Падари ман барвақт аз дунё гузаштаанду модарам ману бародарамро танҳо ба воя расонидаанд, аз ин рў, он кас барои мо ҳам модару ҳам падар ба ҳисоб мераванд.
Бародарам зану ду фарзанд дорад, янгаам зани ниҳоят меҳрубону фариштахисол аст ва мехост маро барои додари ягонааш келин кунад. Аммо ман ба модарам рўйирост гуфтам, ки Суҳробро дўст медораму ғайри ў ба касе намерасам. Модарам пас аз ин гуфтугў Суҳробро ёфта, бо ў дар бораи ҷиддӣ будани муносибатҳояш бо ман пурсон шудааст. Хушбахтона Суҳроб ба модарам гуфтааст, ки «Гулмираро дўст медораму ўро ба занӣ хоҳам гирифт. Фақат як ё ду сол мунтазир шудан даркор, зеро ман дар як хобгоҳ зиндагӣ мекунаму барои хонахарӣ пулам намерасад, ман намехоҳам арўсамро ба хобгоҳ барам».
Пас аз ин модараму Сўҳроб ба ҳам дўстони қарин гаштанду модарам тамоми пасандози доштаашро ба рўйи пулҳои ў монда, барои мо хонаи дуҳуҷрагӣ харид. Сиву панҷ ҳазор доллари пули хона, танҳо даҳ ҳазор доллараш аз Суҳроб бошад ҳам, модарам хонаро ба номи домодшавандааш кард, зеро мехост духтари ягонаву бепадараш хушбахти дунё гардад. Пас аз таъмири хона модарам тамоми зару зевари аз модараш меросмондаро фурўхта, барои он ҷиҳоз харид, танҳо баъди ҳамин падару модари Суҳроб ба хостгорӣ омаданд ва тўйи мо баргузор гашт…
Сафинаи бахт
Ҳама хешу табор ману Суҳробро ҷуфти муносиб мехонданд ва ман аз роҳ гаштан дар бари чунин ҷавони зебою маданӣ ифтихор мекардам. Мо хеле хушбахт будем, субҳи солеҳон ҳар ду ба кор рафта, бегоҳ бармегаштем. Ман барвақттар аз кор омада, барои азизи дилам хўроки болаззате пўхта, интизор менишастам. Рўзҳои шанбею якшанбе ба ҳавлии модарам рафта, истироҳат мекардем, бародару янгаам низ шавҳарамро дўст медоштанду эҳтиром мекарданд. Модарам барои забонкўтоҳ нагаштани домодаш ба акаам дар бораи додани навад фисади пули хона гап нагуфта буд. Барои мани хушбахт ин муҳим набуд, шавҳарамро дўст медоштаму аз дўстдориҳояш лаззат мебурдам. Ҳарчанд Суҳроб дар вақташ дар хона борони навозишу меҳрубонияшро ба сари ман мерехт, вале ман суратҳои ўро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳунармандону духтарони бегона дида, каме рашк мекардам, аммо инро ба ў намегуфтам…
Дар яксолагии тўямон ман духтараки нозанине ба дунё оварда, сари шавҳарамро ба осмон расонидам. Хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳарам низ тез-тез дар хонаи мо меҳмон шуда, аз ману писарашон розӣ буданд, вале…
Рашку ашк…
Ман ба тарбияи духтарчаамон банд будаму шавҳарам бошад, бори зиндагӣ мекашид ва ҳис мекардам, ки ў дигаргуна шудааст. Бо телефон зиёд гап мезаду аз сари ноутбуки қиматбаҳояш, ки модарам дар зодрўзаш туҳфа карда буд, қариб намехест.
Як субҳ шавҳарам ба кор рафту ман компютерашро кушодам, мехостам сабаби дилхунукии ўро фаҳмам ва он ҷо суҳбати шавҳарамро бо як нафар зан хонда, ҳуш аз сарам парид…
Он зани бешарм чунон гапҳои бепарда навиштааст, ки аз хонданашон гўшҳоям қуфл заданд. Шавҳарам бошад, ба вай ҷавоб навиштааст. Бар падари ту барин духтар лаънат гуфта, дар дилам азм кардам, ки ўро меёбаму чашмонашро кофта мегирам. Он рўз то бегоҳ гиристаму ба шавҳари бабникаму он духтараки шаҳватхоҳ лаънат фиристодам. Он бегоҳ ҳам шавҳарам барвақт омаду баъди ғизои шом духтарамонро каме навозиш карда, боз сари компютер нишаст. Ман худамро бепарво нишон дода, духтарамро ба хонаи хобаш бурда, худам ҳам ба бистар даромадам. Пас аз ним соат шавҳарам низ омада паҳлуям дароз кашид. Ман худамро ба хоб задам, аммо шавҳарам беқарор буд. Ў аввал маро бўсид, чун дид, ки ман «хобам», зери лаб гуфт, ки «барвақт мурдаховаш бурдааст» ва паҳлуи дигар гашт. Бо гузаштани лаҳзае ба телефонаш паёмак омаду ў онро бардошта, куҷое занг зад…
(Давом дорад)
ГУЛМИРА
Таснифи Рухсора САИД