Пневмония яке аз бемориҳои паҳншудаи роҳҳои поёнии нафас буда, натанҳо дар калонсолон, балки дар кӯдакон низ тез-тез вомехӯрад. Азбаски системаи муҳофизатии организми кӯдакон нисбат ба одами калонсол заифтар мебошад, онҳо ин бемориро нисбатан душвортар паси сар менамоянд.
Ба хотири пешгирии ин бемории сироятӣ мо бо мудири шуъбаи бемориҳои кӯдаконаи Маркази тиббии “Шифобахш” Воҳид Мирзоев дар бораи сабабҳои пневмония ва роҳҳои табобати он суҳбат намудем.
- Сароғоз бигӯед, ки пневмония чӣ гуна беморист?
- Пневмония яке аз бемориҳои шадиди сироятии роҳҳои нафас буда, бар асари он бештар паренхимаи шуш ва сохторҳои функсионалии ҳамшафати системаи нафаскашӣ осеб мебинанд. Пневмония дар кӯдакон бо заҳролудшавии умумии организм, баланд шудани ҳарорати бад, сулфа, пайдошавии балғам ва вайрон шудани мубодилаи газ дар шушҳо зуҳур менамояд.
- Ин беморӣ кай ва дар кадом фаслҳои сол авҷ мегирад?
- Пневмония аз ҷумлаи бемориҳои илтиҳобии роҳҳои поёнии нафас буда, бештар ҳангоми эпидемия, яъне авҷ гирифтани касалиҳои сироятӣ кӯдакон ба ин касалӣ гирифтор мешаванд. Маъмулан дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон хуруҷи ин беморӣ бештар ба назар мерасад, вале дар фасли баҳор ва тобистон низ кӯдакон ба пневмония гирифтор шуда метавонанд. Дар гурӯҳи хатар тифлакони навзод ва кӯдакони синни томактабӣ қарор доранд, зеро бо сабаби ҳанӯз ба пуррагӣ инкишоф наёфтани узвҳои роҳҳои нафас ва суст будани иммунитеташон ҷисми ин тоифаи кӯдакон ба муқобили беморӣ чандон фаъолона мубориза бурда наметавонад. Аз ҳамин хотир падару модарон бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини пневмония бояд ҳатман кӯдакро ба назди табиби кӯдакона ё пулмонолог бурда, аз ташхис гузаронанд ва аз паси табобат шаванд, зеро бепарвоӣ нисбат ба ин бемории шадиди сироятӣ оқибатҳои нохушро ба бор оварда, баъзан ҳатто то ба марг бурда расонида метавонад. Роҳ ва усулҳои табобати бемориро духтур муайян хоҳад кард.
- Мегӯянд, ки пневмония аслан бемории вирусӣ мебошад. Ин ақида дуруст аст?
- Дар таҷрибаи тиббӣ шакли вирусии пневмония нисбатан камтар вомехӯрад. Дар 80%-и ҳолатҳо барангезандаи ин беморӣ бактерияҳо мебошанд. Манбаи сироятёбӣ аз пневмония ба синну соли кӯдак ва муҳити зист бештар рабт дорад.
- Тифлакон дар батни модар ҳам ба пневмония гирифтор гашта метавонанд?
- Бале, тифлакон ҳатто дар батни модар ба пневмония гирифтор шуда метавонанд. Сабаби ҳанӯз дар батни модар ба пневмония гирифтор шудани тифл вируси герпеси навъи якум ва дуюм, ситомегаловирус, хламидаҳо, стрептококк, стафилококк ё чӯбчаи рӯда гашта метавонад. Дар ҳолати ба пневмония гирифтор шудани кӯдак ба худтабобаткунӣ роҳ додан қатъиян манъ аст. Волидон бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини пневмония ҳатман бояд кӯдакро ба назди табиби кӯдакона ё пулмонолог баранд.