Arzon march 2024
Ишқи Барфак Қисми 2
2525

Барфак

Тағоят бою бадавлат аст ва албатта дар зодрӯзи духтараш бойдухтарҳо ҷамъ мешаванд. «Бо ин либосҳои оддиат равӣ, ҳама ба ҳолат механданд. Беҳтараш костюми барфаки дар базми солинавӣ пӯшидаатро пӯшида рав»,- маслиҳат дод аммаам.

Хурсанд шуда либоси афсонавии Барфакро пӯшидаму гулдастаи калону туҳфаи зебое гирифта ба хонаи тағоям ба табрики Гулрӯ рафтам.

Ҳама бо чашми ҳайрат ба ман менигаристанд, ҳатто тағоям, зеро интизор набуданд, ки маро бо чунин либос мебинанд.

Дар либоси Барфак ман аз ҳама бойдухтарҳо зеботар шуда будам.

Дертар Бобои Барфӣ ба табрики Гулрӯ омад. Духтари тағоям Бобои Барфиро бо табассум пешвоз гирифта, беҳтарин нозу неъматҳоро наздаш мегузошт.

Ҳама меҳмонон шоду хурсанд буданд ва гоҳ барои Гулрӯю гоҳ ба шарафи Соли нав нӯшбод мегуфтанд, танҳо Бобои Барфӣ ду чашмашро аз ман намеканд. Вақте ки ҳама меҳмонон ба рақс даромаданд, Бобои Барфӣ оҳиста дар бехи гӯшам пичиррос зада кӣ будани маро пурсид.

-Духтари тағои Гулрӯ, Фаришта,- посух додам ман ҳам пичирросзанон -Аҷиб! Ман туро бори аввал мебинам,- гуфт Бобои Барфӣ.

-Баъди марги модарам риштаи хешу табории мо канда шуда буд. Пас аз чандин сол боз ёди ҳамдигар кардем,- фаҳмондам ба ӯ ва номашро пурсидам.

Бобои Барфӣ ошиқи духтари тағоям Гулрӯ-Фарид будааст. Саргарми суҳбат шуда чӣ тавр фаромадани торикиро нафаҳмида мондам.

 

Дар оғӯши Бобои Барфӣ

«Ман бояд зудтар ба хона равам. Падарам маро интизор аст»- гӯён, майли рафтан намудам. «Берун аллакай торик шудааст. Ман туро бо мошин ба хонаатон бурда мемонам»,- пешниҳод кард Фарид.

Гуфтам, ки ташвиш накашад, мошин бисёр аст, худам меравам, вале Бобои Барфӣ «Фаришта, шаб шудааст, мабодо ягон кас туро надуздад» гӯён, якравӣ кард. Гулрӯ аз рафтори ошиқаш чунон ба ғазаб омад, ки ҳатто бо ман хайрухуш накард.

Раҳораҳ Фарид аз Гулрӯ шикоят карда гуфт, ки ӯро дӯст намедорад, вале ин духтар молу сарваташро дида, мисли ширеш ба вай часпидааст.

Бобои Барфӣ ҳусну ҷамоли маро таъриф мекарду тарс вуҷуди маро фаро мегирифт. Оҳиста –оҳиста Фарид дастонашро болои дастонам гузошта, дастамро сахт фишурд. Рангам тамоман канда гуфтам:

-Шумо чӣ кор мекунед?

Фарид дастамро оҳиста бӯсида пичирросзанон ҷавоб дод:

-Аз нигоҳи аввал ошиқи шайдоят гаштам. Ту барин зебосанамро дер боз орзу доштам. Худо хоҳад, орзуҳоям дар Соли нав амалӣ мешаванд!

Сару рӯи Бобои Барфиро канда, доду фарёд бардоштам, таҳдид намудам, ки худамро мекушам. Фарид илтиҷо мекард, ки ин корро накунам...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД