Виктор Ҳюго Соса, як ҳокими шаҳри Сан-Педро Уамелулаи штати Оаксакаи Мексика бо тимсоҳ издивоҷ кард. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёдро дар миёни мардум овард.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳадаф аз “никоҳ” ба мардумаш хайру баракотро ҳадя кардан аст.
Дар видео, ки дар расонаҳо давр мезанад, дида мешавад, ки тимсоҳро бо садои мусиқӣ бо зарбҳои хости мардуми Мексика ба саҳна меоранд ва аввал ӯро ба дасти зани солхӯрда медиҳаду баъд аз ин иштирокчиёни ин базм бо навбат руи дастонашон гирифта мерақсанд.
Ҳамаи ин ҳолат бо даҳони бастаи тимсоҳ сурат мегирад. Ин мард “ҳамсарашро” Алисия Адриана ном гузоштааст.
«Ман масъулиятро ба дӯш мегирам, зеро мо ҳамдигарро дӯст медорем. Муҳим он аст. Издивоҷ бе ишқ вуҷуд надорад…”,- гуфт раиси шаҳр.
Виктор Ҳюго Соса дар маросими арӯсӣ мегӯяд: "Ман масъулиятро ба дӯш мегирам, зеро мо ҳамдигарро дӯст медорем. Ин муҳим аст, зеро бе ишқ издивоҷ номуваффақ анҷом меёбад. Ман розӣ ҳастам, ки бо маликаи орзӯҳоям издивоҷ кунам", хабар news.sky.com