Издивоҷи бармаҳал падидаи номатлубест, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон дида мешавад.
Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз соли 2011 то 2020 дар ҷаҳон 140 миллион духтарони ноболиғ хонадор шудаанд.
Бино ба омори расмии кишвар то шаш моҳаи аввали соли 2020 тақрибан дусад ноболиғ, ки синнашон ба 18 нарасидааст, издивоҷ кардаанд.
Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни издивоҷ аз 18-сола боло муайян шудааст ва тибқи қонунгузорӣ руҳониён ҳаққи бесанади расмии тасдиқкунандаи издивоҷ дар мақомоти давлатӣ никоҳ кардан надоранд. Бо истиснои баъзе ҳолатҳо, аз қабилӣ, ҳомиладории барвақтӣ, бемории вазнини волидон суд ҳуқуқи як сол поин овардани синни издивоҷро дорад.
Тибқи тадқиқоти “Издивоҷи бармаҳал ҳамчун сабаби талоқ ва худкушӣ дар Тоҷикистон”, ки моҳи феврали соли 2019 нашр шудааст, Тоҷикистон низ аз ин маврид истисно нест. Яъне омори пурсидашудагони ин назарсанҷӣ нишон додааст, ки 7 фисади духтарон дар 17-солагӣ ва 5 фоиз бошад дар 16 солагӣ ба шавҳар мебароянд.
Аксаран бар ин андешаанд, ки издивоҷи бармаҳал барои занону духтурон амали манфӣ маҳсуб наёфта, он ҳамчун вазифаи бонувон маҳсуб меёбад. Аммо аз нуқтаи назари тиб ин ҳолат барои духтарони ноболиғе, ки издивоҷ мекунанд, таъсири манфии худро ба саломатии онҳо мегузорад.
Наргиза Абдураҳмонова, табиб, акушер-гинекологи Муассисаи давлатии таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе мегӯяд, ки организми зан барои издивоҷи бармаҳал омода нест ва маҳз бо ин сабаб онҳо дар давоми ҳаёт ба бисёр бемориҳои экстренталӣ, камхунӣ, бемориҳои гуногуни гурда, асаб гирифтор мешаванд.
Ҳамчунин номбурда илова кард, ки вақте издивоҷи бармаҳал сурат мегирад, миқдори лозимии ҳормонҳо дар вуҷудаш пайдо нашудааст ва аз ин лиҳоз ҳомиладор намешавад. Ба хотири зуд фарзандор шудан, табобатҳои гуногун мекунанд, ки ба оризаи бисёр бемориҳо оварда мерасонад ва агар фарзандор ҳам шаванд, қобилияти тарбияи кӯдакро надоранд, чунки худаш кӯдак аст. Бо ин сабабҳо ҷангу ҷанҷол ва айбдоркунии зан ба миён меояд, ки метавонад оқибат ба оилавайронӣ оварда расонад, гуфт ҳамсуҳбати мо.
Тибқи нишондоди имрӯзаи тандурустӣ сину соли қобили таваллуд аз 18 то 49 соларо ташкил медиҳад. Маҳз то 18 солагӣ дар баробари дигар узвҳои бадан, узвҳои ҷинсӣ ташаккул ёфта, ба хонадорӣ (алоқаи ҷинсӣ) омода мегардад, ҳамчунин , дар меъёр шудани ҳормонҳои лозимӣ барои бордоршавии зан нақши калидӣ дорад, ки он ҳам то 18 солагӣ пурра мешавад.
Мушоҳида нишон медиҳад, ки аксар модарони ҷавон бо фарзандони хурдсол муомилаи дурушт карда, бо сабабҳои ночиз онҳо “ҷазо” медиҳанд, ки ба руҳияи кӯдак бетаъсир намемонад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари инкишфои ҷисмонӣ, рушди инкишофи равонии шахс низ барои оиладорӣ муҳим мебошад.
Мадина Иргашова, равоншиноси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон издивоҷи бармаҳалро ҷонибдори намекунад. Ӯ мегӯяд, ки равоншиносӣ издивоҷи бармаҳалро хоҳ духтар бошад хоҳ писар, маҳкум мекунад, чунки онҳо ба ҳаёти мустақилона омода нестанд ва то ин давра раванди ташаккулёбӣ сурат мегирад. Ӯ дар хонаи падару модар мисли кӯдак буд ва ҳаёти оилавиро мисли афсона фикр мекунанд. Вақте то 18 солагӣ оиладор мешавад, ба душвориҳои зиндагӣ тобовар шуда наметавонад, намедонад, ки мушкилии ба сараш омадаро чӣ тавр ҳал намояд. Ҳамаи ин мушкилиҳоро бо чашмони худ дида, бо вуҷуди ин, кӯдакдор мешавад, якбора чандин мушкилиҳо ба сараш бор мешавад, ки намедонад онро чӣ гуна паси сар намояд. Ана бо ҳамин сабабҳо оилаҳо пош мехӯрад ва ҳатто ба худкушӣ оварда мерасонад.
Тибқи омори расмӣ дар 6 моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 30 ҳазору 266 ақди никоҳи расмӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 7 265 оила бо сабабҳои гуногун пош хӯрдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 789 ҳолат бештар аст.
Дар соли 2019, 246 ҳолати издивоҷи бармаҳал сабт шудааст, ки ин шумора дар соли 2020 тақрибан ба 200 адад расида буд.