Formula novemver 2024
Касофати бахилӣ Қисми 1
28.04.2022
ОИЛА
2545

Духтари даҳмарда

Ман дар оилаи камбағал ба дунё омада, аз хушиҳои зиндагӣ бебаҳра будам. Падарам солҳои шуравӣ ронандаи колхоз будаасту пас аз барҳам хӯрдани ин давлати абарқудрат бе ҷойи кор монда, ба чӯпонӣ гузаштааст.

Ӯ моли гову гӯсфандони сарватмандони деҳаҳои атрофро дар адирҳо нигаҳбонӣ мекарду аз ҳамин ҳисоб мо- шаш духтару як писарашро ба воя мерасонд. Мо духтарон либосҳои ҳамдигарро пӯшида калон мешудем, ман ки духтари хурдӣ будам, ҳеҷ гоҳ рӯи либоси навро намедидам ва кӯҳнаколаи апаҳои калониро ба бар менамудам. Бисёр вақт ба либосҳои зебо ва пойафзолҳои гаронбаҳои ҳамсинфонам нигариста, пинҳонӣ ашк мерехтам. Духтари зебо будам, вале зери кӯҳнаколаҳо ҷамолам низ ба чашми касе наметофт. Ман як даврони хушбахтӣ доштам, фасли баҳор! Чун баҳорон фаро мерасид, падарам ҳамаи моро ба кӯҳ мебурд, зеро мавсими тулгирӣ ва тароши бузу гӯсфандон фаро мерасид. Мо аҳли оила ба серӣ гӯшту нони тобагӣ ва ширу ҷурғоту равған мехӯрдем, аз ҳама хубтараш касе ба мо эрод намегирифт, ки чӣ гуна либос дорем, онҳо кӯҳнаанд ё нав? Солҳо пайи ҳам мегузаштанду апаҳоям як-як шавҳар карда, хонаи падариро тарк мегуфтанд. Азбаски онҳо дар кураи меҳнат обу тоб ёфта буданд, дар хонадони шавҳар соҳиби иззату икром мегаштанд. Дар кулбаи кӯҳнаи падар ману додарам мондем, ман дар синфи даҳ ва додарам дар синфи ҳашт таҳсил мекардем. Бо ёрии язнаҳоям, онҳо сарватманд набошанд ҳам, ба қадри имкон ба мо ёрӣ медоданд, хонаҳоямонро таъмир кардем. Ман низ соҳиби як- ду куртаи нав гаштам, зеро апаҳоям аз сари он чизе ки ҳамсаронашон барояшон медоданд, маро бенасиб намегузоштанд. Падарам пир шуда бошад ҳам, ба касби пешинааш машғул буду зиндагиямон якранг ҷараён дошт, вале…

                                Аёдат

Дар ҳамсоягии мо кампире бо номи Марям зиндагӣ мекард, ки мо ӯро мома ва модару падарам бошанд, оча мегуфтанд. Аз рӯи нақлҳои кампир медонистам, ки ӯ аз дори дунё як духтар доштаасту духтараш Сафаргул ҳангоми таваллуди фарзанди дуввумаш вафот мекунад. Домод фарзанди калонӣ Аноргулро ба бибии ҷигарсӯхта дода, писари ба қавли кампири Марям сархӯрашро бо худ мебарад. Аноргул, ки аз апаҳои ман ҳам калонтар буд, дар ҳамсоядеҳа шавҳар дошту зуд-зуд ба хабаргирии бибияш меомад. Фарзандонаш низ ҳамеша аз ҳоли бибии пирашон хабар мегирифтанд, вале кампирро асосан апаҳои ман ҳамроҳӣ мекарданд. Модарам мегуфтанд, ки раҳматӣ ҳамсари кампир хеши дури падарам мешудааст. Як шом кампир, ки хеле нотавон шуда буд, бемор буду наберааш Аноргул дар хонааш буд, модарам оши бурида пухта, дар табақи калоне бардошта гуфт, ки ба момаат бар. Ман ба хонаи кампир, ки чун хонаи худамон буд, даромада табақро пеши бистари кампир монда, коса овардаму хӯрокро кашида, назди апаи Аноргул ва момаам гузоштам. Онҳо ҳарду таърифкунон оши буридаи модарамро хӯрданду ман косаю табақро ҷамъ карда, дар лаби ҷӯй мешустам, ки мошине назди дарвозаи кампир истод ва аз он ҷавони зебое берун шуд…

                                    Меҳмони зебо

Ман гумон кардам, ки ҷавон раҳгум задааст, вале вай аз ман пурсид:

-Ҳамин ҷо хонаи Бибии Марям аст?

Ман “бале” гӯён, ҷавонро ба хона таклиф кардам. Ҷавон салом дода, назди бистари кампир нишаст ва гуфт:

-Бибиҷон, ман Ёдгор, писари Сафаргул, ҳамоне, ки сархӯр гуфта, рӯямро дидан нахоста будӣ…

Ҳамин дам апаи Аноргул худашро пеши пойи ҷавон партофта, бо овози баланд нола кард: “Э Худо, дар номат мурам, додаракамро расондӣ, ба мани бесоҳиб раҳм кардӣ, дар номат мурам Ёдгорҷон, болу пари апа…” Ҷавон апаи Аноргулро дар бағалаш гирифта, мисли кӯдак ҳой-ҳой мегиристанд. Мани ҳайратзада ба ин манзара менигаристам, кампири Марям аз ҳуш рафта буд…

Дар як дам аҳли деҳа ба хонаи кампири Марям рехтанд, шавҳари Аноргул ин хабари хушро шунида, говеро сар зада, пайдо шудани додарарӯсашро тӯй дод. Ёдгор низ аз мошини қимматбаҳояш сумкаеро бароварда, ба дасти апааш дод ва дар гӯшҳои кампири Маряму Аноргул гӯшвораҳои тиллоӣ овехт…

Падари Ёдгор аслан аз Хуҷанд будаасту чун духтур барои таҷрибаомӯзӣ ба ҷануби кишвар равон карда мешавад. Вақте Сафаргули зеборо дида ба вай ошиқ мешавад, дигар майли Хуҷанд накарда, дар ҳамин ҷо зиндагӣ ихтиёр мекунад. Пас аз фавти фоҷиавии ҳамсараш ӯ писарчаи навзодашро гирифта, ба пойтахт мераваду баъди дусола шудани Ёдгор зан мегирад, баъд аҳли оила ба Қазоқистон кӯч мебанданд. Мард танҳо пеш аз маргаш ба Ёдгор қиссаи зиндагияшро нақл мекунад. Ёдгори бистуҳаштсола, олими ҷавони соҳаи тиб, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба тиҷорати дору машғул буд, аз рӯи суроғаи додаи падар бибию апаашро ёфта, ба зодгоҳаш омадааст…

Мардум ҳама ба шодии кампири Марям шарик буданд, аз ҳама зиёд падарам шодмонӣ мекарданд. Ба хотири дили кампир шуда, гӯсфанд кушта, Ёдгорро меҳмонӣ кардем. Ёдгор ба сарватмандию дар шаҳр ба воя расиданаш нигоҳ накарда, хеле хоксору фурӯтан буд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ бо мардуми деҳ забон ёфт. Духтарони деҳа ҳама бо чашми харидорӣ ба Ёдгори зебо нигоҳ мекарданд, духтари раиси хоҷагӣ Дилбари танноз ба ман атру упо ва рӯймолҳои зебо дода мегуфт:

-Фариз, набераи кампирро ба ман моил намо. Агар ӯ маро ба занӣ гирад, бароят гӯшвораи тилло мехарам. -Ман бо ҳайрат мегуфтам, ки “ман чӣ хел ба вай мегӯям, ки ту Дилбарро гир, шарм медорам…»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД