Маҳсулоти лозима:
100 гр ҳасиби буғӣ, 50 гр панир, 1-2 дона сабзӣ, 1 дандона сирпиёз, 250 гр майонез.
Тарзи таҳия:
Ҳасибро шакли даврашакл бурида, сабзӣ, панир ва сарпиёзро аз турбтарошаки дандонаш хурд гузаронед. Пасон майонез илова карда, омехта кунед ва аз ҳасиби буридашуда шакли зангӯла сохта, ба дохили он хӯриши омодашударо гузоред. Барои зебу ороиш метавонед ба мобайни хӯриш зайтунро бурида монед.