Шири модар барои тифл ғизои аввалин буда, дар саломатӣ ва рушди минбаъдаи кӯдакон нақши хеле муҳимро мебозад.
Аз ҳамин хотир ҳанӯз дар тавалудхона момодояҳо ва табибони занона ба занҳое, ки фарзанд ба дунё овардаанд, аҳамияти синамакониро фаҳмонда, таъкид менамоянд, ки танҳо шири худашонро ба кӯдакон диҳанд, зеро он аз ҳар ҷиҳат фоидаовар аст.
Синаи зан 2-3 рӯзи аввали баъди таваллуд фалла ҳосил мекунад. Фаллашири модар дар таркибаш сафеда, намак ва чарби зиёд дошта, ҳамчунин аз аминокислотаю витаминҳое бой мебошад, ки кӯдакро аз бемориҳои сироятии шадиди роҳи нафас ва касалиҳои меъдаю рӯда эмин медоранд. Дар таркиби фаллашир ҳамчунин подтанҳо (моддаҳое, ки кӯдакро аз бемориҳои гуногун эмин медоранд) фаровонанд, аз ҳамин хотир шири модар барои кӯдакон дар моҳҳои аввали ҳаёт ғизои беҳтарин мебошад.
Аз рӯи таркиб ва таносуби моддаҳои ғизоӣ танҳо шири модар ба хусусияти узвҳои ҳозимаю мубодилаи моддаҳо дар вуҷуди тифлакони навзод дар давраи инкишофашон мувофиқат мекунад, бинобар ин, кӯдаконро ҳатман бояд сина маконд.
Модароне, ки аз шири хушк истифода мебаранд, азоби бо ғизои сунъӣ сер кардани кӯдакро хуб медонанд. Аз як тараф нисфи шаб обро аввал ҷӯшонда, баъдан онро то ҳарорати лозимӣ ширгарм кардану баъдан аз он шир тайёр карда ба кӯдак хӯронидан вақти зиёдеро бигирад, аз ҷониби дигар маълум нест, ки шири сунъӣ ба ҷисми кӯдак мефорад ё не. Дар сурати мувофиқат накардани шир ба миҷозаш тифлак ба ҳар хел бемориҳо гирифтор шуда метавонад, ки ин ташвиши волидонро бештар месозад.
Аз нигоҳи тиббӣ зан бояд фарзандашро ҳадди ақал то яксолагӣ макконад. Шири модар барои тифл бисёр муҳим буда, ба саломатии кӯдак фоидаи зиёд дорад ва қувваи муҳофизатии организм, яъне иммунитеташро мустаҳкам месозад.
Ягон шири сунъӣ ҷойи шири модарро гирифта наметавонад, аз ҳамин хотир ба тамоми занони тоҷик маслиҳат медиҳем, ки баҳонаҷӯӣ накарда, ба фарзандашон фақат шири худро диҳанд. Фаромӯш накунед, ки мазҳаби Ҳанафӣ низ макондани синаро ба тифл ҳатмӣ меҳисобад. Дар мазҳаби Абуҳанифа (р) то дусолаву шашмоҳа шуданаш кӯдак ба хӯрдани шири модар ҳақ дорад. Баъди гузаштани ин муҳлат кароҳият дорад.
Пас аз шашмоҳагӣ ба тифл кам-кам ғизоҳои иловагӣ, масалан ҳар хел каша-шавлаҳои биринҷию картошкагӣ додан мумкин аст, вале то дусолагӣ ба фарзандатон бештар шири худро диҳед, ин ҳам барои саломатии кӯдак ва ҳам барои худи модар фоидаовар мебошад.