Sebiston new 2024 october
ХАСИСӢ ВА ИСРОФКОРӢ АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ
1726

 

Баъзе инсонҳо ба ин ақидаанд, ки бинобар кӯтоҳ будани умр бояд ҳарчӣбештар аз лаззатҳои зиндагӣбаҳравар шуд, то кас дар армон намонад.

Қисми дигар ҷамъоварии молу сарватро ҳадафи аслии зиндагии хеш қарор медиҳанд ва ба ғундоштани ҳар чӣбештари молу дороӣпардохта, дигаронро аз хайру манфиати он маҳрум месозанд.

Инсонҳое ҳастанд, ки қасдан худро аз неъмати зиндагӣва моли ҳалол маҳрум намуда зиндагии хешро ба мисли мустамандон (муҳтоҷон) сипарӣменамоянд. Аз чизҳое, ки доранд баҳра намегиранд ва аз зиндагии хеш лаззат намебаранд.

Қисми ками инсонҳое вуҷуд доранд, ки умри кӯтоҳашонро баҳри хизмат ба мардум сарф менамоянд ва молу дороии худро ҷиҳати хайру манфиатҳои хеш ва ҷомеа истифода мебаранд. Ин гуна ашхос новобаста аз умри кӯтоҳи худ бинобар накӯном зистанашон ҳаёту зиндагии тӯлонӣдоранд. Чунончи Шайх Саъдӣфармудааст:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Маълум мешавад, ки бахилию хасисӣбемории хатарноке буда, касро аз пой меафканад. Рӯзе Расули Худо (с) шахсеро бо либоси куҳнаву номураттаб дида, пурсиданд:-Молу сарвате дорї?

Он шахс гуфт:-Бале дорам.

Расули Худо (с) фармуданд: -Чӣнавъ молу сарват дорї?

Ӯ ҷавоб дод:-Тилло, нуқра, шутур ва гӯсфанд дорам.

Ҳазрати Муҳаммад (с) ба ӯ фармуданд: «Дар ин сурат беҳтар он аст, ки осор ва нишонаҳои неъматҳои Худованд дар ту дида шавад. Зеро Худованд вуҷуди нишонаи неъмати худ ба бандагонашро дӯст медорад».

Аммо бархе роҳи ифратро дар пеш гирифта, худ ва хонаводаашонро дар ботлоқи исроф ва рехту пошу комҷӯиҳои нораво ва анвою ақсоми лаззатҳо ва мазоҳири зиндагии дунявӣғарқ менамоянд. Бо вуҷуди чунин исрофкориҳо ин тоифа ба мушкилиҳои мардум ва камбудиҳои ҷомеа таваҷҷуҳе надоранд. Вақте барои хайру эҳсон ва ҳамкорӣзаминае фароҳам ояд ва ба кӯмаку ҳимояти сарватмандон ниёз вуҷуд дошта бошад, ба он пушт мекунанд, чеҳра дарҳам мекашанд ва узру баҳона пеш меоранд. Ҳамчунин шикоят мекунанд, ки мушкилоташон зиёд асту тиҷораташон касод шудааст. Тавре худро хору муфлис нишон медиҳанд, ки гӯё ба кӯмаку садақаи дигарон ниёз дошта бошанд. Аммо ин тоифа дар робита ба амалҳои гуноҳ ба исрофкорӣроҳ медиҳанд. Сабаби дар кори хайр сустӣ намудану дар амалҳои намоишкорӣисроф намудани онҳо ду чиз аст: Якум, сустии имонашон. Худованд барои касоне ки як қисми дороии худро бо ризоияти хеш дар роҳи хайру манфиати мардум истифода мебаранд, подоши зиёд ваъда додааст.

Дуюм, ин тоифаи исрофкор фирефтаи васвасаи Шайтон шудаанд. Зеро Шайтон метарсонад, ки бо хайру эҳсон кардан инсон ба қашшоқӣмубтало мешавад. Худованд дар ин хусус дар сураи «Бақара», ояти 268 хабар додааст: «Шайтон шуморо (ба ҳангоми хайру эҳсон метарсонад ва) ваъдаи камбағалшавӣ дода, ба сӯи гуноҳ мекашад. Аммо Худованд ба шумо ваъдаи омурзиши хеш ва фузунии неъматро медиҳад. Худованд (ба фазлу раҳматаш) аз ҳама чиз огоҳ аст».

Ашхоси мумсик чунин меҳисобанд, ки барои танҳо (дур аз ҷомеа) зиндагӣкардан офарида шудаанд. Аз ин рӯ танҳо дар баробари худ масъулият доранду бас. Яъне, парвои бечорагону муҳтоҷон надоранд. Аммо дар ислом ба аҳволи муҳтоҷон бепарвоӣзоҳир намудан раво нест. Чунончи Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар кас ки шаб бихобаду бидонад, ки ҳамсояаш гурусна аст, ӯ ба ман имон наовардааст».

Яке аз нишонаҳои ҷомеаи солим ин аст, ки афроди он дар зиндагии шахсӣва хонаводагӣмоли худро дар ҳадди маъқул ва муътадил харҷ менамоянд. Аммо дар зиндагии иҷтимоии худ бисёр саховатманд буда, барои хайру эҳсон ҳадде намегузоранд.

Худованд дар сураи «Аъроф», ояти 30 мефармояд: «Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед».

Расули Худо (с) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд, ки «Сарфаю сариштакор қашшоқ намешавад». Бинобар ин бояд дар зиндагии рӯзмарра сарфаю сариштакориро пешаи худ сохта пулу моли аз хонавода зиёдатиро ба муҳтоҷон хайр намоем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД