Ассалому алайкум! Ман, як зани маризи ба доми шаётин гирифтор мехоҳам аз шумо маслиҳат бипурсам.
Вақтҳои охир ба дарди васвос гирифтор шудаам. Бе ягон сабаб, худ аз худ ба ҳама чиз нафрат пайдо карда, баҳудаву беҳуда бо ҳама ҷангу ҷанҷол мекунам. Ростӣ, ба духтур муроҷиат кардам, вале доруҳои асаборомкунанда навишта бошанд ҳам, заррае фоидае накард, баръакс баъди истеъмолашон асабам бештар хароб шуда, шабҳо бедорхобӣ мекашам. Гуфтанд, ки ба ман қувваҳои ғайб асар кардаанд. Шавҳарам домуллоеро ба хона оварда, маро хононд. Боз ҳам бефоида.
Вақте ки ба худ меоям, ақлам солим аст ва аз шавҳарам узр мепурсам, вале писарам мегӯяд, ки очаҷон, асабот вайрон шавад, ҳамаи моро ҳақораткунон аз хона пеш мекунӣ.
Дар ҳақиқат вақте ки дардам хурӯҷ карда, асабам вайрон мешавад, худам намефаҳмам, ки чи кор карда истодаам.
Хушдоманам ҳар рӯз ба шавҳарам мегӯяд, ки ин зани девонаатро бурда ба хонаи очааш мон ва писаронатро гиру тӯй карда, ягон зани солим бигир. Ин гапҳоро шунида ман якбора девонатар мешавам. Вақтҳои охир шайтон васвасаам мекунад, ки писаронамро гирифта, рафта худамро ҳамроҳи фарзандонам ба дарё партоям.
Метарсам, ки ягон рӯз даст ба худкушӣ зада, қотили худ ва кӯдаконам нашавам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Бо эҳтиром: В