Ману хоҳарам, ду тифлаки зебои ҷингиламӯ аз модар ятим мондаем. Падарам модарамро хело дӯст медошт, аз ҳамин хотир баъди сари ӯ дигар зан нагирифт.
Ҳар гоҳ ӯро гум кунем, ҳатман аз мазори модарам пайдо мекардем, дар сари гӯри ҳамсари ҷавонмаргаш нишаста бо чашмони пуроб дарди дилашро мегуфт падари бечораам. Аммаи хурдиам бо сабаби бефарзандӣ аз шавҳар ҷудо шуда бо мо зиндагӣ мекард ва ману хоҳаракамро мисли модар тарбият менамуд. Намегузошт, ки бемодариамонро ҳис кунем. Тағоям, ки хеле марди шуҳратманд буд, ба марги модарам падарамро гунаҳгор дониста, баъди сари хоҳараш пою қадамашро аз хонаи мо канд. Ақаллан хотири арвоҳи фарзанди падараш мо, ятимаконро суроғ накард. Дигар хешовандони модарам риштаи хешу табориро аз оилаи мо канда буданд.
Солҳо турнасон мегузаштанду ману хоҳарам, ки мисли як себи дукафон ба ҳамдигар монанд будем, бузургу зебо мешудем.
Дар соли охири таҳсил рӯзе ҳамроҳи дугонаҳоям маслиҳат кардем, ки дар арафаи Соли нав ба тамошои шаҳр меравем. Барои иҷозат гирифтан ба назди аммаам даромадам. Он кас розӣ шуданд.
Одам ба одам мерасад
Он рӯз дар шаҳр бо духтарони тағоям вохӯрда, гарм аҳволпурсӣ кардам. Онҳо аз ман ба куллӣ фарқ доштанд. Дар тан либосҳои аврупоӣ хеле зебою мағрур буданд. Духтари калонии тағоям Гулрӯ шаби Соли нав зодрӯз дошт ва маро ба хонаашон таклиф карда гуфт: «Ман як ҷавони сарватмандро дӯст медорам. Мо ба наздикӣ бо Фарид хонадор мешавем. Дар зодрӯзам биё, язнаатро мебинӣ»
Гулрӯ ба сӯйи ман чашмак зад ва ман ҳам хандида ваъда додам, ки ҳатман ба табрикаш меравам.
Бо духтарҳои тағоям хайрухуш намуда ба хона омадам ва воқеаро ба аммаам нақл кардам. Сар ҷумбонда гуфт: «Хешонат туро агар дӯст медоштанд, ягон бор суроғ мекарданд. Фаришта, он ҷо ҷои ту нест! Тағоят падаратро чашми дидан надорад. Дадаат аздусар иҷозат намедиҳад, ки равӣ!»
Аз аммаам илтиҷо мекардам, ки ба хотири раҳматии модарам розӣ шаванд. Ниҳоят аммаам сар фароварда ба назди падарам даромад ва бо азобе ӯро розӣ кунонд.
Давом дорад.