Arzon march 2024
КӮДАКОНИ БАРТАНГ ДАР ДАРУНИ ХОКУ ЧАНГ ДАРС МЕХОНАНД
2961
КӮДАКОНИ БАРТАНГ ДАР ДАРУНИ ХОКУ ЧАНГ ДАРС МЕХОНАНД (ВИДЕО)

Як сол қабл яке аз холазодаҳоям ба шаҳри Душнбе ба хонаи мо ба меҳмонӣ омада буд. Аввалин ҷое, ки ӯ хост бубинад, мактаб буд. Ҳайратзада шудам. Чаро боғу “карусел” нею мактаб?

Меҳмони мо вақте бинои 3 ошёна ва таъмири замонавидоштаи мактаби рақами 92-и ноҳияи Синоро дид, ангушти ҳайрат газид. Бачаи бечора бо чашмони маҳзун зинапояю деворҳои рангин, фаршҳои кафелии дурахшону сақфи зебо ва мизу курсиҳои якранги мактаббачаҳои Душанбегиро тамошо карда, зери лаб пичирросзанон мегуфт: “Кошкӣ ман ҳам дар шаҳр таваллуд мешудаму ҳоло дар чунин мактаби зебо таҳсил мекардам...”

Ростӣ, дар аввал ба маънии гапҳояш чандон сарфаҳм нарафта гуфтам, ки аксари одамони шинохтаи кишварамон маҳз аз деҳа баромадаанд. Хешамон сар ҷунбонда гуфт: “Ман аз деҳотӣ буданам намешармам, вале аламам мекунад, охир мо аз кӯдакони шаҳр чӣ камӣ дорем, ки насибамон чунин шаҳомат нагашт?”.

Ин суханони пурдарди хешбачаамро шунида, мурғи хаёлам ба дуриҳои дур парвоз кард ва беихтиёр мактаби худамон ба ёдам расид. Дар байни синфхонаи калони мо “печка” часпонда буданд.

Дар фасли зимистон тамоми синфхонаҳои мактабро бо ҳамин усул гарм карданӣ мешуданд, вале аксар вақт алов дар неагирифта, фақат дуд мекард. Бӯйи тези ангиштсанг дар синфхона паҳн шуда, мо, мактаббачаҳо қариб нафасгир мешудем. Бечора муаллимон саросема моро ба берун мебароварданд, то ки аз ҳуш наравем.

Ҳама хуб медонанд, ки ҳавои Бадахшон чӣ қадар сард аст. Аксар вақт ангуштонамон аз хунукӣ ях карда, дигар ручкаро дошта наметавонистем. Маҷбур мешудем, ки бо иҷозати муаллима бо навбат дар гирди оташдон ҷамъ шуда, каме ҳам бошад, дасту пойҳоямонро гарм кунем. Ба ҳамин васила рӯзи дарсӣ сипарӣ мегашт.

Ҳамаи ин хотираҳои талхи замони мактабиро дар зеҳни ман як навори видеоӣ, ки онро Музаффар Имомдод аз ноҳи Рӯшон сабт намудааст, бедор кард.

Вазъи мактаби №21 ба номи Қулмамад Абдулҳусейнови деҳаи Равмеди ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон бисёр ташвишовар аст. Агар таблои мактаб намебуд, шахси бегона ва ё меҳмони хориҷӣ шояд ба ҳайрат меафтод, ки чаро кӯдакон бо сару либоси мактабӣ ба ин анборхона рафта истодаанд? Оре, намуди зоҳирии мактаби мазкур анборхонаро ба ёди кас меорад.

Дар видео баръало намоён аст, ки фарши долон ва синфхонаҳои мактаб хокӣ буда, ҳадди ақал бо тахтаҳои оддӣ пӯшонда нашудаанд. Андоваи деворҳо рехта, дари синфхонаҳо аз дари оғилғона қариб, ки фарқе надоранд. Дохили синф тип-торик аст. Ҳавои дохили мактаб намнок буда, саломатии муҳассилину омӯзгорон ва дигар кормандони мактабро зери суол мегузорад. 

Ахиран, Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон видеои Музаффар Имомдодро мавриди баррасӣ қарор дода, дар вокуниши худ зикр кард, ки дар миқёси вилоят 51 адад мактаби таъмирталаб ё дар ҳолати садамавӣ қарордошта мавҷуд аст. Вокуниш бар он асоснок мешаад, ки ин мактабҳо шумораи ками хонандагонро дошта, таъмири онҳо зери суол аст.

“Мактаби Равмед (боми ин мактаб аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав карда шуд) ва ба ин мисол мактабҳои хурде, ки дар деҳаҳои дурдаст ҷойгир шудаанд, ояндаашон имрӯз зери суол аст. Дар ин мактаб ҳамагӣ 54 талаба таҳсил доранд, дар синфи 11 ҳамаги 3 талаба дарс мехонанд ва дар синфи 10 бошад тамоман талаба нест. Ба таълим дар ин мактаб 13 муаллим машғуланд. Дар ВМКБ муассисаҳои таълимие, ҳастанд (ибтидои) ки ҳамагӣ 7 талаба доранд. Чунин мактабҳо аслан дар водии Бартанг , қисмати болоии ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Мурғоб ҷой доранд. Имрӯз мақомот аз як тараф мехоҳад ин мактабҳоро бандад ва ё ба мактаби ибтидои табдил диҳад ва хонандагони синфҳои 5 — 11 -ро дар мактаб интернатҳо (масалан дар ноҳияи Рӯшон мактаби интернати Вомар ва е Сипонҷ) ҷой диҳад, ки шароити хондан, хурду хурок ва будубош он ҷо хеле хуб аст. Мутаассифона, падару модарон бо ин иқдом розӣ нестанд, чунки мехоҳанд кӯдакон дар пешашон бошанд ва инчунин дар корҳои хона низ кӯмак расонанд. Ба замми ин ҳангоми бастани мактабҳои хурд ва ё табдил додани онҳо ба мактабҳои ибтидои боиси бекории чандин муаллимон дар ин деҳаҳо мешавад. Аз тарафи дигар аз навсозӣ ва мабалағгузории онҳо ки имрӯз аз руи принсипи маблағгузории сарикаси аст аз нуқтаи назари иқтисоди хеле мушкил аст” - омадааст дар посухи МИҲД-и ВМКБ.

Ҳукумати вилоят то имсол як қатор мактабҳоро таъмир кард ва дар нақша дорад, ки дар панҷ соли оянда мактабҳои калонро азнавсозӣ кунад, вале тақдири мактабҳои хурд чӣ мешавад?

Боварӣ дорем, ки масъалаи мазкур аз мадди назари Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намемонад ва барои ин кӯдакони маҳзуну орзупарвар шароитҳои арзандаи таҳсилро фароҳам меоранд. Бо вуҷуди ин, аз шахсони саховатманд ва дигар афроде, ки дар роҳи ҳақ кори хайр кардан мехоҳанд, хоҳиш менамоем, ки ба хотири саломатии кӯдакон ин мушкилотро сарфи назар накунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД