд: ин корро накун! Гоҳе бархе рӯзҳоро руза бигир ва гоҳҳо не. Қисмате шабро намоз хон, қисмати дигар бихоб; ҷисмат бар ту ҳаққу ҳуқуқе дорад, чашмат ҳам бар ту дорои ҳақ аст, ҳамчунин хонаводаат бар ту ҳақ доранд.

                       Ҳуқуқи мард бар зан
1. Муҳимтарин ва нахустин ҳаққе, ки мард дар хонавода дорад роҳбарӣ ва сарпарастии оила мебошад. Зан бояд инро ба расмият бишносад ва мудири хонавода мард бошад. Хонавода мисли як ҷомеаи хурд аст, ки ниёз ба роҳбар дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба вижагиҳои хосси мард, ислом ин роҳбарӣ ва мудириятро ба мард вогузор кардааст. Албатта ин роҳбар бояд зулм накунад, балки бояд роҳбари меҳрубону рауф бошад! Чуноне, ки Худованд мефармояд: “Мардон-ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бартарӣ додааст: ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ кардаанд, бар занон корандеш шудаанд. Пас занони некӯкор фармонбардоранд ва дар ғайбат (-и шавҳар) ончиро нигоҳдорандаанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст”.(Сураи Нисо -34).
Инчунин Паёмбар (с) фармуданд: “Агар зан намозҳои панҷгонаашро хонад, рӯзаи моҳи рамазонро барпо дорад, фарҷи худро аз ҳаром нигоҳ дорад ва шавҳарашро итоат намояд, аз кадом дари Ҷаннат, ки мехоҳад дохил шавад”.

2. Таъмини ниёзҳои шавҳар. Паёмбар (с) мефармояд: “Ҳарвақто шавҳар занашро ба ҷойгаҳи хоб даъват кунад ва ӯ рад кунад, пас шавҳараш аз ӯ нороҳат шуда хоб кунад, то субҳ малоика он занро лаънат мегӯянд”.
3. Ҳазрати Умар (р) гуфтаанд: «Ман ҳамсарамро бо се сабаб дӯст медорам: либосҳоямро мешӯяд, фарзандонамро тарбия мекунад ва ӯ ҳиҷоб ҳаст байни ману гуноҳ. Ман дар сояи ӯ гуноҳ намекунам».
4. Ҳифзи молу номуси шавҳар вазифаи зан аст.
5. Зан бе иҷозат шавҳар аз хона берун набарояд.
6. Зан хоҳишҳои миёншикан ва берун аз тавони шавҳарашро набояд бикунад.

Давлат пуштибони оила

Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонадон хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан ва кӯдак ба “як қоидаи маъмулӣ” табдил ёфтааст. Бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро истифода бурда, ҳамсари худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандонашон зери мушту лағад қарор медиҳанд. Дар сурате, ки мард вазифадор аст оилаи хешро эҳтиром намояд, хушунат кардан нисбати занро раво надонад ва барои тарбияи фарзадони руҳану ҷисман солим фазои солимро муҳайё созад.
Таҷриба муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум аз қабили хушунати мардон нисбати занон – ҳамсарон, хушунати шавҳар нисбати келинҳо, хушунати падарону бародарон нисбати духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад.

Ба хотири решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо маҷмӯи қонунҳо ва чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар саросари кишвар мавриди татбиқ қарор дорад. Бояд гуфт, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар ҷомеаи мо имрӯзҳо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегарданд ва алайҳи он чораҳо андешида мешаванд.

Вализода Сафархон Амирхон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД