Савганди ишқ
Анвар духтарашро ба хонаи хоҳараш, ки дар ноҳияи дурдасте зиндагӣ мекард, бурда монд. Раъно қариб даҳ моҳ дар хонаи аммаш монд. Падараш мехост ӯро аз ҳамон ҷо ба шавҳар диҳад, вале дар ин миён модари Раъно бемор шуду амаки Анвар маҷбур шуд, ки духтарашро аз касал шудани модараш огоҳ сохта, дубора ба хонаи худ биёрад. Раъно ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҷомӣ ба бемористон ба аёдати модар рафт. Ҷомӣ, ки нисбати акаҳояш фориғбол буд, ба таъкидҳои модар дар хусуси хоҳарашро сиҳату саломат ба хона расонидан нигоҳ накарда, Раъноро танҳо то даромадгоҳи деҳа овард ва “ту ба хона рав, ман дертар меоям” гӯён, ба назди ким-кадом ҷӯрааш рафт. Духтарак ҳамеша дар дил Худоро зорӣ мекард, ки ақаллан як бор аз дур бошад ҳам, Исмоилро бубинад. Зориҳояш шояд ба Офаридагор асар кард, ки аввалин касе, ки аз аҳли деҳа бо вай рӯ ба рӯ шуд, Исмоил буд. Онҳо мисли афсуншуда ба якдигар менигаристанд. Аз шиддати ҳаяҷони ботинӣ забонҳояшон лол гашта, ёрои сухан гуфтан надоштанд. Духтар худаш нафаҳмида монд, ки чӣ сон ашки чашмонаш якбора ба бари рухсораҳояш шорида, рӯйи аз барф сафедтарашро тар кард.
-Раъноҷон, ғайри ту дар ду олам ба ман касе лозим нест,-ниҳоят қулфи забонашро шикаста гуфт Исмоил.
-Исмоилҷон, агар ғайр аз ту меҳри дигареро дар дил ҷой диҳам, Худоҷон кӯрам кунад,-савганд хӯрд духтар...
Номаи сеҳрнок
Исмоил баъди хатми мактаби миёна мисли дигар ҳамсинфонаш ба донишгоҳ дохил нашуда, роҳи Русияро пеш гирифт. Пеш аз сафараш вай ба дасти дугонаи Раъно-Бунафша, пинҳонӣ аз хешу табори худу духтар хатчае фиристод, ки ҳамагӣ аз чор калима иборат буд: “Дӯстат медорам! Интизорам бош!” Бо хондани ин чор калимаи сеҳрнок Раъно гӯё болу пар бароварда, дар осмони муҳаббат парвоз мекард, вале...
Макри ҳамшаҳрӣ
Хостгорҳои аввалини Раъноро, ки дар маркази ноҳия зиндагӣ мекардаанд, холааш ба хонаи онҳо овард ва ба норозигии духтараш нигоҳ накарда, амаки Анвар киву чӣ будани домодшаванда ва аҳли авлодашро напурсида, розигӣ дод. Раъноро бо он ҷавони ношинос фотиҳа карданду як ҳафта пас дар деҳа овоза паҳн шуд, ки Исмоилро дар муҳоҷират зиндон кардаанд. Сабаби ҳабс шудани ӯро ҳар кас ба таври худ шарҳ медод, яке мегуфт, ки барои дуздӣ зиндон шудааст, дигарӣ мегуфт, ки аз кисааш маводи мухаддир ёфтаанд, сеюмӣ иддао мекард, ки бо касе занозанӣ кардааст... Раъно аз нақли дугонааш фаҳмид, ки ким-кадом ҳамшаҳрашон дар Русия вақте милисаҳоро мебинад, қоғазпечеро ба дасти Исмоил дода хоҳиш мекунад, ки онро дошта истад. Дар даруни қоғазпеч маводи мухаддир будааст, вале Исмоили аз макри ҳамшаҳрӣ бехабар онро ба даст гирифта, ба чанги милисаҳо меафтад. Дар мулки бегона бе гуноҳ ба кунҷи зиндон афтидани маҳбубаш орзуҳои Раъноро барбод дод. Духтари бечора дар назди ин бозии номардонаи тақдир оҷиз монда, шабу рӯз гиря мекард...
Ашки талхи арӯс
Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Ҳама хурсандӣ доштанд, ба ҷуз арӯс. Раъноро гӯё на ба хонаи бахт, балки ба қабристон барои дафн кардан мебурда бошанд, аз чеҳрааш абри ғусса борида зор-зор гиря мекард. Домод дар ҳусну қаду қомат ягон камбудӣ надошт. Ҳама ба ӯ ба ҳавас менигаристанд, аммо аз чӣ бошад, ки падару бародар ва хоҳараш бо навбат ба наздаш омада, оҳиста аҳволашро мепурсиданд. Раъно чанд бор шунид, ки домод дар паҳлуяш ба “созӣ”-гуфтани хешу табораш “соз”-гуфта, ҷавоб дод, вале аз ин саволу ҷавоб чизеро пай набурд, аниқтараш вай хоҳишу ҳавсалаи дар ин бора фикр кардан надошт.
-Дугонаҷон, аз Исмоил беҳтару хушрӯйтарашро ёфта гирифтӣ,-ҳавасашро пинҳон надошта, дар бехи гӯши арӯс пичиррос зад, дугонааш, вале барои Раъно аз Исмоил беҳтару хубтар вуҷуд надошт.
Қиёмат дар таги чодари арӯсӣ
Тӯй хотирмон гузашту меҳмонҳо ба навхонадорон бахти сафед талабида ба хонаҳояшон рафтанд. Пас аз гусели меҳмонҳо дар хонаи арӯс испанд дуд карданду баъд домодро дароварданд. Раъно шунид, ки модару хоҳараш ба домод паст-паст чизеро таъкид доранд, вале аз ин суҳбати нӯгизабонӣ чизеро фаҳмида натавонист.
-Биё, ин ҷо шин,-баъди аз дар баромадани модару апааш хоҳиш кард домод, вале Раъно, ки бо сари хам рост меистод, ба ӯ эътибор надод. Аз байн муддате гузашт ва Раънои наварӯс эҳсос намуд, ки домод ким-чихел овозҳои нофаҳмо бароварда истодааст. Гумон кард, ки барои ӯро хандондан масхарабозӣ дорад. Қаҳраш омада рӯяшро боитоб ба тарафи девор гардонда нишаст. Аз байн қариб даҳ дақиқа гузашта бошад ҳам, домод дигар садо набаровард. Раъно гумон кард, ки ӯро хоб бурдааст ва оҳиста рӯяшро тарафи вай гардонд. Бо дидани ҳоли домод арӯс чунон ба даҳшат афтид, ки чӣ тавр додгӯён ба берун давиданашро худаш нафаҳмида монд. Пайвандони домод доду фиғони арӯсро шунида давида баромаданд. Раъно, ки аз тарс маҷоли гап задан надошт, дарақ-дарақ ларзида ба сӯйи хона ишорат намуд. Падару модар ва акаю хоҳарони домод бошитоб ба хона даромаданд ва лаҳзае пас фиғонашон ба фалак печид. Яке дод мезад, ки “даҳонашро кушоед!”, дигарӣ бо талвоса “забонашро кашед, забонашро кашед” мегуфт...