Хандаи кӯдак ба ҳар оила фазои шодию фараҳ меорад. Аммо дар баъзе хонаводаҳо агар кӯдак дурудароз хандад, калонсолон кӯшиш мекунанд, ки ӯро аз ханда боз дорад, зеро дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки хандаи зиёд ба кӯдак зарар дорад. Дар асл ханда ба кӯдак зарар дорад ё фоида?
Духтурони кӯдаконаи бритониёӣ муайян кардаанд, ки хандидан ба саломатии кӯдакон фоидабахш аст. Барои солим будан, кӯдак бояд дар як рӯз 15-20 маротиба ва на камтар аз 10 дақиқа бихандад.
Ханда хосияти пешигирикунандаи бемориҳоро дошта, метавонад аз илтиҳоби меъда, қабзият ва дигар бемориҳои илтиҳобӣ ҷилавгирӣ намояд. Ҳангоми хандидани кӯдак мушакҳои бадан ҳаракат намуда, кори узвҳои дарунӣ фаъол мегардад. Ҳангоми хандидани кӯдак узвҳои нафаскашӣ маҳс карда мешаванд ва кори шуш фаъол мегардад.
Ханда иштиҳои кӯдакро мекушояд
Агар кӯдаки бемор ё ба ҳолати дигари ногувор гирифтор бошад, волидонро зарур аст, ки бо ёрии ханда ҳолати ӯро беҳтар намоянд. Кӯшиш кунед, ки ба кӯдаки худ бо чеҳраи гирифта сухан накунед, зеро қошу қавоқи овезони падару модар ба рӯҳияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.
Хандидан шавқи кӯдакро бештар намуда. иштиҳояшро мекушояд. Хандаро давои беҳтарини тамоми дардҳо мегӯяд, вале ҳама чиз меъёр дорад. ҳатто ханда низ. Хандидаи аз ҳад зиёд ва дурударози кӯдак боиси афзоиши ҳаяҷон гашта, дар натиҷа тифл аз хастагӣ афтида метавонад, бинобар ин, ба хотири хандондан кӯдакро қитиқ накунед.
Чаро ханда муфид аст?
Асабшиносони сатҳи ҷаҳонӣ хандаро яке аз роҳҳои асосии қоҳиш додани ҳаяҷон мегӯянд. Ханда ҳормонҳои стресс - кортизон ва адреналинро коҳиш дода, эндорфинҳо - афюнҳои худи баданро афзоиш медиҳад, ки дардро кунд намуда, ҳисси хушҳолиро боло мебарорад. Хусусиятҳои фоиданоки хандадармонӣ ин истироҳати мушакҳо, хоби беҳтар, баланд бардоштани қобилияти эҷодӣ ва мустаҳкам шудани хотира, ҳазми осон, муътадил шудани фишшори хун мебошад.
Гузашта аз ин, коршиносон қайд мекунанд, ки новобаста аз шароит ва муҳит хандаи кӯдакон як хел аст. Ин ифодаи кушоди шодмонист. Он беихтиёр ба амал меояд ва то даме, ки таъсири беруна давом мекунад. идома хоҳад ёфт.
Писарон нисбат ба духтарон каме бештар механданд, дар ҳоле, ки калонсолони ҳарду ҷинс баробар механданд.
Кӯдакон аввал дар шашҳафтагӣ табассум мекунанд ва дар семоҳагӣ механданд, вале баъзеҳо пас аз шаш моҳ ба хандидан шурӯъ мекунанд, бинобар ин, агар кӯдак ҳанӯз ханда накунад, ҷои тааҷуб ва нигаронӣ нест.
Баъзе кӯдакон танҳо дар охири моҳи сеюм ба хандидан оғоз мекунад.
Кӯдак дар як рӯз то 300 маротиба механдад. Аммо шахси калонсол ба ҳисоби миёна дар як рӯз ҳамагӣ 15 маротиба табассум мекунад.
Олимони донишгоҳи Стэнфорд тадқиқот гузаронида, муайян намуданд, ки ханда дар рушди кудак аҳамияти бузург дорад. Таҳқиқот нишон додааст, ки ҳангоми ханда баъзе минтақаҳои майнаи сар фаъол шуда, бемориҳои ба он ҷо вобаста буда дур мешаванд.
Ханда яке аз равандҳое мебошад, ки барои ғолиб омадан бо эҳсосоти дарднок, ба мисли хашм, тарс, шарм кӯмак мекунад.