arzon replenishment
ИШҚИ БЕҶАВОБ Қисми 1
1655

Ҳисобу китобамро ба охир расонидаму ба коргарон баъзе супоришҳоро додаву дари офисамро қуфл зада, қаҳваи хушбӯи бразилӣ омода кардам. Финҷони қаҳва дар дастам назди тиреза рафтам, аз ошёнаи шонздаҳум ба поён нигаристам, мардум ҳар кадоме шитоб доштанд. Яке ба хонааш, дигаре ба иҷорахонааш ва дигаре намедонам ба куҷо, баъди анҷоми рӯзи корӣ қаҳва нӯшидану соате ба такопуи мардуми берун андешаманд нигоҳ кардан, барои ман кайҳост, ки одат шудааст.

Ман ҳам шитоб дорам ба хонаам, ки он ҷо маро ҳамсарам зану фарзандони писари ягонаам, ки дар хориҷа ширкати тиҷоратии маро намояндагӣ мекунад, интизоранд. Зану фарзандонаш гоҳ бо падаранду гоҳ бо мо, писаронаш яке дар синфи ҳафт, дигарӣ синфи чорум мехонанд. Санҷару Самар маънии ҳаёти беранги ман ҳастанд.

Ҳайрон нашавед, ман бо ҳама давлату сарват ва дороӣ хеле танҳоям, ҳамсарамро бо ошиқӣ гирифтам, агар бигӯям, ки ҳаргиз хиёнаташ накардаам, на шумо бовар мекунеду на ӯ. Ҳаётам, зиндагиям, буду набудамро ба ӯ ва фарзандонам бахшидаам, духтарам бо ҳамсараш дар Амрико зиндагӣ мекунад. Ҳамон ҷо хонду ҳамсари ҳаётияшро, ки аз тоҷикони Самарқанд аст, ҳамон ҷо пайдо кард ва хонадор шуд. Домодам ҷавонмарди хубест, чун писарам дӯсташ медорам. Аммо занам…

Марде, ки занашро ғайбат мекунад, аз оини ҷавонмардӣ бӯе набурдааст, аммо ҳамсари ман Бунафшае, ки замоне ошиқу шайдояш будам, маро харгиз намефаҳмад. Ӯ ошиқи чизу чора, дугонабоз, колопараст аст, бо ин ҳама маро ҳамеша ба хиёнат айбдор мекунад. Келинам духтараки хубест, дар чанд моҳе, ки бо мо аст бо ман мисли падараш муносибат мекунад.

Бунафша аз оилаи камбағале буд, падари ман дар ҳамон аёми шӯравӣ аз ашрофзодагони давр ба шумор мерафт ва ҳаргиз ба ин издивоҷ розӣ набуд. Вале модарам ба хотири ман- писари ягонааш, ба хонаи онҳо хостгорӣ рафт. Падарам ҳам дигар чизе нагуфт, танҳо баъд аз сар рафтани волидонам фаҳмидам, ки чӣ хатое кардам, аммо Бузургмеҳру Фарронаро аз ҷонам зиёд дӯст медоштаму ҳаргиз ба модари эшон ҷабрро раво дидан намехостам. Боридани барфро дӯст медорам ва омадани барфи лаклакӣ буд ё қаҳваи талхи хушбӯй, ки рӯҳияам дигар шуд ва хостам азизонамро хурсанд кунам. Рост ба мағозаи тиллофурӯшӣ рафтам, барои ҳамсарам ангуштарин ва барои келинам гӯшвораи алмосӣ харидам, шириниву дастаи гулро низ фаромӯш накардам. Барои Санҷару Самар низ тӯҳфа гирифтаму бо табъи болида роҳи ҳавлиро пеш гирифтам, аммо…

Дарвозаи худкор кушода шуду маро набераҳоям бо шӯру шааф пешвоз гирифтанд, ба хона даромадан замон ба димоғам бӯи манту зад. Келинам “биёед додоҷон” гӯён, бо хушӣ истиқболам кард, медонистам, ки Бунафша дар хонаи хобаш сериоли туркӣ мебинад ва он ҷо рафтам. “Салом занакҷон” гуфтам бо тантана ва аз кисаи костюмам қуттичаи махмалини сурхро, ки дохилаш ангуштарини қимматбаҳо мехобид, гирифта ба ӯ дароз кардам. Ӯ ба ҷои ташаккур “ин чӣ қиллиқ” гӯён, қуттичаро ҳатто накушода, ба як гӯшаи миз гузошт, дилам сип-сиёҳ шуд. Барои боз ҳам сиёҳтар нашудани он аз хона баромадаму тӯҳфаи келинро додам, ӯ “додоҷон ҳазор раҳмат” гӯён, хурсандӣ кард ва мо сари миз нишастем. Манту хунук шуду Бунафша аз хонааш набаромад, асабам вайрон шуду наздаш даромада гуфтам:

-Ҳой шоҳбону, агар мумкин бошад, як сари дастурхон мебаромадед! Ӯ бо ҳайрат ба ман нигариста фарёд зад:

-Аз кай боз бе ман хӯрок аз гулӯят намегузаштагӣ шудааст? Ё имшаб беваат дар хонааш роҳат надод?! Тӯҳфаатро арзонак гуфта, писанд накард?! Ман шумо мардҳоро медонам, як суматон ду ки шуд, ана занбозӣ!

Хун ба сарам зад, дигар ба касеву чизе нигоҳ накарда, ба мошин нишастаму намедонам чанд давр гирди шаҳр чарх задам! То он даме, ки дар сари роҳ занеро дидам, ки ба ҳар таксии мегузашта даст мебардошт, вале онҳо намеистоданд. Ман намедонистам, зан ҷавон аст ё пир, чӣ мушкил дорад ва мошинамро наздаш доштам, ӯ ҳатто ба сӯям нигоҳ накард, вақте аз мошин фаромадаму ӯро ба нишастан таклиф кардам гуфт:

давом дорад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД