1xbet
Найрангҳои дугонаи ҷонӣ (ҚИСМИ 3)
1479

Рӯзи дигар шавҳарам ба кор рафту ман писаракамро назди модарам гузошта, хонаи хобамонро бо тамоми санъаташ тамиз карда, пардаю рахти хоби навро аз сандуқ бароварда густурдам.

Субҳи дигар бошад, ба шаҳр рафта, мӯйямро ранг зада кӯтоҳ кардам, нохуну абрӯвонамро низ ороиш додаму чанд хилъати хонапӯшии нав харида баргаштам, аммо шавҳарам инро гӯё намедид. Шабҳо мушоҳида мекардам, ки ӯ тариқи “Вайбер” бо касе дурудароз суҳбат мекунад, чун ба гӯшаи чашм назар кардам, номи ҳамсуҳбаташ Юлдуз Усмонова навишта шуда буду расми ҳамин ситора дар саҳифаи асосӣ гузошта шуда буд…

«Юлдуз»-и бешарм

Як шаби дигар шавҳарам маро хоб гумон карда, бо «Юлдуз» як соат суҳбат карда, баъд тир барин аз хона баромада рафт, телефонаш зери болинаш буд. Ман гумон кардам шикамаш дард кард, ки ин қадар бо дав баромада рафт ва аз фурсати муносиб истифода бурда, телефонашро кушода, суҳбатҳояшро бо «Юлдуз» хонда, ҳуш аз сарам парид…

“Домулло имшаб касалҳояшро дуохонӣ рафтааст, биё Ҷинҷонаки ман, биёву даруни дилу дидаам ҷо шав, биё, пазмонат шудам… Ин як ҳафта ба назарам як сол, як умр намуд, бемаззаатро гузору пеши бамаззик биё… Ҳама хобу нахӯдак бедор…”. Шавҳарам бошад, дар навиштаҳояш ҳама узвҳои тани маъшуқаашро алоҳида-алоҳида «бӯса» мекард.

Ростӣ гумон кардам, ки шавҳарам маъшуқа дораду назди ӯ рафтааст ва башаст хеста берун баромадам, вале мошинаш дар рӯйи ҳавлӣ… Дар ин нисфишабӣ таксӣ ёфтан ҳам амри маҳол, чӣ гуна назди маъшуқааш мерафта бошад?! Ё шояд «Юлдуз» худаш мошин дораду омада шавҳарамро мебарад?

Шавҳарам он шаб қарибиҳои субҳ баргашту ман бо чашмони аз гиря варамида ӯро пешвоз гирифта, гуфтам, ки «Юлдуз» кист ва ӯ куҷо буд?!

Шавҳарам бо ханда маро ба оғӯш гирифта, гуфт:

- Э девонаҳаки ман, ин як ҳамсинфам аст, ки чандин сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад, баъзан шӯхӣ карда ҳар чӣ менависад… Наход ман дар ду соат Русия рафта биёям?!

Баъд ба худ симои ҷиддӣ гирифта, пичиррос зад:

- Маро бемории дил азоб медиҳад, нафасам мегардад, духтур тавсия дод, ки ҳангоми хурӯҷи дард ҳавои тоза баромада, оҳиста-оҳиста қадам зан…

Ман каме ором шуда бошам ҳам, аммо ба пуррагӣ хотирам ҷамъ нашуд…

Ташвишҳои зиндагӣ

Дар ин миён апаам Дарё ба як ҳамсабақаш ба шавҳар баромаду ман пайи ташвишҳои тӯй воқеаи бо шавҳарам рӯйдодаро фаромӯш кардам. Довуд бошад, мисли рӯзҳои навдомодияш худашро ба ман ошиқ нишон медоду зиндагиямон хушу хурсандона мегузашт. Дар ин миён шавҳарам ронандаи раиси ширкати хориҷие шуду зиндагиямон хеле пеш рафт, ӯ хонаи якҳуҷрагиямонро фурӯхта, дар маркази шаҳр хонаи дуҳуҷрагие харида, онро таъмир кард. Акнун баъзе рӯзҳои шанбею якшанбе мо ба хонаи шаҳриямон мерафтем.

Ман писарчаамро ба модарам гузошта, боз ба кор шуруъ кардам, ғайри модарам ягона роздону ғамбарорам Савсан буд. Дугонаи бечораам ду бор фарзанди мурда ба дунё оварда, боз се-чормоҳа ҳомила буду ҳамеша дар беморхонаҳо мехобид. Бисёртар дар шаҳр буд…

Як рӯзи барфбоди зимистон ба мактаб омадаму директори мактаб гуфт, ки шумо бояд ба курси такмили ихтисос равед, моро дертар хабар карданд, курс рӯзи сеюм аст идома дорад. Ман дигар илоҷ надоштам ва занг зада, модарамро огоҳ кардаму ҷониби шаҳр роҳ пеш гирифтам. Нав ба шаҳр расида будам, ки модари бечораам занг зада, гуфт:

- Дунёҷон, бегоҳ дертар шуд набиё, дар ин яхбандӣ ҳамон ҷо ист, ҳаво беҳтар шуд, меоӣ.

Аслан шавҳарам низ дар шабҳои яхбандӣ дар хонаи шаҳриямон мемонд, инро ману модарам ба ӯ тавсия медодем. Ман ба модарам мебинам гуфтаму пайи ташвишҳои хеш дар кӯчаҳои шаҳр сар задам…

(Давом дорад)

ДУНЁ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД