Ману Фирӯз бо ҳам риштаи муҳаббат баста будем. Нияти бо ҳам хонадор шуданро доштем. Шабҳо телефонӣ сӯҳбат мекардему рӯзона вомехӯрдем. Чунон ба якдигар одат карда будем, ки як рӯз набинем, беқарор мешудем.
Фирӯз ҷавони зебову сухандон буду ба гӯшам афсонаи ширини ишқро мехонд. Меҳрубонона «Ту арӯси ман мешавӣ» гӯён, дилпурам мекард.
Хоҳарам Нигина аз ишқи ману Фирӯз огоҳ буду баъзан хоҳиш менамуд, ки телефонро диҳам, то бо язнааш каме сӯҳбат кунад. Мани гаранги дилсоф телефонро хурсандона сӯяш дароз мекардаму Нигина дуртар рафта, бо Фирӯз соатҳо сӯҳбат мекард. Оҳиста-оҳиста рафтори ошиқам дигар шуд. Бо суханҳои таҳқиромез маро меранҷонд.
«Бо Фирӯз гап заданатро дуюмбора нашунавам! ӯ маро дӯст медорад, ҳозир ба назди хонаамон меояд»,- бешармона талаб кард рӯзе Нигина аз мани дилхаста.
Дар ҷоям шах шуда мондам. Гумон кардам як сатил оби хунук ба сарам рехт. Фирӯз пас аз лаҳзае омаду бо Нигина ба тамошои боғу гулгаштҳое, ки макони вохӯрии ошиқонанд, рафтанд.
Дертар фаҳмидам, ки хоҳарам маро доим дар назди ошиқам бад мекардаасту худаш ба боварии Фирӯз даромада, калиди дилашро ба даст овардааст.
Бо хоҳарам қаҳрияму намедонам чӣ гуна аз ин ғам раҳоӣ ёбам. Имрӯз ба ғайр аз фикри худкушӣ дигар дар сарам андешае давр намезанад. Аз ҳаром мурдан метарсам. Маслиҳататонро интизорам, хонандаҳои азиз!
Рухсора, н. Хуросон