Дар иёлоти Уттар-Прадеши Ҳиндустон духтарчае таваллуд шуда буд, ки ба моҳӣ монандӣ дошт.
Кӯдак гирифтори бемории нодире буд, ки дар илми тиб онро синдроми русалка меноманд. Пойҳои духтарак мисли думи моҳӣ ба ҳам часпида, ӯро ба русалка монанд карда буданд.
Аксари чунин тифлакон узвҳои ҷинсӣ надоранд ва меъдаашон қисман инкишоф наёфтааст. Дар ҷаҳон аз миёни сад ҳазор тифл яктояш бо синдроми русалка ба дунё меояд.
Ҳодисаҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки кӯдакони гирифтори чунин беморӣ то 10 сол умр ба сар бурдаанд.