Маҳсулоти лозима:
200 г гӯшти мурғ, 3 тухм, 5 киви, намак, 150 г сабзии кореягӣ, 2 себи сабз, майонез мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғ ва тухмро пухта хунук кунонед. Гӯшти пухтаи мурғробо ду дона киви чоркунҷа реза кунед. Тухмҳоро аз турбтарошак гузаронед. Хӯришро ба тарзи зерин қабат ба қабат тунук кунед: гӯшти мурғ, киви, сабзӣ, себи аз турбтарош гузаронидашуда ва тухм. Ба ҳар қабат ба ғайр аз қабати мурғӣ майонез молед. Кивии боқимондаро ба шакли ҳалқа борик реза кунеду хӯришро оро диҳед.