Вақте имрӯзҳо ишқро дар радифи шаҳват мегузоранд, дилам сип-сиёҳ мешавад. Охир, ишқ эҳсоси покизаест, ки Худованд ба бандаҳои дӯстдораш ҳадяаш мекунад. Ба хотири нафси ҳайвонии хеш ишқро бадном намудан куштани боварҳост. Чӣшахсоне ба рӯйи дӯстдори худ як бор нанигариста, аз олам сафар карданд, чӣрозҳоро дар банди ҷигар бо худ бурданд. Барои шумо қиссаи як ишқи бузургро нақл мекунам, аз гузаштаҳои дуру ширин…
Вераи маҳҷабин ва ҳунарманд
Дар деҳаамон, ки дар домани теппаҳои сабз доман густурдааст, китобхона ва паҳлӯи он духтурхона воқеъ буданд, ин ду бинои пастаку сап-сафеду тозаву озода баъди мактаб яке аз маконҳои серодам ба шумор мерафтанд. Солҳои шӯравӣаз гӯшаву канори иттиҳоди абарқудрат ба деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон муаллимону духтурҳо меомаданд, Вераи маҳҷабин, духтури деҳаи мо низ яке аз ин гуна занҳои фидоӣбуд. Вера бо забони тоҷикӣбисёр ширин ҳарф мезад, дар маркази ноҳия зиндагӣмекард ва ҳар субҳ бо автобус ба деҳа меомад, то бегоҳ ба мардум хизмат мекард. Вера дугонаи модарам ва ҳамсӯҳбати доимии падарам буд, ҳар рӯз албатта як бор ба хонаамон, ки дар шафати духтурхона дар сари роҳи калон буд, медаромад. Мо ба ӯ сахт одат карда будем, байни мардуми офтобсӯхтаи деҳа бо қомати баланду чашмони кабуди обӣ, пӯсти гулобирангу мӯйҳои ҳиноияш олиҳаи ҳуснро мемонд. Хоса вақте, ки сар то по сафед мепӯшиду хиромон дар кӯчаҳо қадам мемонд. Ӯ на танҳо зебову дармонбахш, балки кадбонуи нотакроре буд. Ба модарам очоронидани сабзавот, тайёр намудани шарбат аз меваҳо, пухтани ҳар гуна кулчақанд, қаланфурдулмаю тушбера, мураббоҳои ҳархела ва карамшӯрборо ёд дода буд, ки то ҳол мо онро тайёр мекунем. Ӯ дар маркази ноҳия бо духтараш Лена танҳо зиндагӣмекард, вақте кори модарам бисёр бошад, шанбею якшанбе бо духтараш ба хонаамон меомад ва худаш бо як назокати хос ба пазандагӣмашғул мешуд. Модарам фақат фармонҳои ӯро иҷро мекард, “Нигор, инро биёру инро бар”, мегуфту ба модарам вақти тайёр шудану боз ким чиҳои дигарро мефармуд. Ману хоҳаронам ва Лена низ аз фармонҳои Верахонум бенасиб набудем ё помидору бодирингро шӯста, якто-якто хушк мекардем, ё донаки зардолую гелосро бо эҳтиёт берун карда, ба ҷояш донаи чормағз ҷо менамудем. Акнун ба ёди он рӯзҳо дилам гум мезанад…
Ташвишҳои падарам
Дар рӯзҳое, ки Вера дар хонаамон меҳмон бошад, падарам ором надошт, ӯ мефармуд кати боли ҷӯйборро тозаву тамиз кунанд, баъд худаш гӯштбирён мепухт. Ман дар ягон ҷо то ҳол гӯштбирёнеро, ки он лаззатро дорад, начашидаам, ҷигарро низ падарам бо таври хос тайёр мекард, ки онро ҷое вонахӯрдаам. Падарам ҳеҷ гоҳ бо косаву табақу ошхона сару кор надоштанд, бо занони меҳмон, ҳатто аммаҳоям як салом мекарданду сари дастархони занҳо наменишастанд, аммо ин ҳама бо омадани Вера аз байн мерафт. Падарам ҷавонмарди қоматбаланд, гӯштингиру човандоз ва хеле дарёдил буданд, ҳар гоҳе сари чамбараки «Волга»-и ҳаворангашон нишаста, аз кӯчаҳои деҳ мегузаштанд, дилам лабрези ифтихор мегашт. Аммо Вера фикри дигар дошт, “Саид ту болои асп ба паҳлавонони афсонаҳо мондандӣ” мегуфт нигоҳашро аз модарам гурезонда. Модари коркуштаамро кай парвои он буд, ки зани бегонае ба шавҳараш лутф мекунад, ғами ӯ болаззатар омадани пухтупазҳояш буд. Падарам аспи самандашро савор мешуду «армони» Вераро мешикаст. Ёд дорам, боре мо ҳама сари ғарами помидор машғули реза кардан будем, аз кӯча садои мошин омад. Модарам аз ҷо баланд шуд то дарвозаро кушояд, ҳамин вақт Вера гуфт:
-Нигор, шин, ин садои мошини Саид нест.
Он вақт дигар хел фикр мекардам, ки ин қадар «офат» аст Вера, ҳатто садои мошини падарамро мешиносад, ҳоло андешаҳоям дигар аст…
Падарам парторги колхоз буданд (он вақтҳо ҳамин хел як вазифа буд) ва хеле серкор, Вера дар хунукиҳо мегардӣгӯён, жемперҳои зебое мебофт ва падарам бо хурсандӣонро ба бар мекард. Боре магазинчии қишлоқамон Вераро барои он ки кӯдакашро сӯзандорӯ задаасту ҷойи он варам кардааст, ҳақоратҳои қабеҳ додааст. Ӯ назди падарам зор-зор гириста, арз кард:
-Охир, ин сӯзандору ҳамин хел хусусият дорад, агар дар ҷисми кӯдак хунукӣбошад, варам мекунад.
Падарам дар мошинаш нишасту Мирзочаро (барои қади кӯтоҳаш ба номи магазинчӣпасванди ча-ро илова карда буданд) ба хонаамон овард, ӯ аз Вера бахшиш пурсид. Падарам пушту паноҳи Вера буд…
Марги нобаҳангом
Солҳои ноороми навад, Вера бо духтари қадрасаш тарки Тоҷикистон кард, як ҳафтаи тайёрӣба сафараш падарам мудом бо ӯ буд, ӯро ба қатора шинонда равон карду баъд ба хотири ҷамъ ба хона баргашт. Модари бечораам дар ин як ҳафта хобу хӯрро гум карда буд, ки Худованд падарат сиҳату саломат ба хона биёяд. Падарам чизеро гум кардагӣбарин, малулу хафа мегашт, то он даме, ки Вера аз расидан ба ҷою маконаш хабар надод. Баъд оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга заду ҳама бо дарду ғами худ, Вера ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Соли наваду дуи асри пор падарам ба дарди бедавое печида, дар синни панҷову се оламро падруд гуфт. Вера ба як рафиқи падарам, акаи Соҳибназар, ки директори мактаб буду дар хонааш телефон дошт, занг мезаду авҳол мепурсид. Мо ҳамин қадар медонистем, ки ӯ дар яке аз шаҳрҳои атрофи Маскав зиндагӣмекунад. Баъди марги падарам додари калониям ба Донишгоҳи кишоварзӣдохил шуд, вале баъди хатми он кор накарда, ба Маскав мардикорӣрафт, оташи ҷанг хомӯш шуда бошад ҳам, зиндагӣ душвор буд. Зеро аз фарзандони падар як ман хонадор будам, ки ҳамсарамро куштанду ба назди модарам баргаштам. Акнун зиндагии ману ду фарзанди ятимам, ду хоҳару як додари дигарам бар дӯши додараки бечораам буд. Ман дар мактаби деҳа муаллима будаму маош намегирифтем, ба ҷойи маош гандум, пиёз, картошка медоданд. Мо ҳама аз хурдӣба меҳнат кардан одат карда будему он қадар камбағалӣнамекашидем, аммо додарам ба гапи мо гӯш надода, мардикор шуд, дар дасташ суроғаи Вераро дошту халос…
Ишқи русӣ
Ҳикматест, ки Худованд кори ятимро худаш рост мекунад, дар Маскав корҳои додарам омад карданду танҳо баъди як сол ба ҷустуҷуйи Вера меравад. Вақте Вера Тоҷикистонро тарк кард, додарам бачаи мактабхон буд. Чун хонаи Вераро ёфта меравад, ӯ пояшро шикаста, бистарӣбудааст. Домодаш додарамро назди ӯ дароварда, мегӯяд, ки “модар, аз Тоҷикистон суроғатон омадаанд”. Вера додарамро дидан замон мегӯяд, “Баҳром, ту ин қадар ба Саид монанд шудаӣ…”
Мо ҳама ҳайрон мешудем, ки чаро Лена мисли модараш сап-сафеду чашмкабуд неву сабзинаи кокулсиёҳ аст, ба мо монанд буд. Чун ба модарамон ин муқоисаамонро мегуфтем, бепарво мегуфт, ҳамроҳи шумо гашта, ранги шумо шудааст. Аммо дар ҳамон сафар Вера ба додарам мегӯяд, ки Лена хоҳари шумост, ман падаратонро зиёд дӯст медоштам. Мо дар маркази вилоят шинос шудем ва баъди тавлиди Лена падарат маро ба ноҳияи худатон овард, оҳиста-оҳиста модаратро низ дӯст доштам. Медидам, ки модарат қурбонии хонаву дару шавҳар аст, кори мардонаву занонаи хона дар гарданаш, дилам сӯхт ва ин сирро ба касе нагуфтам. Ба Лена ҳам рӯзи тӯяш гуфтам, ки ту тоҷикӣва падарат Саид буд, духтарам бо гиря гуфт, ки ман медонистам. Аз меҳрубониву ҳадяҳояш медонистам, ки амаки Саид падарам аст. Падарам ба ману хоҳаронам занҷираҳои тиллое тӯҳфа намуда буд, ки кулонаш моҳича буд, ҳоло ҳар кадомамон онро чун як чизи азизу муқаддас нигоҳ медорем. Баҳром мегӯяд, ки барои Лена низ падарам аз он занҷира харида будааст…
Баҳром ду рӯз дар хонаи Лена монда, бо ҷиянҳоямон Саиду Надя ошно шудааст. Вера Баҳромро қасам додааст, ки ин сирро ба модарам нагӯяд, аммо Баҳром аз дили сафеди модарам огаҳ буду омадан замон бо шодмонӣинро нақл кард. Модарам хафа шуд, ду рӯз бо сурати падарам, ки дар меҳмонхона овезон аст «ҷанг» кард, вале…
Хоҳари «урус»-ии мо
Баъди чанд рӯз ба Баҳром гуфт, ки ин дафъа рафтӣ, албатта Вера ва Ленаро биёр. Чун Баҳром ин хоҳиши модарамро телефонӣба Лена расонд, ӯ баъди ду моҳ, моҳи марти соли 2000-ум меҳмони мо шуд. Модарам барои ӯ ва фарзандонаш пойандоз андохт, гов кушта, тӯй додем. Лена чун себи дукафон ба хоҳарам монанд буд, ҳатто духтару писараш ҳам ба фарзандони мо монанданд. Ҳамин тавр, робитаи мо бо хоҳари «урус»-иямон оғоз шуд, охирин бор се сол пеш ӯ бо ҳамсараш меҳмони мо шуд. Аммо Вера, ки акнун ба ҳафтод қадам мениҳад, наомад, гуфтааст, ки “аз Нигор шарм медорам, Баҳром паймони маро шикастӣ, мисли падарат набудаӣ…”
Модарам бо шӯхӣ мегӯяд, ки «Рӯйи изокашм лахча аку»…Чун аз модарам мепурсам, ки наход ягон бор падарамро бо Вера рашк накардед, ӯ нигоҳашро ба дуриҳо дӯхта мегӯяд:
-Ба ман чанд кас хабар меоварданд, ки ин беваи «урус» бебало нест. Шавҳаратро шабҳо низ дар хонаи ӯ мебинем, аммо ман ба падаратон бовар мекардам. Ленаро баробари шумо дӯст доштанашро аз дилсӯзияш медонистам.
Ёд дорам, баъди рафтани Вера падарам баъзан карамшӯрбои «урусӣ» ё тушбера фармоиш медоду пас аз хӯрдан мегуфт, кори Вера дигар буд. Мо бо Лена доим дар тамосем, хоса додаронам, Вера соли гузашта аз олам гузашт. Додаронам кайҳост, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд, вале Баҳром ба ҳама карантину хонагиреҳиҳо нигоҳ накарда, ба таъзия рафт. Як хоҳарам шаҳрвандии ин кишвари бузургро дорад ва ҳамроҳи оилааш дар Питер зиндагӣ мекунад. Рафту омади ӯ бо апаи «уруси»-яш хеле қавӣ аст. Мақсади ман аз нақли ин қисса сари таъзим фуруд овардан ба пеши пойи зане буд, ки умрашро зери сояи эҳсоси бузурге чун ишқ сипарӣ кардааст.
Ифтихор мекунам, ки ин эҳсос ба падари ман рабт дошт, яъне ӯ ҷавонмарди арзандаю сазоворе будааст…
Лола