arzon replenishment
Хуҷанд: Кордзании ду ҷӯра аз рӯи пул
5059

Мақоли маъмулии "Бо даст дода, ба пой дав" - ро дар масъалаи муомилоти қарзӣ байни ду дӯсту ҳамкор, ки ҳарду сокини шаҳри Хуҷанданд, ёдовар шудан айни муддаост. Шояд хонандагони азизи “Оила” ҳам борҳо ба худию бегона қарз дода, бо ҳазор мушкилӣ пули худашонро рӯёнида гирифтаанд. Ё бо судбозию сарсониҳои зиёд аз баҳри пули ба қарз додааш мегузаранду ҳаволаи қаргирро ба Худо месупоранд.

Абдумуин Набиев ном ҷавони 28 – солаи зодаи шаҳри Хуҷанд чанде қабл бар замми қарзи калон доданаш аз дасти нафари қарздор ду корд хӯрд. Он нафаре, ки аз Абдумуин қарз гирифт, танҳо барои пули худашро талаб кардани ӯ, аз қафояш омада, ба сару рӯй ва дастонаш тавассути корд задааст.

Бовар макун ба дӯстат ...

Ба гуфти масъулини Суди шаҳри Хуҷанд Ҷаъфархон Абдуллоев ном ҷавон, ки роҳбарии ҶДММ "Сомон транс логистик” – ро бар уҳда дошт, Абдумуини серпулу соддаро ёфта, ба доми фиреби худ афтонидааст. Ӯ аввали моҳи майи соли 2019 пули кам не, яку якбора 218 ҳазор сомониро аз Абдумуин ба сифати қарз гирифтааст. Ӯ пулро гӯё барои рушди тиҷораташ истифода мебурда бошад, аммо дар асл онро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.

Ин қадар пули бедардимиёнро дида, Ҷаъфархон "Ана гӯшти лаҳм. Инро набояд аз даст дод" – гӯён, маротибаи дигар аз ӯ 256 ҳазор сомонӣ мегирад. Дар умум ин роҳбари пухтаю ҳилагар аз шаҳрванди соддаю зудбовар 483 ҳазор сомониро гирифта, ба кисаи чапаш мезанаду дигар ба зангҳои рӯздармиёни “дӯст”-аш ақаллан “лаббай” намегӯяд.

Ба гуфти мардуми иҷорашину бехона ин миқдор пули маблағи ду хонаи нағз аз маркази шаҳр аст. Яъне, ин қадар пулро ёфтан заҳмати зиёд ва вақти бисёр талаб мекунад, аммо барои нест кардани он ҳамагӣ чанд дақиқа кофӣ шуд, ки он аз ҷониби як роҳбари пулпарасти маккор ба боди фоно равад.

Баъди аз ҳисоби пулҳои дӯсти зудборараш пур кардан ҷайби худ ҳаракатҳои Ҷаъфархон дигар мешавад. Ӯ бо ҳар роҳ кӯшиш мекард, ки аз соҳиби пул дурӣ ҷӯяд. Бинобар ин, ба зангҳои телефонии вай сари вақт ҷавоб намедод ё телефонашро хомӯш мекард.

Баъди 483 ҳазор сомонӣ пули нақдро бо ду дасти адаб бароварда додани Абдумуин рӯз то рӯз шубҳаи ӯ ба “дӯст” - аш зиёд шуд ва дар суроғи пулҳояш афтод.

Хушдоманашро ба баҳси қарзӣ ҳамроҳ карду...

Ҳар гоҳе, ки Абдумуин аз Ҷаъфархон пулҳояшро талаб кунад, ҳатман ягон баҳона ё ваъдаи навро мешунавиду рӯи пулро нодида мерафт. Рӯзи 15 ноябр охиран косаи сабраш лабрез шуд ва ҷиддитар дар талаби маблағҳои қарздодааш афтод. Дӯсти дурӯяаш чун дид, ки халтаи баҳонаҳояш холӣ шуда истодаанд, хушдоманаш Кибриё Собироваро ба миён андохт. Хушдомани вай умуман намедонист, ки домодаш аз кӣ чӣ қадар пул қарздор аст. Кампир хурсанд буд, ки духтараш оилаи тинҷ дораду домодаш соҳибкори боқувват аст.

Рӯзи 15 ноябр вақте Абдумуин занг барои пулҳояш занг зад, Ҷаъфархон баҳонаи навбатиро ба забон овард. Ба гуфти ин устоди илми қаллобӣ пулҳои Абдумуин дар суратҳисоби хушдомани Ҷаъфар Кибриё Собирова истодааст. “Ту хавотир нашав. Рӯзҳои наздик ҳамаи пулҳоятро бармегардонам”.

Абдумуини аз ваъдабозӣ хасташуда дар ҷавоб гуфт, ки “маро ба пеши хушдоманат бар, то бо худаш гап зада, асли ҳолатро фаҳмам”. Вақте Ҷаъфархон мебинад, ки дигар илоҷе нест, маҷбур суроғаи хушдоманашро дода, мегӯяд, ки “ман ҳам ҳозир дар он ҷо мешавам”.

Абдумуини зудбовар ба ин дурӯғи навбатии дӯсти корчалонаш сахттар бовар карда, ба қавле бо пой не, бо сар давида, ба суроғаи зикршуда омад. Дӯсти худобехабараш, ки дар он ҷо ба ӯ дом гузошта буд, ҳангоми расидан ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд аз қафояш омада, бо корд ду маротиба ба пушти сар ва гардани Абдумуини қарзхоҳ зад.

Абдумуин аз макри дӯсти дар асл душманаш бехабар дар ҳоле, ки хун аз сару рӯй ва гардану панҷаҳои дасташ фаввора мезад, ба чор тараф давида, дод мегуфту мардумро ба ёрӣ даъват мекард. Ӯ охирон қуввати худро ҷамъ карда, ба пеш медавид. Овози ӯро шунида, атрофиён гирадаш карданд. То вақти ба пеши нонпазхона рафтан, Ҷаъфархон ҳам корд дар даст бо нияти расонидани зарари бештар ба ӯ аз қафояш медавид. Ҳамин ки Абдумуин ба пеши нонпазҳо расид, дигар мадораш намонду ба замин афтид ва Ҷаъфархон бо истифода аз ин фурсат ӯ роҳи гурезро пеш гирифт.

Амон ҷабрдидаро амон бахшид

Амон Умаров нонпаз буда, ҳамроҳ бо Равшан Ашӯров дар наздикии ҷои ҳодиса нон мепухтанд. Ӯ аввалин шоҳиди ҳодиса аст, ки дар мурофиаи судӣ шаҳодат дод. Ӯ дар суҳбат бо судя ҳодисаро чунин нақл кард: “ Пагоҳии рӯзи 15 ноябр бо Равшанҷон дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи А. Ваҳобова нон пухта истода будам. Ногаҳон садои додгӯии як ҷавонро шунидем, ки "ёрӣ диҳед" мегуфту сӯи мо медавид. Аз сару рӯяш хун ҷорӣ буд.

Дар аввал худи моро тарс фаро гирифт. Аз қафои ҷабрдида панҷ шаш қадам дуртар як ҷавони тахмин 25 – 30 сола дар дасташ корд ҳам давида меомад. Аммо баробари аз ҷои кор берун шудани мо мисли заргӯши рамида ба ақиб гурехт. Бо ҳамкорон якҷо барои аз хунравии зиёд ба ҳалокат нарасидани ҷавони ҷабрдида ӯро ба мошини ман бор кардему ба беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурдем. Дар як дам милисаҳои зиёде ҷамъ шуда омаданд. Мо ҳолати корро фаҳмонидем. Онҳо ба ҷои ҳодиса омада, диданд, ки дар ҳақиқат дар замини роҳ аз кӯчаи Ваҳобов то нонвойхона хуни зиёд рехтааст.

Пулхоҳи хунхоҳ паси панҷара шуд

Мувофиқи ташхиси судӣ - тиббӣ Ҷаъфархон бо ашёи буррандаю халанда ба пушти сар ва панҷаи дасти Абдумуин якчанд маротиба зада, сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштани ӯ шудааст. Илова бар ин, то дами ба беморхона интиқол ёфтанаш хуни зиёди ӯ рафта буд, ки ин боиси аз ҳуш рафтанаш шуд. Дар асоси хулосаи экспертизаи судӣ - тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи Абдумуин Набиев намуди пӯшидаи осеби косахона ва майнаи сар, ларзиши мағзи сар, захмҳои буридаи фарқу чакка ва пушти сар, қисмати панҷаи чапи даст ва ангушти чорум, хуномосҳои беруна, садамаи геморраги дараҷаи 3 бо аломати хавфнокияш барои ҳаёт ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ ба ҳисоб меравад.

Барои ин амали ғайриинсонӣ ва ба ҷои қарзҳояшро пардохтан соҳиби пулро оғӯштаи хун карданаш Ҷаъфархон Абдуллоеви 28-сола, ки як кӯдаки ба меҳри падар муҳтоҷи ҳанӯз сесола дорад, барои 5 сол пушти панҷара шуд. Акнун ин ҷавон то 33 солагӣ дар дохили панҷараҳои оҳанин ба ҷои шириниҳои кӯдакаш ашкҳои талхи ӯро тамошо мекунад.

Масъалаи доду гирифти қарзӣ, ки ба хунрезию судшавиҳо меанҷомад, ҳодисаи аввал дар вилояти Суғд, хоса шаҳри Хуҷанд нест. Дар ин маврид метавон садҳо мисолу далелро рӯи қоғаз овард.

P. S: Хонандагони азиз, ба нафарони ношинос қарз надиҳед. Шумо ҳам мисли Абдумуин содаю зудбовар нашавед ва кӯшиш кунед, ки ба доми нафарони сартопо пурмакре чун Ҷаъфархони бераҳм наафтед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД