Бордории ду ва ё якчанд кӯдак барои зан-модар ҳодисаи камёфт аст. Танҳо 1%-и модарони рӯи дунё бо як тавалуд якчанд кӯдакро ба дунё меоранд.
Ҳарчанд протсесси бордоршавӣ мисли дигар бордоршавиҳо бошад ҳам, давраи ҳомиладорӣ дигар хел ҷараён мегирад ва албатта каме мушкилтар аст.
Дугоник ё сегоник буданаи кӯдаконро модар дар батни худ ҳис намекунад. Инро танҳо бо кӯмаки УЗИ дидан мумкин аст, вале баъзан ҳатто дастгоҳи ултрасадо низ дақиқ карда наметавонад, ки дар батни зан чанд тифл аст. Ҳолатҳое мешаванд, ки сегоник, чоргоник ва панҷгоникҳоро ба пурагӣ “ҳисоб” карда намешавад.
Киҳо дугонику сегоник мезоянд?
Мувофиқи омор солҳои охир тавлиди дугонику сегоник зиёд шудааст. Ин ба табобат ва истифодаи дорувориҳои гормонӣ вобастагӣ дорад. Табибон зиёдшавии дугонику сегоникҳоро ба омилҳои зерин рабт медиҳанд:
1. Ирсият
Аксаран ирсият сабаби тавлиди дугоник ва сегоник мешавад. Дар авлоди модарӣ ва ё модарбузург таваллуди дугонику сегоник бошад, шонси якбора чанд кӯдак таваллуд кардани зан зиёд мегардад.
2. Таваллуд дар калонсолӣ
Таҷриба нишон медиҳад, ки бештар занҳои аз 35 –сола боло дугоник ва сегоник таваллуд мекунанд.
3. Табобати ҳормонӣ
Аксаран занҳо бо сабаби дер фарзанддор шудан ба табибон муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳолат раванди табобат асосан ба тайёр кардани ҳормонҳои зану мард равона мегардад. Ин боиси аз меъёр зиёд қабул кардани сперма гашта, дар натиҷа зан якбора чанд кӯдак ба дунё меорад.
4. Табобати безурриётӣ
Тавре ки тадқиқотҳо нишон медиҳанд, чи дар мард ва ё чи дар зан табобати безурриётӣ ба таваллуди дугонику сегоник сабаб гашта метавонад.
5. Мавқеъи ҷойгиршавӣ
Ин бисёр аҷиб аст, вале занҳои қисми ҷануби курраи замин ба монанди қитъаи Африко аз Аврупо дида зиёдтар соҳиби сегонику чоргоник мешаванд.
Нозукиҳои ҳомиладории ҷандҷанина
Бояд зикр намуд, ки ҳомилагии аз як кӯдак зиёд барои зан гарон аст. Бардоштани вазни зиёд ба пойҳо, сутунмӯҳра ва мушакҳои шикам душворӣ мекунад. Аз ҳамин хотир чунин занҳо аз рӯзи муайян шудани бордорияшон таҳти назорати сахти табибони занона қарор гирифта, ба онҳо хӯрок, режим ва ҳатто миёнбанди махсус (бандаж) таъин карда мешавад. Нигоҳубини хоса баъди таваллуд ҳам идома меёбад.
Тифлакони нодир
Дугонику сегоникҳо дер ба ҳайёти беруна мутобиқ мегарданд, ҳарчанд комил ба дунё омада бошанд ҳам. Қисми зиёди чунин тифлакон дар қуттиҳои махсус нигоҳубин карда мешаванд. Ғизои тифлакон бо меъёр ва соат дода мешавад. Табибон барои зинда мондани чунин камёфтҳо кӯшиши зиёд мекунанд.