arzon replenishment
Кампири меххӯр
783

Як кампири 72-сола бо шикоят аз дарди шадиди шикам дар беморхонаи Долгопрудный дар наздикии Маскав бистарӣ шуд. Табибон пас аз ташхис муайян намуданд, ки дар холигиҳои шиками бемор миқдори зиёди ашёи бегона мавҷуд мебошад. Дар ин бораи сомонаи шабакаи телевизионии “Мир- 24” дар такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зан танга, сӯзан ва мехро фурӯ бурдааст. Дар натиҷаи амалиёт аз шиками кампир 8 танга, 2 мех ва 10 сӯзан бо роҳи эндоскопии махсус гирифта шуд.

Амалиёт як соат давом карда бомуваффақият гузаштааст. Ба Табибон мегӯянд, хушбахтона ин ашёҳо ба рӯдаҳо ворид ва ба узвҳои дарунии пиразан осеб нарасонидаанд.

Айни ҳол кампирак худро хуб ҳис мекунад, аммо дар шӯъбаи эҳё қарор дорад. Мутахассисон ба ин зани куҳансол курси табобати психотерапевтӣ таъин карданд.
Пеш аз ин рӯзи 7-март дар Маскав табибон кӯдакеро, ки 12 магнитро фурӯ бурда буд, ҷарроҳӣ карданд.

Ҷарроҳиро уролог-андролог ва ҷарроҳони кӯдакона анҷом дода, аз рӯдаи ҳозимаи бемор 12 магнити рангорангро берун кашида буданд. Муассисаи тиббӣ қайд кард, ки ин аввалин ҳодиса нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД