Sebiston new 2024 october
Кампири шавҳардузд (ҚИСМИ 2)
1656

Модарам гап мезаду пеши назарам симои Умар падид меомад. Ӯ ҷавони пастқомати сиёҳак буд. Аслан ман бо ягон ҷавон аҳди муҳаббат набаста бошам ҳам, дилам кашоли бародари дугонаам Аниса - Аҳрорбек буд.

Аниса мегуфт, ки волидонаш мунтазири донишгоҳро хатм намудани акааш ҳастанду Худо хоҳад, ба хостгорӣ меоянд. Аммо ба чашмони ғарқи оби модарам нигоҳ карда, чизе нагуфтам ва маро ба Умар фотеҳа карданд. Зани тағоям бо савғоҳои зиёд ба хостгорӣ омаду бо меҳрубонӣ гуфт:

- Анораҷон, акаи Боҳират барои худаш хона сохтаасту Худо хоҳад, пагоҳ фардо кўчида меравад. Ба ҳавлии тағоят акнун ту соҳиб мешавӣ, Худо хоҳад барои мани бедухтар духтар хоҳӣ гашт.

Ман низ янгаамро бўсидаму аз ин меҳрубонии ў дилам пур шуда, гиристам. Умарҷон ҷавони орзуҳои ман набошад ҳам, чун бо ҷавоне пеш аз ў ҳамсуҳбат нашуда будам, аз зери чодар дўсташ доштам. Шавҳарам сабзинаи пастқомат, вале тозаю озода ва хушсухан буд. Баъди шавҳар карданам, дар ҳавлии дуошёнаи зебою барҳаво зиндагӣ карда, тамоми шароитам муҳайё буд. Хушдоманам ба сарам қасам мехӯрду мисли фарзандонаш дўстам медошт, ман ҳам то метавонистам, хизмати ўро ба ҷо меовардам. Ҳарчанд дар хонаамон бевазане чун ёрдамчӣ кор мекард, лекин ман кӯшиш мекардам, ки хўрокро худам пазаму либоси хушдоману шавҳарамро низ худам тамиз намоям. Шавҳарам дар гирдам парвона буд, субҳи барвақт ба кор мерафт, пулдор ҳам бошад, хўроки нисфирўзӣ ва шомро дар хона мехўрд. Оҳиста-оҳиста ба шавҳарам ошиқ шудам ва ўро ошиқона дўст медоштам.

Баъди хонадор шуданам ба писартағоям, шавҳарам ба модарам зиёдтар ёрӣ мерасонд. Модари меҳнатрўзиям акнун дар сояи давлати домодаш истироҳат мекарду ҳамроҳи хушдоманам ба осоишгоҳҳо рафта, дам мегирифт. Шояд ҳамин аз бахт болиданҳоям буд, ки рўз то рўз зебою тозатар мегаштам. Шавҳарам барои ривоҷи тиҷораташ ба хориҷа равад, маро албатта бо худ мегирифт, давоми як соли хонадорӣ се-чор давлати хориҷаро дидам.

Ҳомиладор нашуданам модарамро ба ташвиш меоварду боре ба хушдоманам арзи дил кард:

- Янга, бачаҳоро аз духтур гузаронидан даркор.

Хушдомани меҳрубонам бошад, даст афшонда, гуфт:

- Бибинисоҷон, монед ду-се сол аз ҳамдигар сер шуда гиранд, баъд он тарафашро мебинем. Бечора духтаракам худаш кўдак…

Вале дили модарам қарор нагирифту шавҳарамро розӣ намуд, ки аз духтур гузаранд. Ташхиси духтур нишон дод, ки мо ҳар ду бенуқсем, фақат ман каме хунукӣ доштаам.

Мо солгарди тўямонро дар тарабхона бо шукўҳу шаҳомати зиёд қайд кардем ва баъди як ҳафтаи он хушдоманам худашонро нотоб эҳсос намуданд. Пешобашон хун буду дар танашон ҳам доғҳои сиёҳ пайдо шуд. Ўро ба духтур бурдем, ташхиси даҳшатноки саратони хун хонаи моро мусибатхона кард… Писаронаш модарашонро ба Олмон барои табобат бурданд, ман низ ҳамроҳи хушдоманам рафтам ва хизматашонро кардам. Пас аз гирифтани се курси табобат аҳволашон хеле хуб шуду ба хона баргаштем. Аммо баъди ду моҳ беморияшон боз хурўҷ кард ва як моҳ гоҳ боҳушу гоҳ беҳуш рӯйи бистар буданд. Шавҳарам хост боз модарашро ба хориҷа барад, вале табиби машҳуре ба ў гуфт, ки табобат дигар суд надорад.

АНОРА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД