Як ваҷаб роҳ аст Бедил, аз ту то домони хок,
Дар сари миҷгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош.
Дар ҳақиқат зиндагӣ афсонаи буду набуд аст ва умри инсон ба як қатра ашке мемонад, ки дар сари миҷгон истодаву ҳар лаҳза метавонад фурӯ рехта, бо хок даромезад, ба нестӣ равад. Ҳеҷ кас намедонад, ки аҷал ӯро кай ва дар куҷо гиребонгир хоҳад шуд. Аз фариштаи марг ягон роҳи халосӣ нест, дар тахти шоҳӣ нишастаӣ ё гадои бечораӣ, савори тайёра меравӣ ё харсавор аслан фарқе надорад, ҳар куҷое, ки набошӣ, чун паймонаи умрат пур шуд, дарёбат мекунад ва панҷа бар гулӯят зада, ҷонатро ба ҳар василае, ки хост, мерабояд. Фоҷиаи як мӯйсафеди 74-сола, ки ғофил аз пешомади худ харсавор мерафт, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз марги фоҷиавии як марди солхӯрда дар шаҳри Панҷакент хабар додааст. Тавре манбаъ мегӯяд, санаи 23-апрел, тахминан соатҳои 10.40 ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Лабо” Парвиз Солеҳов ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳасан аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада ба аробае бархӯрдааст, ки ба думи хар баста шуда буд.
Дар натиҷаи ин садамаи хунин сокини деҳаи Суфиён Холмурдов Нормуроди 74-сола, ки и харсавор мерафт, захмҳои зиёде бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.