Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки шартномаи ҳамкориро бо се футболбози хориҷӣ - Дарко Илиески, Димитар Митков ва Франческо Марҷиотта дигар тамдид накунад. Ин бозигарон аз оғози мавсим дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ мекарданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бо ба анҷом расидани қарордоди ҳамкорӣ, дастаро ҳимоятгари македонӣ Дарко Илиески ва ҳамлагарон Димитар Миткови булғорӣ ва Франческо Марҷиоттаи итолиёвӣ тарк намуданд, ки фаъолияти худро дар дигар дастаҳо давом медиҳанд.
“КФ «Истиқлол» ба ҳар се футболбоз барои бозиашон дар ҳайати даста ташаккур гуфта, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи футболиашон муваффақиятҳои калон орзу менамояд!”,- омадааст дар саҳифаҳои иҷтимоии дастаи шаҳри Душанбе.
Ёдвовар мешавем, қаблан “Истиқлол”-ро бозигарони маҳаллӣ Амадонӣ Камолов ва Эҳсони Панҷшанбе низ тарк карда буданд. Эҳсон ба Суперлигаи Ӯзбекистон ба “Суғдиёна” гузашт. Амадонӣ ба Лигаи Эрон ба дастаи “Гул Гуҳар” пайваст.