Ман Азиза, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Аз оиладор шудани ман панҷ сол сипарӣ мешавад. Хушдоманам се писару се келин дорад.
Аз рӯзҳои аввали оиладориямон хушдоманам дар назди ман келинҳои калониро бад мекарду танқид, вале дар ҳузурашон чизе намегуфт ва тавре вонамуд мекард, ки гӯё дар дилаш гапе набошаду аз онҳо низ ранҷиш доштанашро нишон намедод. Шояд таъсири гапҳои хушдоманам буд, ки ман ҳам бо авсунҳоям чандон муносибати хуб надоштам.
Дар давоми ин солҳо ман хислату хӯи хушдоманамро нағз омӯхта, дарк намудам, ки модари шавҳарам баъзан беҳуда хурдагирӣ мекунад ва дигар ба гапҳояш эътибор намедодагӣ шудаму муносибатамро бо авсунҳоям беҳтар кардам. Хушдоманам аз ин кори ман ба ғазаб омада, дуруст гап намезанад. Шавҳарам мегӯяд, ки ба ин кори модараш диққат надиҳам, вале наметавонам. Хонандагони азиз, маслиҳат диҳед, бо хушдоманам чӣ гуна муносибат кунам, ки минбаъд миёни мо келинҳо ҷангандозӣ накунад?
Ф.