Ду рӯз боз аз Қундуз ҳезуми фурӯшӣ намеоварданд. Захираи он дар шифохонаи Майдони ҳавоӣ, урдугоҳи муҳоҷирини тоҷик, тамом шуда буд. Бе хӯроки гарм мондани беморону бе оби ҷӯшон асбобу васоити ҷарроҳӣ ҳеҷ мумкин нест, - аз дил гузаронд мудири хоҷагии дармонгоҳ Сабур.
Субҳи барвақт баъди хондани намози бомдод ӯ ба занаш гуфт, ки ҳамроҳи писараш Зокирҷон барои ҳезум меравад. Як ду дарза хор овардан даркор, ҳезум тамом шудааст.
- Мардакҷон, хор гуфтӣ, ҳамин шав хов дидум, ки дар чашмум хор задаст, эҳтиёт куне, - гуфт завҷааш.
- Ай беаловира занако дига хор хов мебинан, - гӯён гапро оҳанги шӯхиомез дода бошад ҳам, вале Сабур аз ин суханони занаш худро ноҳинҷор ҳис кард.
Пеш аз он ки аз хона барояд, аз чӣ сабаб бошад, ба чеҳраи масти хоби духтари хурдиаш Марзияи дуввунимсола нигарист. Духтарча низ магар инро ҳис кард, ки чашм кушоду аз ҷойгоҳи хоб хеста, бо дастони боз сӯи падар шитофт. Қалби Сабур аз ин амали фарзандаш такон хӯрд. Хам шуду ӯро ба оғӯш гирифт ва аз пешониаш бӯсид. Духтарча ҳеҷ намехост, ки аз оғӯши гарми падар фарояд. Ин лаҳза ӯ занбӯри асалеро шабеҳ буд, ки аз накҳати гули дарёфтааш серӣ надошт. Гуле, ки лаҳзае баъд хазон хоҳад шуд.
- И сияҳпича имрӯз чӣ сархӯрие дора,-гӯён модараш мисле, ки оҳанпораеро аз оҳанрабо меканда бошад, базӯр Марзияи гирёнро аз оғӯши падар канда гирифт.
Сабури аз кори духтараш мутаассир танҳо дар нимароҳ ба ёд овард, ки банди ҳезумкаширо фаромӯш кардааст. Зокирро барои овардани банд ба хона фиристод. Қадамзанон ба атроф менигарист. Аз дур хорзоре дид. Буттаҳояш хушкидаву дароз-дароз. Аз хурсандӣ ба он сӯ шитофт.
Баробари ба хорзори хушкида расидан, пои Субур ба сими таранг кашидае бархӯрд. Садои ба ҳам бархӯрдани ду ҷисми оҳанинро шунид. Танҳо дар ҳамин лаҳза дарк кард, ки ин хорзори анбӯҳ балоеро ба ҳамроҳ дорад. Вале дер шуда буд. Садои таркиши мудҳише атрофро ба ларза оварду паррандагони болои ғалазорро ба парвоз.
Сабур баробари ба ҳуш омадан кӯшиш кард, ки аз ҷой бархезад, то Зокирро аз ин хатар огоҳ кунад. Намонад, ки ӯ пешаш биёяд. Вале натавонист. Пои чапаш аз буҷулак поин канда шуда буд. Хуни баданаш ба суръат мерафт. Ӯ пайваста ҳаракат мекард, ки аз ҷой бархезад, вале беҳуда. Бо як азобе ба зонуи пои сиҳаташ такя карда, ба атроф нигарист. Писарашро надид. Вале се нафар афғони либоси низомӣ дар танро дид, ки понздаҳ-бист қадам дуртар аз ӯ истода фарёд мезаданд:
- Тоҷикӣ шӯр нахӯр (яъне наҷунб) дига, ту дар замини майн астӣ. Шӯр нахӯр, ки яки дигаш боз мунфаҷир нашава. Мо оҷилан тонке меорем, туро хоҳем гирифт, Худое накарда захмӣ - ку нестӣ, тоҷикӣ?
Сабур баъди шунидани ин суханҳо бо вуҷуди эҳсоси дарди шадиде ба атрофаш нигарист. Худоё, чӣ даҳшате! Сари ҳар як қадам минаҳо чун морҳои афъие, ки омода бар ҳуҷуманд, аз хок сар боло карданд. Ӯ чӣ тавр понздаҳ - бист қадам аз даруни миназор роҳ паймуда, ки минае натаркидааст, танҳо ба Холиқи якто маълум. Сабур тамоми қувваташро ҷамъ карда, ба овози хаста ба афғонҳо гуфт, ки аз писараш бохабар бошанд. Ба наздаш омадан намонанд. Ӯ бошад шадидан захмӣ аст, наметавонад ҳаракат кунад.
Дар ҳамин лаҳза Зокир аз дур намоён шуд. Ду нафар сарбози афғонӣ ба сӯяш шитофтанд. Пеш аз он ки ӯро аз фоҷиа огоҳ созанд, аз дастонаш маҳкам қапиданд ва ба ҷои воқеа оварданд. Ӯ ҳис кард, ки бадбахтие рух додааст. Банохост дар назди корзори анбӯҳ падарашро дид. Ранги рӯяш сап – сафед кандагӣ. Дузону истода, ба сӯи ӯ менигарад. Зокир аз дасти афғонҳо худро канда, ба сӯи падар давиданӣ буд, ки нагузоштанд.
- Мумкин нест, он ҷо замини майнкорӣ аст. Сабр кун, тоҷикӣ,-гуфт афғоне.
- Сабр кун, бачам,- гуфтани падараш низ ба гӯшаш расид. - Ҳамуҷа бест бачам, ки инҷа ҳамаш минаҳай. Худта эҳтиёт кун. Пои чапум ай буҷулак поин канда шудааст. Бра одамои боақла бугу биёян, як илоҷ кунан. Хун рафтестас. Очатаву гулакора натарсонӣ бо, бачам. Тез бра, бачам.
- Не, авои ҷун, тура тоқа намемонум. Пешут миём, майлуш чизе шава. Ҳуюм куне, эй одамо, охир авома ҳуч кунум биёрум бай ҳамиҷара,- зораву тавалло мекард Зокир.
- Эй бародари тоҷикӣ, мумкин нест. Охир, бубин он ҷо ҳар сари қадам як майн хобидааст. Нобуд мешавӣ. Сабр кун, мо нафаре фиристодем, тонк меорад. Бо тонк пешаш хоҳем рафт ва падаратро хоҳем гирифт. Инҳо майнҳои зиддипиёданизоманд, ба тонк таъсире нахоҳанд дошт, - гуфт яке аз муҷоҳидон.
- Зокирҷон, бачам гапа гӯш ку, бра, одамои боақла файрод кун биёян, як илоҷи кора бураван. Иҷа наест, тез бра, бачам.
ҲАМЧУНИН:
Зокир ҳеҷ намехост, ки аз назди падари маҷрӯҳи дар доми аҷал гирифтораш дур равад. Ӯро ҳиссиёте фаро гирифта буд, ки суханони падарашро охирин бор мешунавад, ӯро охирин бор зинда мебинад. Вале аз тарафи дигар наметавонист охирин амри падарашро иҷро накунад, наметавонист, ки барои ҳаёти ӯ мубориза набарад. Ӯ бо чашмони ашколуд попӯшҳояшро ба даст гирифта, ба тамоми қувва ба сӯи манзилҳои муҳоҷирин давид.
Сабур гӯш ба қимор буд, ки ана ҳоло ғурроси танк мебарояд ё лаҳзаи дигар. Вале ҳеҷ не ки ин садо ба гӯшаш бирасад. Хун беист мерафт. Аҳволаш вазнинтар шуд. Нафасаш тангӣ мекард. Ҳалқаш қоқ шуд. Чашмаш ба ҷӯи хуне афтод, ки ба решаи хоре ҷорӣ буд.
Пиндошт, ки он хор бо як ҳаловате хуни ӯро мемакад. Тамоми қувваташро ҷамъ карда, ба по хест, ба як пои рост. Аз дур сурати занашро шинохт, ки пеш-пеши анбӯҳи муҳоҷирин Марзияи хурдакак дар даст нолакунон ба сӯи ӯ мешитофтанд. Аз дидани ин манзара ашк бар чашмонаш ҳалқа зад.
Банохост аз шиддати дарди ҷонкоҳ сараш гирд гашта, чашмонашро сиёҳӣ фаро гирифт. Дигар касеро надид. Ба дастаконаш ин сӯву он сӯ такягоҳ ҷуст, то наафтад. Аммо … Таркиши пурдаҳшате онҳоеро, ки ба ҷои ҳодиса мешитофтанд, лаҳзае аз роҳравӣ боздошт. Моту мабҳут кард. Наход, ки Сабур бори дуюм ба мина бархӯрд?
Ҳа, Сабури ноком ин дафъа рост бо шикам ба болои мина афтода буд. Тани ӯ дигар намеҷунбид. Ӯ овоз ҳам намедод. Аз таги баданаш ҷӯяҳои хун бо суръати бештаре сӯи решаҳои хор ҷорӣ буданд. Нолаву фарёд бароварданд мардуми мазлуми дур аз Ватан. Муҷоҳидини афғонӣ базӯр пеши роҳи муҳоҷирини ба эҳсос омадаи тоҷикро гирифтанд. Варна, мешуд, ки чанд тани дигар ба хотири берун кашидани ҷасади Сабури ҷавонмарг ба ҳалокат бирасанд.
Завҷаи бахтбаргаштаи Сабур Марзияи хурдсол дар даст нолаи ҷонсӯз мекарду ашки ҳозирин шашқатор мерехт.
- Сабуре, сағирадухтарта бин, ай пугаҳӣ ису хап намекуна. Аво, аво мега. Сиёҳпича чизера медонистаст... Сабуре, хор гуфтиву хору зормон кардӣ. Ҳаму хове, ки гуфтум, рост баромад. Эй Худои ширине, беватаниму бас набуд, ки кӯдакома бепадар кардӣ?...
Гиряву нола, лобаву зории завҷаи Сабур ва мардуми ба маънои тамом дар ин лаҳза бечораи муҳоҷирини Майдони Ҳавоӣ то намози аср, то омадани тонк давом кард. Зеро касе аз ҳозирин қодир набуд минаеро хунсо кунад. Тонк то ба назди ҷасади Сабур расидан боз сездаҳ минаро зер карда тарконд. Зокир, ки дар дохили тонк буд, бо он банди барои ҳезум овардааш дар мили тонк овезон шуда, ҷасади беҷони падарашро ба оғӯш гирифта, ба ҷои бехавф баровард.
- Бародарони тоҷикӣ, - ба сухан даромад яке аз фармондеҳони афғоние, ки тонкро оварда буд. - Аз Шумо хоҳиш дорам ҳар куҷо, ки чунин хорзори анбӯҳро дидед, ҳаргиз наздик нашавен. Зеро ин хорҳо хорҳои одамхӯранд. Одамхӯр барои он ҳастанд, ки атрофашон ҳанӯз дар даврони ҷанги шӯравӣ майнкорӣ шуда. Дар ин Афғонистони ҷангзадаи қашшоқи бесӯзишворӣ ин хорзор ҳазорҳо тан мардуми нодорро ба доми фиреби худ кашидаанд ва хуни ҳазорон фардро ба роҳат чашидаанд. Инсон дар авохири асри бист махлуқи беҷонро одамхӯр кардааст. Мо онҳоро хорҳои одамхӯр мегӯем, аз онҳо ҳазар мекунем...
Сабури худораҳматӣ чаҳордаҳумин муҳоҷири тоҷик буд, ки тӯъмаи ин хорҳои одамхӯр гардид.