Sebiston new 2024 october
ХУҶАНД: МАРДИ БЕЧОРА ҲАҚОРАТ КАРДУ МУРД
2882


Сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмони шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги як нафар гардид, дастгир шуд.


Фаврӣ: Ноболиғи одамкуш дастгир шуд


Номбурда санаи 5 - уми апрели соли равон, тахминан соати 18:05-бегоҳӣ, дар назди меҳмонхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Хуҷанд, бо марди 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич вохӯрда, аз сабаби ба миён омадани муноқишаи лафзӣ бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташбуда 1 маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.


Ду хоҳиши Майсараи гирён аз Пешвои Миллат (Видео)


Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД