Ишқи «раққосаҳо» оқибат Қаҳрамон- бойбачаро гадо кард
Сабукрав дар назди дарвозаи нақшин қарор гирифт. Қаҳрамон, ки ба ин хонадон на як бору ду бор омадааст, бе пӯшт-пӯшт даричаи дарвозаро кушода вориди ҳавлӣ шуд. Ин вақт холаи меҳрубонаш чойнаку пиёла дар даст аз ошхона берун мебаромад. Вай Қаҳрамонро дидан замон:
-Биёед писарҷон, бовар кунед, ҳозиракак аз дилам гузашта буд, ки шумо меоед. Дилҳо, ки ошност…
-Албатта, албатта, -сухани кампирро тасдиқ кард Қаҳрамон.
-Рафтем бачам, сӯҳбатро дар сари дастархон давом медиҳем.
-Фурсат танг холаҷон, шумо беҳтараш кори маро буд кунеду худатон ҳам тайёр шавед. Барои ман тӯй бе шумо маънӣ надорад.
-Холаатон садқа, илоҳо хокро гиред, зар шавад. Худо хоҳад ягон вақти дигар ман ҳатман меҳмони шумо мешавам. Ин бор маро маъзур медоред. Масъалаи раққоса бошад, пурра ҳал шудагӣ. Он кабки хиромоне, ки имрӯз бо шумо меравад, бемуҳобот тӯятонро дар мегиронад.
Қаҳрамон аз ин суханҳо ончунон хурсанд шуд, ки қариб буд, кампирро ба оғӯш гирфита, бӯсаборон кунад…
-Марҳамат холаҷон, - чеҳрахандон дари мошинро кушод Қаҳрамон.
Кампир ба курсии қафо ва Қаҳрамон паси чанбар нишасту мошин ба роҳ даромад.
хххххххх
Баъди як хамгаштро тоб хӯрдан бо ишораи холаи меҳрубон Қаҳрамон мошинро нигоҳ дошт. Офтоби оламоро саховатмандона нур мепошид. Ақрабаки соат акнун ба 9 наздик мешуд, вале аллакай одамон аз гармӣ сер шуда ба ҷойҳои серсоя майл мекарданд. Қаҳрамон дар паси фармон нақшаи амалиётро мекашид. Мардак дар куҷо ва чӣ сон бо «раққоса ишрат карданашро фикр мекард. Дар ин асно холаи меҳрубон ва он кабки хиромон ҳам омада монданд. Ҳай, ҳай қаду қомати зебо, чашмони шаҳло…
Аҷаб пайкари дилкашу чеҳраи гулгуне дошт ҷавонзани раққоса, дар партави офтоб аз зери пироҳани ҳарир тамоми баданаш намудор буд. Қаҳрамон бо майли том дасти нозуки ҷавонзанро фишӯрд. Ҳарду ба рӯйи ҳам табассум карданд.
Бо лутфи Қаҳрамон ҷавонзан бо кампир дар курсии қафои мошин ҷо гирифтанд. Лаҳзае пас сабукрав боз дар назди дарвозаи пурнақшу нигор қарор гирифт. Холаи ғамхору меҳрубон ба Қаҳрамон роҳи сафед ва барор хоста бо табъи болида вориди ҳавлияш шуд…
Ҳаво торафт метафсид. Аз шишаҳои паҳлуи мошин ба ҷойи ҳавои серун аз берун шамолаки гарм медаромад. Ҷавонзан бо рӯймолча арақи рухсора ва баёзи гарданашро пок мекард. Ба назар чунин менамуд, ки тайёр аст ҳамон як қабат куртаи баданнамояшро ҳам аз тан бадар кунад. -Тавба кардам, дигар то салқин шудани ҳаво ба тарафи шумо намеравам, -сӯйи ҷавонзан чашмакӣ зада ба гап даромад Қаҳрамон, -рӯзона аз ҷое ба ҷойи дигар рафтан азоби алим аст.
-Дар гармо ягона тасаллобахши ҷисму ҷон оби форам аст, -сухани Қаҳрамонро бурида гуфт ҷавонзан.
-Бубахшед, номи шумо чист? Ҳамин қадар роҳро тай кардему лоақал номатонро намедонам. Агар исми маро донистан хоҳед, марҳамат, Қаҳрамон гуфтан гиред.
-Гуля,- бо ишваи зебанда изҳор намуд ҷавонзан.
-Гуля!
-Чӣ, номам ба шумо маъқул нашуд?!
-Не, не баръакс Гуляҷон…
-Бовар кунед, ҳусну ҷамоли шумо баринҳо ҳар бинандаро моту маҳбут мекунад. Хуштолеъ будааст шавҳаратон. Ҳасад мебарам ба мардоне, ки шабро дар оғӯши зебосанамҳо мегузаронанд.
-Ҳеҳ, шавҳар, магар марди латта ҳам шавҳар шуда метавонад?! Чунин буд шавҳари ман, бӯсу канор он тараф истад, ҳатто гапи хушашро намешунидам.
Ҳар шаб аз куҷое масту аласт меомаду ба ман пушташро гардонида то нимаи рӯзи дигар мурда барин мехобид. Кадом зан бо ин хел мард тоқат мекунад? Охир, одами зинда…
Сабукрав роҳи мумфаршро қафо партофта ба тарафи рост тоб хӯрд ва каме дуртар аз канори кӯл дар зери дарахти паҳнбарге қарор гирифт. Қаҳрамон аз дасти нозуки Гуля гирифта, ӯро оҳиста ба берун кашид ва ҳарду дастобадаст ҷониби кӯл шитофтанд.
Гуля дар либоси оббозӣ боз ҳам зеботар метофт. Қаҳрамон мехост ҳарчӣ зудтар аз ин нозукбадан коми дил ситонад. Бо чунин мақсад дар шафати мошин ҷой густурда, ҳамаи дороиашро ба рӯйи дастархон кашид. Нон, чормағзу мавизу писта, гӯшти пухта, ҳасибҳои ҳархела, помидору банан, бодиринги тоза, навъҳои гуногуни нӯшокиҳои ташнашикан, коняку шомпан ва дар як термос чойи гарм ҳам.
Гуля пойҳояшро баробар бо қади кӯрпача ёзонида нишаст. Қаҳрамони шаҳватпараст бошад лаҳзае ҳам нигоҳашро аз ронҳои булӯрини зан намеканд.
-Гуляҷон, илтимос, тезтар шикамро сер кунему аз пайи кор шавем. Ин анорҳои…- ба пешобағали Гуля даст расонид Қаҳрамон.
-Намуред, шумо бетоқат, лоақал дар сари дастархон ором шинед, -гӯён ҷуссаашро қафо кашид Гуля.
-Хуб шудааст, ман розӣ…
Қаҳрамон ба ду пиёла коняк рехта, якеро ба Гуля дароз кард. Мардак бовар дошт, ки «ман наменӯшам» гуфта, ҷавонзан аввал ноз мекунад, вале Гуля пиёлаи пур аз шаробро бо майли том ба даст гирифта «барои дилхушӣ»-гӯён ба Қаҳрамон ишора кард. Ҳарду пешу қафо пиёлаҳои холишударо рӯйи дастархон монданд. Қаҳрамони ширакайф як пора гӯшти пухтаро ба даҳон партофта ба Гуля ҷафстар шуд .
Дар канори Гуля тасфи дилаш ҳеҷ паст намешуд. Гуля мисли фоҳишаҳои корозмуда пайкари зебояшро ёзонидаю ҷунбонида дили Қаҳрамонро об мекарду «ошиқи зораш» пайи ҳам ӯро ба «бистар» мекашид…
хххххххх
Қаҳрамон дар зиндагӣ аз ҳеҷ чиз камбудӣ надошт. Соҳиби зани боиффату зебо, фарзандони нозанин, мошину ҳавлии боҳашаммат буд, вале ба чунин меҳрубониҳои Худованд шукр накарда ба корҳои ҳаром машғул мешуд. Зинокориро ба авҷи аълояш расонда буд. Барои дилхушии лаҳзаина худро ҳофиз муаррифӣ карда бо нархи гарон «раққосаҳо»-ро меовард.
-Ин дунёи ҳаромкорон будааст, ин мардакро бинед, ба фисқу фуҷур олудаю дороиаш рӯз аз рӯз дар афзоиш, тавба….,-мегуфт яке.
-Ин тавр нагӯед, Худованд дергиру сахтгир аст. Ҳалолро ҳисоб, ҳаромро азоб. Оқибати ҳаромкорӣ фақат пушаймонист,- мегуфт дигарӣ нағмаҳои ин марди зинокорро дида ва гиребони тавба медоштанд.
Дар ҳақиқат давлату даврони Қаҳрамон дер напоид. Мардаки пулмаст чӣ сон ба вартаи муфлисӣ сарозер рафтанашро худаш нафаҳмида монд. Алъон Қаҳрамони дар роҳи зино ҳазорҳо долларро сарф карда ба дираме зор аст.
Абдуллоҳи Абдуллоҳзода, узви ИЖТ