Узри бадтар аз гуноҳ
Як ҳафта мардуми деҳа меомаданду мерафтанд, хусури Дилшода аз олам гузашту буд, вале хушдоманаш паҳлӯи писарашро иҷора гирифта, ҷое рафтанӣ набуд. Мегуфтӣ, ки як умр ба набераҳояш ҳамин гуна меҳрубон буд, Ҳасан ҳурмати падарро ба ҷо меовард, келин ҳам ба як по рост хизмат мекард, аммо хафадам буданд. Дилшода бо шавҳараш аслан гап намезад, вале як шом ӯ сари дастархон гуфт, ки дар ин бисту ҳашт соли набуданаш понздаҳ солаш дар зиндон буд. Маводи мухаддир фурӯхту зиндон шуд, дар зиндон бо як роҳзани рус шинос шуд. Модари Вадим ҳамеша онҳоро хабар мегирифту маводи озуқа меовард, дар як моҷарои зиндон Вадимро куштанду модараш ба хотири писараш дӯсти тоҷики ӯро пайваста хабар мегирифт. Баъди аз зиндон баромадан дувоздаҳ соли дигар ҳамроҳи ҳамин пиразан зиндагӣ кард. “Чаро моро суроғ накардӣ” аз ӯ пурсид Дилшода, ҳамин вақт Ҷумахон ҷавобе дод, ки замин накафид, Дилшода даромада равад. “Валерия бисёр бадрашк буд, мегуфт, ки пеши занат равӣ, мекушамат, ҳамин тавр, ман бо ӯ мондам”. Дилшода ба зӯр худашро дошта, пурсид: “ӯ чандсола буд?” “Ӯ аз ман сӣ сол калон буд…” Ҳамин вақт хушдоманаш бо овози баланд гуфт:
-Эй ту хурсанд шав, ки шавҳарат зинда пешат омадааст, чӣ мисли муфаттиш тафтиш мекунӣ, бачама?!
Дилшода дар ҳаёташ бори аввал ба рӯйи хушдоманаш давид:
-Амма, ту донивуу Худо, дар сӣ соли набудани писарат, оё боре як нон аз дари ман даровардӣ?! Оё як тоқӣ барои набераҳоят харидӣ?! Оё пурсидӣ, ки чӣ ҳол дорӣ?! Не!!! Ман бо меҳнати дастони худам, ана ҳамин Саъдулло ва баъд фарзандонам ба ҷое расидам! Ҳоло писаратро гиру аз хонаи ман баро, ӯ ба ман лозим нест!!!
Ҳамин вақт Ҳасан гуфт:
-Оча, ман худамро пеши мардум шарманда намекунам, ин падари ман аст. То рӯзе зинда аст, нигоҳубинаш мекунам.
Ҷумахон ба писараш нигариста, тарошаи аз бом афтидагӣ барин гуфт:
-Ман ҳеҷ чиз надорам, бар замми ин, беморам. Баъди марги Валерия бо як духтараки ҷавон хонадор шудам, хонаву дарро ба номаш кардам, танҳо баъди шаш моҳ фаҳмидам, ки ӯ бемории Спид будаасту ман низ ба ин беморӣ мубтало шудам…
Ҳама талхакаф шуданд, Дилшода намедонист сарашро ба куҷо занад, ин зани қишлоқӣ гумон дошт, ки бемории шавҳараш ба ҳама гузаштааст. Хушдоманаш худи ҳамон лаҳза хонаро тарк кард, Ҳасан духтур оварду падарашро дар қайд монд. Барои ӯ хонаи алоҳидае ҷудо карданд, ҷавонмард хизмати ӯро аз дилу ҷон мекард. Касе ба аёдати ӯ намеомад, ба ҷуз аз Саъдулло, баъзеҳо аз хонаводаи онҳо ҳазар мекарданд. Дилшода худаш умуман ба гирду атрофи шавҳар намегашту келинашро низ намегузошт, танҳо Ҳасан доруҳои ӯро додаву ҳамроҳаш сӯҳбат мекард, ба ҳавои тоза мебаровардаш, тамошо мебурдаш. Тамоми пайвандонаш аз Ҷумахон ҳазар мекарданд, меҳмон аз он дунё баъди якуним соли омаданаш аз олам чашм пӯшид…
Ҳасан ҳоло Сардори дастгоҳи раиси ноҳия аст, занаш директори мактабу соҳиби ду писараки нозанинанд. Ин марди накӯро ҳама ҳурмату эҳтиром мекунанд, Дилшода бошад, давлати пирӣ меронад. Ҳарчанд то дами мурдан Ҷумахонро набахшид, вале бо писараш ифтихор мекунад…