Духтарам Садбарг 20 сола аст. Худованд ба ӯ ҳусни беназир ато намудаасту хостгоронаш аз мӯйи сараш зиёдтаранд. Хешу табор, ҳақу ҳамсоя, шиносу ношинос ба хонаам омада, зорӣ мекарданд, ки Садбаргро ба писари мо диҳед,в але духтарам ягон хостгорро қабул накарад.
“Шавҳар гурехта намеравад, аввал ман бояд хонда, соҳиби маълумоти олӣ шавам” мегуфт Садбарг. Дил дили Зайнаб гуфта ихтиёрро ба худи духтарам вогузор намудам, бехабар аз он ки ҳусни оламсӯзи Садбарг тамоми буду набуди маро сӯхта хокистар месозад.
Хулласи калом, як шаб баъди навмед гусел кардани хостгорони навбатӣ сар ба болин ниҳодам. Як вақт духтарам бо доду фиғон маро аз хоб бедор кард. Бинам, хонаам сўхта истодааст ва аз бӯйи дуд нафас кашида намешавад. Кўдаконамро бо як азоб ба берун бароварда, ҳамсояҳоро ба ёрӣ даъват кардам, вале ҳарчанд кӯшиш карда бошем ҳам, оташро хомӯш карда натавонистем. Азбаски мо дар ноҳияи дурдаст зиндагӣ мекунем, ба сӯхторхомӯшкунандагон умед баста намешавад.
ЗУЛФИЯ: АВСУНАМ КӮДАКАМРО КУШТ
Ҳамин тавр дар байни чанд лаҳза кўрпаву болин, сандуқу қолин, мебелҳои зебо, телевизору яхдон, тамоми буду набудам дар пеши назарам сӯхта хокистар гашт. Миш-мишҳо зиёданд, ки хостгорони духтарам Садбаргам ин корро кардаанд, вале азбаски шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатист, ман, як зани танҳо ҳарчанд такудав карда бошам ҳам, душманеро, ки манзиламро оташ зад, пайдо карда натавонистам. Аз ғаму дарду алам бемор шудаам, намедонам дардамро ба кӣ гўям. Сарнавишти талхамро ба он хотир ба сомонаи Оила нақл кардам, ки ба дигар падару модарон дарси ибрат гардад ва эҳтиёт бошанд. Кошкӣ духтарамро сари вақт ба шавҳар медодам, шояд ин рӯзи сахт ба сарам намеомад...
Муҳаббат аз н. Восеъ