Sebiston new 2024 october
«Хонаи девона» - манзили ғайриоддӣ
31.08.2024
ОИЛА.ТҶ
860

Данг Виет Нга - духтари президенти Ветнам дар кишвараш меҳмонхонаеро бо тарҳи ҷолиб сохтааст, ки онро «Хонаи девона» (“Crazy House”) меноманд.

Бино аз ҷумлаи маконҳои машҳури сайёҳии Ветнам ба ҳисоб меравад, зеро тарҳи он ҷолиб аст: болои бом бо занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳо оро ёфтааст. Дар деворҳои дохил расмҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва дар фаршаш хазандаҳо тасвир гардидаанд. Аз дур онҳо мисли ҷонварони зинда ба назар мерасанд.

Дар дохили «Хонаи девона» як гӯшаи алоҳида - хонаи хурди «Моҳи асал» ҷойгир аст, ки барои навхонадорон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД