Чанд тавсияи муҳим ва муфид барои волидон
Имрӯз омӯзонидани фаҳмиши молиявӣ ба кӯдакон зарурати замон аст, зеро саводи молиявӣ ё худ фаҳмиши муносибат ба пул на танҳо дар рушди иқтисоди шахс нақши муҳим дорад, балки як ҷузъи тарбияи ахлоқии фарзанд мебошад.
Аз хурдӣ ба кӯдак арзиши пулро фаҳмонед
Албатта, тарбияи фарзанд аз хурдӣ оғоз меёбад. Кас аз синни ҷавонӣ фаҳмад, ки пул натиҷаи меҳнат ва заҳмати инсон аст, ба он бо эҳтиром ва эҳтиёт рафтор мекунад. Волидон метавонанд тавассути ҳар гуна бозиҳои шавқовар, овардани мисол ва иштироки кӯдак дар корҳои рӯзмарра ба ӯ нишон диҳанд, ки пул чӣ гуна ба даст меояд. Ҳамзамон, волидон ба кӯдак фаҳмонанд, ки пул барои чӣ сарф мешавад. Кӯдак бояд донад, ки пул дар натиҷаи меҳнат ба даст меояд, на худ ба худ. Яъне, ба кӯдакон фаҳмондани манбаи пул хеле муҳим аст.
Қадам ба сӯйи масъулият
Афзудани одати сарфакорӣ ва пасандоз дар кӯдакон ниҳоят ба ташаккули ҳисси масъулият ва хештаншиносӣ мусоидат мекунад. Гузоштани қуттии махсус барои ҷамъ кардани маблағ, муқаррар кардани ҳадафи молиявӣ, масалан, хариди китоб ё бозичаҳо ва таълими таҳияи буҷети шахсӣ метавонад кӯдаконро дар самти дурусти молиявӣ роҳнамоӣ намояд.
Ба фарзанди худ аз хурдӣ нишон диҳед, ки чӣ гуна маблағро сарфакарона тақсим кунад. Яъне, пеш аз харҷ, фикр карданро барояшон омӯзонед.
Иштироки кӯдакон ҳангоми харид
Яке аз роҳҳои амалӣ ва муассири омӯзиши саводи молиявӣ -иштироки фарзандон дар харидҳои оилавӣ аст. Шояд ба назаратон ин амали оддӣ намояд, аммо кӯмак мекунад, ки кӯдакон муқоисаи нархҳоро омӯзанд, ҳисоби оддиро аз хурдӣ иҷро намоянд.
Агар волидон хароҷоти оқилона кунанд, сарфаю сариштакорӣ намоянд, кӯдакон ҳам пайравӣ хоҳанд кард. Он чӣ волидон анҷом медиҳанд, фарзандон ҳам ҳамон амалро иҷро мекунанд.
Волидон - намунаи ибрат
Ҳеҷ сабақ беҳтар аз таъсир ё намунаи шахсии волидонро намедиҳад. Агар падару модар муносибати бомасъулият ба маблағ ва сарвати хона дошта бошанд, фарзандон ҳам мисли худашон мешаванд. Ба ибораи дигар, себ аз шохи худ дур намеафтад. Ба оилаҳои ҷавон тавсия чунин аст, ки буҷет созанд, сарфакор бошанд ва даромаду хароҷотро ҳисоб кунанд. Фарзандон ҳам рафтори онҳоро нусхабардорӣ мекунанд. Масалан, фарзандонро бо худ ба бозор ё мағоза бурда, нархҳоро нишон диҳед. Ҳамроҳ арзиши харидро ҳисоб кунед. Ҳамчунин, муқоисаи нарх ва интихоби маҳсулоти беҳтарро ба фарзандон фаҳмонед.
Тарбия барои оянда
Фарзандоне, ки фаҳмиши молиявӣ доранд, на танҳо маблағро боақлона сарф мекунанд, балки қарорҳои муҳим дар зиндагӣ қабул мекунанд. Ояндаашонро низ бо андеша ва масъулият месозанд. Онҳо метавонанд ба як насли соҳибфикр, кордон ва худшинос табдил ёбанд.
Бинобар ин, саводи молиявӣ дар оила бояд ҷузъи тарбияи ҳар як кӯдак бошад. Агар мехоҳем, ки фарзандонамон дар зиндагии мустақил ва рақобатноки замони муосир муваффақ бошанд, аз имрӯз онҳоро бо дониш ва малакаҳои молиявӣ мусаллаҳ созем.
Бо роҳандозии фаҳмиши молиявӣ дар раванди тарбия, волидон метавонанд фарзандони худро ҳамчун шахси мустақил, масъулиятнок ва боақл дар масоили молиявӣ табдил диҳанд. Ин на танҳо ба онҳо дар зиндагии оянда кӯмак мекунад, балки муносибати солим бо маблағро дар ҳама марҳилаи зиндагӣ таъмин менамояд.