Дасту пойи Cадаф беист меларзиданд. Дили аз алам пуршудааш бо шиддат метапид. Чашмонашро аз фарш намеканд. Сарашро ба кафи дастонаш гузошта, хомўшона мегирист. Қатраҳои ашк мисли борони баҳорӣ рухсораҳояшро шуста, ба замин мечакиданд. Тарсу ваҳм чун душмани бераҳм ўро ба чоҳи ноумедӣ тела медод. Бо дили пурхун роҳи наҷот меҷуст.
Ба дунёи хаёлот фурў рафта, сабаби шарманда шудану ба зиндон афтиданашро меҷуст. Ягон хатову камбудияшро намеёфт. “Не, - мегуфт ба худаш,- аз вай ягон хатое сар назадааст. То он шаби шум касе ба ў даст нарасонда буду ҳарфи баде нашунида. Акнун чӣ? Ўро зани сабукпову бешарму ҳаё меноманд, инаш кам набуд, ки дузд гуфта, дар хонаи тангу торик маҳкам кардаанд.Таънашунави хешу бегона шуд”. Ана, ҳамон марди қавоқии баддаҳон боз омад. Аз рўзи ба ин ҷо овардани Садаф ин мард бо суханҳои нешдори худ дили бе ин ҳам хуншори Садафро захмӣ мекард. Ин марди қадбаланди сабзина, ки чашмони гирди сиёҳ, лабони ғафс, гўшҳои калон-калони хамгашта дошт, дағалона амр намуд:
-Канӣ, аз ҷоят хез!
Бо шунидани садои мард ларзиши дасту пойи Cадаф зиёдтар шуд. Ночор аз ҷояш хест. Ҳамоно, чашм аз фарш намеканд. Аз тарзи нигоҳу суханҳои ин мард дилгир шуда буд.
-Боз меларзӣ-а?-Ба рўйи Садаф нигоҳ карда, ба таҳқир карданаш оғоз кард,-Бо як шавҳар қаноат накарда, ба оғўши марди дигар даромадӣ , пулҳояшро ба ошиқат додӣ, тарсу шарм ба ёдат наомад, наларзидӣ, дар пеши ман бошад, худатро мӯсичаи бегуноҳ мегирӣ, гўё, ки метарсӣ-а?
Садаф чанд рўз аст, ки мудом ин саволҳоро мешунавад. Рўзҳои аввал гиряву зории бисёр карда, дид, ки кӯшишҳояш бефоида аст. Ҳамаи далелҳо муқобили ўянд. Чорае надошт ба ҷуз шунидани таънаҳову дарун-дарун сўхтан.
Баръакси Садаф шавҳараш Беҳрўз хушҳол буд. Чеҳраи муаллимро ба хотир оварда, қабат- қабат гўшт мегирифт. Аз даст додани пули калон барояш муҳим набуд, зеро мақсадаш барои забонкўтоҳ кардани муаллим амалӣ шуд. Хобу хўр барои аҳли хонадони ў ва муаллим чанд рўз боз ҳаром шудааст, аммо вай мисли уқоби дар ҷанг ғолибомада аз хушҳолӣ баланд парвоз мекард.
Рўзи аввали мурофиа. Ҳама ҷамъанд. Хешу табори Садаф дар як тараф, аз шавҳараш дар дигар тараф нишастаанд. Садафро бо дастони баста оварданд. Чеҳрааш баҳори хазондидаро мемонд. Ранги рўяш зард, зери чашмонаш варам, ожангҳои рўяш мавҷҳои соҳили пурталотумро мемонд. Канӣ, он Садафи кушодачеҳраи чаққон? Дигар нест. Аз шиддати гуруснагиву дарду алам базўр роҳ мерафт. Дар муддати чанд рўз духтари 19-сола ба зани 50-60-сола монанд шуда буд. Баробари ба зал даромадан аввал ба чеҳраи падару модараш назар кард. Дилаш об шуд, гиря гулўгираш кард. Сўзиши қафаси синааш тундтар шуд. Лаб зери дандон монда, ба фикр фурў рафт.
-Ҷавобгар, Ҳасанова Садаф!-Ногоҳ садои ғaфcе ўро ба худ овард.
-Киро ҷавобгар мегўянд? Маро? Ман ҷавобгар нестам! Барои кадом гуноҳам ҷавобгарам мегӯед?
-Ҷавобгар ба савол ҷавоб диҳед!-Гуфтани судя ўро дубора ба худ овард. Дарк кард, ки ин ҳамаро аз хаёл гузаронидааст.
-Шумо аз кай боз бо шаҳрванд Самадов Шодӣ муносибати ошиқона доред?
Бо шунидани ин савол хаёли Cадаф ба ҳамон шаби наҳс, шаби пур аз нолаву гиряву зорию шармандагӣ рафт. Шаб аз нисф гузашта буд. Садафи аз нияти бади шавҳар бехабар сар ба болин гузошт. То омадани шавҳар мунтазир монда натавонист, хобаш бурд. Имрўз аз ҳаррўза дида серкортар буд. Беҳрўз меҳмони бисёр даъват карда, зодрўзи занашро мисли тӯй ҷашн гирифт. Аммаву холаҳояш шабона монданд. Барои ҳама ҷойгаҳи хоб тайёр карда монд.
-Садаф, ин саг дар хонаи ман чӣ кор мекунад? –гуфтани Беҳрўз ўро бо тарс аз хоб бедор кард.
-Канӣ саг?–сар аз болин бардошта, пурсид Садаф.
-Мана, дар барат!
-Садаф саросема ба қафо нигариста, дар ҷойгаҳаш марди нимбараҳнаеро дид. Ба чашмонаш бовар накард. Бо ангуштон чашмонашро молида, дубора нигоҳ кард. Бо душворӣ дарк намуд, ки хоб не, балки ин ҳама ҳақиқат аст.
Додгўён худро ба оғўши Беҳрўз партофтанӣ шуд, аммо шавҳараш як торсакии бақуввате ба рўйи Cадаф зад, ки бар асари он ҷавонзан ба пеши пойи Шодӣ афтод. Бо дасту пойи ларзон базўр аз ҷояш хеста, канда-канда “Намедонам, ба Худо намедонам” мегуфт.
-То омадани ман дар оғўшаш кайфу сафо кардию акнун намедонӣ-а? Боз барои корҳои ифлосат шарм накарда, Худоро шоҳид меорӣ!-Беҳрўз тавре рафтор мекард, ки ба сохта будани ин саҳна боварии кас намеомад.
Доду фиғони Беҳрўзро шунида, ҳама давида омаданд. Шодиро болои ҷойгаҳ нимбараҳна дида, ба дашном кардани ҳардуяшон сар карданд. Ҳатто бародари калонияш хост Шодиро лату кўб кунад, лекин Беҳрўз нагузошт. Шодӣ, ба шарте пешниҳоди Беҳрўзро қабул карда буд, ки касе ба вай даст намерасонад. Агар ўро касе озор диҳад, сиррашро фош мекунад.
Cадафи бечора гирёну нолон худро ба пеши пойи ҳар кадомаш мепартофт, зораву тавалло мекард. “Бовар накунед” мегуфт. “Ман ўро намешиносам, ягон гуноҳ накардаам”. Ба ғайр аз хушдоманаш, ки Садафро бисёр дўст медошт, каси дигар ба вай бовар намекард:
-Афсўс, духтарам, одамон ба шунидан не, балки ба дидан бовар мекунанд.
-Либосатро пўшида, аз хонаи ман гум шав! Рангу рўйи ҳароматро дар ин ҷо набинам, –бо қаҳр гуфт падари Беҳрўз.
-Не, падарҷон, вай ба ягон ҷой намеравад, то даме ки муаллим омада, ин ҳолро бо чашми худ набинад.
-Касе ба ин ҷо намеояд,-сухани писарашро бурида гуфт Сабоҳатхола, ки ҳоло ҳам Садафро ба оғўш гирифта буд, -Келини ман ягон гуноҳ надорад. Вай як арақхўри дузд аст, гум шавад, равад.
-Не, оча, чӣ тавр ба зане бовар кунам, ки ба ман хиёнат кард,-гуфт дар ҷавоб Беҳрӯз.