Sebiston new 2024 october
Фаврӣ: Ноболиғи одамкуш дастгир шуд
1784

Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 2-юми апрели соли равон, тахминан соати 20:20-дақиқаи шабона, писарбачаи ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ки хонандаи синфи 11-уми яке аз гимназияҳои шаҳри Хуҷанд аст, ҳангоми муноқишаи лафзӣ писарбачаи 18-солаи сокини шаҳри Хуҷандро, ки ӯ ҳам хонандаи синфи 11-ум аст, ба кӯчаи Т. Мирхолиқови ноҳияи Б. Ғафуров даъват карда, якчанд маротиба ба қафаси сина ва дигар узвҳои бадани ӯ корд задааст. 

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Нисбати ноболиғи номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД